Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Алмаз Сайфиддинов, иқтисоддони тоҷик дар Амрико


Алмаз Сайфиддинов
Алмаз Сайфиддинов

Алмаз Сайфиддинов, шореҳи иқтисодӣ ва роҳбари пешини "Бунёди Сорос" дар Тоҷикистон, дар Амрико даргузаштааст. Ӯ дар моҳи августи соли ҷорӣ муқими Амрико шуда буд.

Шахсони наздик ба хонаводаи Алмаз Сайфиддинов рӯзи 24-уми октябр ба Радиои Озодӣ хабари маргашро тасдиқ карданд. Сабаби марги ӯ то ҳол маълум нест.

Алмаз Сайфиддинов аз ҷумлаи равшанфикроне буд, ки назари худро дар мавзуъҳои иқтисодӣ ва мушкили ҷомеа баён мекард.

Чанд соли охир дар "Фейсбук" саҳифаеро бо номи “Хабарҳои иқтисодии Тоҷикистон” роҳандозӣ карда буд ва ҳар навигарии иқтисодӣ ва андешаву таҳлилҳои худро он ҷо нашр мекард.

Дар гузашта ёвари сухангӯйи сафорати Амрико дар Тоҷикистон буд.

Солҳои 2016-2021 раҳбарии шӯрои Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

XS
SM
MD
LG