Хабаргузории Франс-Пресс (AFP) иттилоъ дода, ки дар миёни фавтидаҳо 658 мисрӣ, 68 ҳиндустонӣ, 60 урдунӣ, 35 покистонӣ, 35 тунисӣ ва 3 тоҷикистонӣ низ ҳастанд.
Хабаргузории русии ТАСС навишта, ки дар мавсими ҳаҷҷи имсола 5 нафар аз Русия ҳам ҷон бохтаанд.
Ба иттилои AFP, бештари фавтидаҳо зоирони ғайриқонунӣ ҳастанд, ки ба ёрии тиббӣ ва имтиёзҳои дигар дастрасӣ надоранд.
Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ ба зоирон тавсия додааст, ки дар рӯзҳои мавсими ҳаҷ зери офтоб наистанд ва бештар об нӯшанд. Аммо зоирон ҳангоми тавофи хонаи Каъба ва баромадан ба куҳи Арафот маҷбур ҳастанд, ки зери офтоб бошанд.
Имсол беш аз 1,8 миллион мусулмон аз гӯшаҳои ҷаҳон барои адои маросими ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ рафтаанд.
Маросими имсолаи ҳаҷ рӯзи 14-уми июн оғоз шуд. Тақрибан 7 ҳазор нафар аз Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ иҷозат доранд.