Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Доғистони Русия чӣ гузашт?


Доғистони Русия
Доғистони Русия

Дар чанд ҳамлаи ҷудогонаи афроди мусаллаҳ ба ду калисои насронӣ, канисои яҳудӣ ва пойгоҳҳои полис дар шаҳрҳои Дарбанд ва Махачқалъаи ҷумҳурии Доғистони Русия, 19 нафар , аз ҷумла 15 афсари полис ва 4 сокини оддӣ кушта шудааст.

Ҳодиса шоми 23-юми июн ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба қавли муфаттишони Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ҳамлаҳо 16 каси дигар ҷароҳат бардошта, ба шифохонаҳо интиқол ёфтааст.

Таҳқиқи ҳодиса аз рӯи моддаҳои "ҳамлаи террористӣ", "нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ" ва "рабудани аслиҳа" ҷараён дорад.

Раҳбари Доғистон Сергей Меликов дар шабакаи "Телеграм" хотирнишон кард, ки яке аз қурбониҳо роҳиби калисои ортодокси насронии шаҳри Дарбанд, Николайи 66-сола, будааст, ки 40 сол инҷониб дар ин ҷумҳурии Қафқози шимолӣ кору зиндагӣ мекард.

"Амалиёти оператививу ҷустуҷӯйии масъулони ин ҷиноят ва шохаҳои "хобида"-и ин шабака, ки аз ҷумла дар хориҷи кишвар барои ҳамла омодагӣ гирифтаанд, идома мекунад. Мехоҳам аз шумо, мардуми Доғистон ва меҳмонони ҷумҳурӣ, дархост намоям, ки оромиро ҳифз кунед. Вазъият зери назари ниҳодҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот қарор дорад,"-гуфт Сергей Меликов, раҳбари ҷумҳурии Доғистони Русия.

Ба гуфти Меликов, шаш силоҳбадасти масъули ҳамлаҳо низ кушта шудааст.

Кумитаи зиддитеррори Русия эълон кард, ки амалиёт субҳи 24-уми июн хотима ёфт.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Ҳамлаҳои маргбор ба ибодатгоҳҳои насрониву яҳудии Доғистони Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

То замони нашри гузориш ҳеҷ касе ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш нагирифтааст.

Хабаргузории Интерфакси Русия навиштааст, ки се нафар аз силоҳбадастони маҳвгардида, ташхис шудаанд. Ду нафари онҳо писари раиси ноҳияи Сергоқалъа Магомед Умаров ва нафари сеюм- ҷияни ӯ будааст.

Феълан худи Умаров ҳам боздошт шудааст.

Ҳамла дар Доғистон се моҳ баъди ҳамлаи террористӣ ба "Крокус сити ҳол" дар вилояти Маскав рух дод.

Масъулияти ҳамлаи 22-юми мартро, ки беш аз 140 нафарро кушта бар ҷой гузошт, гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифт.

29-уми октябри соли гузашта бошад, дар фурудгоҳи Махачқалъаи Доғистон издиҳоми сокинони маҳаллӣ ба омадани мусофирон аз Исроил эътироз карданд. Ҷамъомад ба хушунат печида, эътирозгарон як муддат фурудгоҳро таҳти тасарруф дароварданд. Ягон нафар аз мусофирони парвози хатсайри Телавив-Махачқалъа осебе набардошт, вале бар асари бархӯрди эътирозгарон бо полис камаш 20 нафар ҷароҳат бардошт.

Кумитаи тафтишоти Русия 27 эътирозгарро ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва 400 иштирокчии дигарро ба ҷавобгарӣ маъмурӣ кашида буд.

XS
SM
MD
LG