Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ним сол ба Тоҷикистон 180 тобут овардаанд


Дар шаш моҳи аввали имсол ҷасади қариб 180 шаҳрванди Тоҷикистонро тариқи ҳавопаймо аз Русия ба ватан овардаанд. Ин омор 24-уми июл дар нишасти Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон садо дод.

Шумораи тобутҳое, ки аз роҳи заминӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд, маълум нест.

Ба қавли масъулини Оҷонсии ҳавонавардӣ, интиқоли ҷасадҳо аз хориҷа ба Тоҷикистон назар ба соли гузашта камтар шудааст.

Соли 2023 ба Тоҷикистон ҳудуди 850 тобут оварданд.

Ҳар сол то ҳазор тобути муҳоҷирон ба Ватан оварда мешавад. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф дар сохтмон гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG