Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришгари СММ: "Хуб мебуд референдум баргузор нашавад"


Девид Кэй, гузоришгари вижаи СММ оид ба озодии андеша ва баён тавсия додааст, ки беҳтар аст раъйпурсии моҳи май дар Тоҷикистон баргузор нашавад, зеро он бидуни муколамаи зарурӣ сурат мегирад.

Девид Кэй, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба озодии андеша ва баён дар поёни сафари якҳафтаинаи худ ба Тоҷикистон, натиҷаҳои сафари худро тайи як нишасти хабарӣ, бо рӯзноманигорон дар миён гузошт.

Гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла, дар ин нишасти хабарӣ гуфт, назарпурсӣ ва ё референдуми ислоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон, ки қарор аст рӯзи 22 майи соли ҷорӣ баргузор шавад, бидуни муколамаи зарурӣ гузаронида мешавад ва назарҳои мухолиф ба ҳукумат, аслан шунида намешавад. Вай афзуд: “Чун ҳоло ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Васоити ахбори омма, инчунин ҳизбҳои мухолиф, ки қариб боқӣ намондаанд зери фишор қарор доранд, шафофияти баргузории референдум зери суол аст. Барои ҳамин, ман дар изҳороте, ки нашр шуд, ман баён кардам, ки бигзор ин райпурсӣ баргузор нашавад”.

Маҷлиси Намояндагон Тоҷикистон - 22 майи соли ҷориро рӯзи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ эълон кардааст. Дар рӯзи раъйпурсӣ ва ё реферундуми умумимиллӣ ба интихобкунандагон ба суоли "Оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Қонуни асосӣ қабул мекунед?" муроҷиат хоҳад шуд.

Бар асоси нусхаи ин тарҳ синни довталаб ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз 35 то 30 поин шудааст. Агарчӣ ин қонун роҳро барои ҷавон шудани шахси аввал боз мекунад, вале аксаран дар Тоҷикистон ба ин боваранд, ки ин қонун ба манфиати фарзандони элитаи ҳукмрон кор мекунад.

Инчунин, дар тарҳи пешниҳодӣ барои ислоҳи Сарқонуни Тоҷикистон синни номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон, Маҷлиси Миллӣ ва суди конститутсионӣ аз 30-солагӣ муқаррар гардида, таъсиси ҳизбҳои характери динидошта манъ гардидааст.

Гузоришгари СММ оид ба озодии андеша ва баён дар нишасти хабарии рӯзи 9-уми март ҳамчунин аз афзоиши маҳдудиятҳо ва фишор болои ҳизбҳои мухолиф, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Васоити ахбори омма дар Тоҷикистон нигаронӣ кард. Ӯ инчунин аз таҷрибаи маҳдуд кардани сомонаҳои интернетӣ ва ҳамчунин алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуд.

Ӯ аз ҷумла гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон дигарандешонро муҷозот мекунад ва дастрасӣ ба назароти мухталифро дар ВАО ва интернет маҳдуд месозад. Гузоришгари вижаи СММ аз таъқиб ва фишори аъзои ҲНИТ изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ӯ аз ҳукумат зимни ин сафараш дархост кард, то бо аъзои боздоштшудаи ин ҳизб мулоқот кунад, аммо мақомоти тоҷик ба ӯ иҷозаи чунин мулоқотро надодаанд.

Девид Кей рӯзи 3 март вориди Тоҷикистон шуд ва давоми як ҳафта бо мақомоти кишвар, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва ВАО, инчунин хешовандони адвокатҳои боздоштшуда мулоқот кард.

XS
SM
MD
LG