Рӯзи ҷаҳонии «гумшуда»-ҳо бисёриҳоро ба ёди тифлон Маликаву Сабина Араловаҳо андохт.
Ин ду тифл, амакбачаҳои панҷ ва чорунимсолаи шаҳри Душанбе 25 март аз назди манзили худ ғайб заданд ва то ҳанӯз касе гуфта наметавонад, ки онҳо дар куҷоянд. Улуғбек Аралов, падари яке аз ин тифлон рӯзи 30-юми август дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, аз нопадид шудани ҷигарбандаш панҷ моҳ гузашт, аммо ҳанӯз хурдтарин хабаре ҳам нест. Бо вуҷуди ин Аралов бар ин бовар аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба пайдо намудани Малика ва Сабина талош доранд. Аммо вай дар посух ба суоли он ки дигар дар кӯчаҳои Душанбе эълони гумшудани духтарчаи ӯ ба чашм намерасад, гуфт: «Ҳар рӯз бо мақомот дар тамосем. Шояд сокинон фикр мекунанд, ки онҳо пайдо шуданд ва ба ҳамин хотир дигар ҳама хомӯшанд. Ростӣ, намедонам».
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттиллои расмии Вазорати корҳои дохилии кишвар дар шаш моҳи гузаштаи соли ҷорӣ 95 ноболиғ гум ва 81 нафари онҳо пайдо шудаанд. Ҳарчанд, гум шудани ин ду кӯдак дар Тоҷикистон мавзӯи доғ аст, аммо мавридҳои бедарак шудани фарзандони мардуми Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар низ кам нестанд.
Мавлуда Кенҷаева, сокини 55-солаи шаҳри Душанбе аз ҷумлаи онҳоест, ки се сол боз Алишер Бердиев - писари бедаракшудаи худро мекобад. Ин модари чашм ба роҳи фарзанд мегӯяд, писараш соли 2010 ба Русия рафт ва то ҳол аз ӯ хабаре нест. Ӯ мегӯяд, ҳама талошро кардааст, аммо то кунун аз мақомоти дахлдор дар бораи писараш ҳеҷ посухе нагирифтааст. Ин модар мегӯяд, маротибаи охир рузи 31-уми декабри соли 2010 бо писараш тавассути телефон сӯҳбат кард ва бо ҳамин дигар садои писарашро нашунид.
Хонум Кенҷаева афзуд: «Камол Акрамов гуфтанӣ як нафар гӯё дар ширкати «Тоҷикавиатур» кор мекардааст, писарамро барои кор дар Иркутски Русия бо ваъдаи 24 ҳазор рубл маош гирифта бурд. Вақте, ки писарам дигар ба мо занг назад, ман ба ҷустуҷӯи писарам баромадам. Омадам ба ширкате, ки писарамро барои кор бурда буд. Аммо нафаре, ки писари маро барои кор ба Русия равон кард, таҳдидам кард. Гуфт, ки «ту худоро шукр кун, ки ман билетпулии писари туро нагирифтам». Ҳозир намедонам, ки куҷо аст».
Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, писараш баъд аз хатми мактаби миёна ба хизмати ҳарбӣ рафт ва баъд аз он дар як ширкати туркӣ дар Душанбе ба ҳайси посбон кор мекарду забони туркиро хуб балад буд. Модари Алишер афзуд, барои пайдо кардани писараш ба прокуратура, вазорати корҳои дохилӣ ва хадамоти муҳоҷират муроҷиат кардааст. Хонум Кенҷаева ҳамчунин илова кард, ки Алишер писари калонии хонавода буд ва зиндагии онҳо низ аз ҳисоби даромади ӯ пеш мерафт:
«Писари дуюмам дар як сохтмон кор мекунад ва маоши ночиз мегирад, зеро маъюб буда чашмонаш хира ва як пояш мелангад. Ман илтимос мекунам, ки касе писари маро дидааст, ба ман хабар диҳад ва барои пайдо кардани ӯ кӯмак кунанд. Лекин дар назди қонун нафароне, ки писари маро бурданду дигар намедонам куҷост, ҷавоб гӯянд. Маро ҳам фаҳмед. Ду чашмам дар роҳ аст, ки кай фарзандам омада аз дар медарояд, на шаб хоб дораму на рӯз. Чӣ ҳодисае, ки ба писари ман шудааст, ба ман гӯянд».
Модари Алишер Бердиев ҳамчунин бим дорад, ки писари ӯ тӯъмаи гурўҳҳои қочоқбару ҷинояткор гардида, ба дасти афроде афтодааст, ки дигар наметавонад ҳатто ба онҳо тамос гирад. Бо афзоиши муҳоҷирати корӣ ба Русия, шумори афроди беномунишоншуда ҳам афзоиш меёбад. Ба мисли Мавлуда Кенҷаева, модари Алишери бедаракшуда, занҳои чамшинтизори фарзанд ҳоло кам нестанд. Ва мақомот низ барои пайдо кардани бедаракшудаҳо талош мекунанд. Аммо ба бовари таҳлилгарон, хонаводаҳои нафарони бедаракшуда бидуни кӯмаки моливу маънавӣ мемонанд.
Баҳринисо Абдураҳмонова, раҳбари созмони ҷамъиятии "Диёр" дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо барномаи телевизионии "Жди меня"-и Русия барои ҷустуҷӯ ва бозгардондани муҳоҷирони гумгаштаи тоҷик талош мекунад. Хонуми Баҳриниссо гуфт, бар асоси оморе, ки дар дасти онҳост, феълан ҳудуди ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар бедарак шудаанд. Вай гуфт, танҳо дар кишвари Русия зиёда аз ҳазор муҳоҷир гум шудаву наздиконашон онҳоро ҷустуҷӯ доранд.
Вай гуфт, 78 шаҳрванди тоҷик дар Афғонистон бедарак шуданд ва ҳамаи онҳо афсари артиш буданд. Вай мегӯяд, сокинони бедаракшудаи Тоҷикистон дар Қазоқистону Покистон ва Олмону Фаронса низ ҳастанд. «Волидони гумшуда мебиёянд ва тавассути мо дархости худро ба телевизион мефиристанд. Баъдан маълумоти гумшудаҳоро ман аз хадамоти муҳоҷират мегирам, ки онҳо рӯйхатро ба ман пешниҳод мекунанд. Омори шахсони гумшуда дар гардиш аст ва наметавон гуфт, дақиқан чӣ қадар одамон гум шуданд. Вақте ки як нафар ба ман муроҷиат мекунад, ман ҳамон замон ба сомонаи барномаи телевизионии "Жди меня"-и Русия дар ин бора дархосте менависам».
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар вилояти Суғд тайи 20 соли охир 560 нафар ба Русия рафта гум шудаанд ва то ҳол аз онҳо хабаре нест. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи раҳбари созмони ҷамъиятии "Диёр", бештари нафарони гумшуда, ки дар Русия ҳастанд, беҳуҷҷат ва бепул мемонанд ва намедонанд, чӣ кор кунанд, ба ин хотир касе онҳоро пайдо карда наметавонад: «Ҳар ҳафта се-чор нафар барои пайдо кардани наздиконаш ба мо муроҷиат мекунанд. Ба наздикӣ як нафарро, ки дар Чеченистон бедарак шуда буд, пайдо кардем ва ба хонаводааш тамос гирифтем, то ӯро биёранд. Онҳо худашон пул пайдо карда ӯро ба Тоҷикистон оварданд».
Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, сину соли бедаракшудаҳо аз 17 то 45-сола буда 15 дарсадашонро занон ташкил медиҳанд. Хонум Абдураҳмонова дар ҳоле аз бедарак шудани бештар аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, ки намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия зимни як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, омори расмии гумшудаҳоро дар даст надорад. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи ин намояндагӣ дар Русия афзуд, ба онҳо арзу шикоятҳои хаттиву шифоҳии зиёд мерасад, аммо онҳоро ҷамъбандӣ накардаанд.