Ба гузориши хабаргузории Ройтерс, ҳизби мухолифи либералҳо низ аз ин пешниҳод истиқбол кардаанд.
Феълан дар Австарлия низоми санҷишие амал мекунад, ки синну соли корбарони шабакаҳои иҷтимоиро месанҷад.
Нахуствазири Австарлия дар нишасти хабарӣ гуфтааст, аз ҳад зиёд истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон ва наврасон зарар дорад.
Тарҳи қонун ҳатто барои наврасоне, ки бо иҷозаи волидайн шабакаҳои иҷтимоиро истифода мебаранд, сабукӣ надодааст.
Дар сурати қабули ин қонун, истифодаи шабакаҳои иҷтимоии Instagram, Facebook, X ва TikTok барои наврасони то 16-сола дар Австарлия манъ мешавад.
Ширкати Digital Industry Group, ки аз манфиати ширкатҳои Meta, TikTok, X ва Google ҳимоят мекунад, ин тасмими ҳукумати Австарлияро танқид кардааст. Сунита Боз, роҳбари ин ширкат гуфтааст, ин маҳдудият наврасонро ба истифодаи сомонаҳои беназорат тела медиҳад.