“Парламентская газета” – нашрияи Думаи давлатии Русия мегӯяд, ин хабар рӯзи 1 ноябр дар портали санадҳои меъёрӣ нашр шудааст. Бино ба ин пешниҳод, барои супурдани имтиҳони забони русӣ аз хориҷиҳо бо ҳадафи гирифтани шаҳрвандии Русия 2950 рубл талаб мешавад. Таъини йни ҳамин нарх барои супурдани имтиҳони таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории ин кишвар ҳам пешниҳод шудааст.
Барои онҳое, ки мехоҳанд иҷозаи зисти муваққатӣ бигиранд, нархи имтиҳони забони русӣ ё таъриху қонунгузории Русия 5900 рубл мешавад. Барои иҷозаи кор ё гирифтани патенти кор 3800 рубл барои як имтиҳон таъин шудааст.
Аз ин ҳисоб, ба навиштаи нашрия, маоши ходимони полис боло бурда мешавад. Тарҳи қарор дар бораи таъини нархномаи имтиҳонҳо барои муҳоҷирон то 7 ноябр бояд мавриди санҷишу омӯзиши қарор дода шавад ва иҷрояш ҳамзамон бо қонуни “Мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия” ба роҳ монда мешавад.
Бар асоси қарорҳои ахири Думаи давлатии Русия, қабули имтиҳон аз муҳоҷирон ба миёнаравҳо ё ширкатҳои алоҳида манъ карда шудааст.
Акнун дар ҳар минтақаи Русия як донишгоҳ вазифадор мешавад, ки аз муҳоҷирон имтиҳон гирад.
Баъд аз ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав, санҷишу тафтиши муҳоҷирон ва тартиби гирифтани имтиҳон аз онҳо сахтар шудааст.