Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҳам задани таҷлили Рӯзи Куруши Кабир дар Эрон


Оромгоҳи Куруши Кабир дар Посоргод
Оромгоҳи Куруши Кабир дар Посоргод

Мақомоти Эрон мегӯянд, аз ташкили ғайриқонунии ҷамъомад дар наздикии мақбараи Куруши Кабир нахустин шоҳи Эрони бостон ва бунёдгузори Императории Ҳахоманишиҳо пешгирӣ карданд. Эрониҳо ҳар сол рӯзи 29-уми октябр дар шаҳри Посоргод дар вилояти Форс ҷамъ меоянд, то иди ғайрирасмии Рӯзи Курушро таҷлил кунанд.

Соли гузашта даҳҳо нафар баъди ҷамъомади чандҳазор нафарӣ дар назди оромгоҳи Куруши Кабир дастгир шуданд ва баъзеро барои ҳузур дар таҷлили Рӯзи Куруш ба зиндон маҳкум карданд. Дар он рӯз гурӯҳе аз ҷамъомадагон чунин шиор сар медоданд: "Куруши ориёӣ, таваллудат муборак", ва "Эрон ватани мост, Куруш падари мост".

Мизон Онлайн, хабаргузорие, ки дар бораи масоили додгоҳу қонун гузориш медиҳад, рӯзи 29-уми октябр навишт, ки вазорати иттилооти Эрон, барномаҳо барои таҷаммӯъ дар назди мақбараи Куруши Кабирро “ташхис ва хароб кардааст”.

Мардуми Эронзамин эътиқод доранд, ки аввалин эъломияи ҳуқуқи башар аз сӯи Куруши Кабир навишта шудааст
Мардуми Эронзамин эътиқод доранд, ки аввалин эъломияи ҳуқуқи башар аз сӯи Куруши Кабир навишта шудааст

Зоҳиран имсол мақомоти Эрон чораҳое ҳам андешидаанд, то нагузоранд, ки мардум дар атрофи мақбара ҷамъ биёянд. Видеоҳое, ки дар Интернет нашр кардаанд, нишон медиҳанд, ки дар атрофи оромгоҳи Куруши Кабир, сад кашидаанд ва роҳҳо ба самти онро бастаанд.

Аз соли 1979, аз замони Инқилоби Исломии Эрон, рӯҳониёни ҳоким дар ин кишвар саъй кардаанд, то арзишҳои қабл аз ислом дар Эронро беаҳамият нишон бидиҳанд ва ба арзишҳои исломиро бештар эҳтиром бигузоранд.

Солҳои пеш дар Эрон теъдоде аз мардум пешниҳод карданд, ки рӯзи ҳафтуми моҳи обони солшумории ҳиҷрӣ-шамсӣ ҳамчун "Рӯзи Куруш" пазируфта шавад ва ин дархостро дар фазои маҷозӣ ҳазорон нафар имзо карданд. Яҳудиён ин рӯзро ба ёди Куруш гиромӣ медоранд ва ӯро ҳамчун "наҷотдиҳанда" ва "раҳоибахш"-и қавми худ меҳисобанд.

Бархе аз таърихнигорони мазҳабӣ дар Эрон ба ин боваранд, ки Зулқарнайн, ки дар Қуръони Карим ба унвони "фармонравое нексират" сутада шудааст, ҳамон Куруш - подшоҳи Эрон аст. Шуморе дигар аз муаррихони мазҳабӣ ин назарияро рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG