Сабқати дав ва дучархаронӣ ба хотири гиромидошти хотири сайёҳони кушташуда дар ноҳияи Данғара бо лаҳзаи хомӯшии ширкатдорон оғоз шуд.
Ман барои шод кардани рӯҳи сайёҳоне, ки кушта шуданд, ин ҷо омадам. Ҷаҳон бояд донад, ки мо, тоҷикистониён, ҳеҷ гоҳ қотил набудем
Ин сабқатро, ки рӯзи 11 август баргузор шуд, ширкати "Coca-Cola" дар мавзеи исироҳатии куҳии Cафеддара баргузор кард. Дар мусобиқаи дав ва дучархаронӣ аз наврасони 12-сола то солмандони 67-сола ширкат доштанд.
Ҳар як ширкатдор медонист, ки чаро барои ширкат дар ин маърака ҳозир шудааст. Қатли бераҳмонаи чор сайёҳи хориҷӣ ва маҷрӯҳ шудани се нафари дигар бисёриҳоро дар Тоҷикистон ваҳшатзада кард. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи «Давлати исломӣ» ба дӯш гирифт, мақомоти тоҷик гуфтанд, ки аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ зери пӯшиши ДИИШ даст ба ин кор заданд. Аксарият дар Тоҷикистон мегӯянд, ки чунин ҳодисаҳо хилоф бо арзишҳои ахлоқиву фарҳангии мардуми тоҷик аст, ки бо меҳмоннавозиаш маъруф аст.
Паёми кӯҳансолтарин ширкатдори мусобиқа ба ҷаҳон
Зафар Шарофов, ширкаткундаи 67-сола ва кӯҳансолатарини сабқати дучархаронӣ мегӯяд, ҳузури ӯ дар ин сабқат паёмест ба ҷаҳониён, ки нисбати мардуми тоҷик хушбин бошанд. Ӯ гуфт: «Бо ин мо ба халқи ҷаҳон муроҷиат карданием, ки халқи мо халқи меҳмондӯст аст, ин корҳои тасодуфие шуда гузашт, инҳо гузаро ҳастанд. Он дучархаронҳое, ки дар Тоҷикистон қурбон шуданд, онҳо ба инҷо бо нияти нек омода буданд».
Дар сабқати дучахаронҳо ва дав ҳамзамон бо варзишкорони маҳаллӣ, хориҷиёни дӯстодори дав ва дучархаронӣ ширкат доштанд. Онҳо аз баргузории чунин як сабқат ба хотири сайёҳони қурбоншуда истиқбол карданд. Ҷефф Райденауер, як ҳавохоҳи дучархаронӣ ва дипломати сафорати Амрико дар Душанбе мегӯяд:
«Албатта, ин як ҳодисаи даҳшатнок буд. Ҳодисаи ғамгин барои ҳама, на танҳо барои Тоҷикистон, ҳамчунон ба он кишварҳое, ки ҷабрдидаҳо аз он ҷо буданд. Лекин ин мусобиқа як чизи хуб аст, ки мо метавонем дар ин ҷо ташкил кунем, чизеро дигар кунем».
"Ҷалби ҷавонон ба варзиш - як роҳи муолиҷа аз ифротгароӣ"
Сабқати дав ва дучархаронӣ дар роҳи мушкили куҳии Сафеддара баргузор шуд, ҳатто теъдоде аз ширкаткунандагон то хатти марра нарасиданд. Тӯли сабқати дав 7,5 километр ва дучархаронӣ 6 километр ба баландии куҳ ҷараён гирифт. Дучархаронҳо дар баландии 2590 метр ба марра расиданд. Муҳаммадсаид Шарофов, ширкаткунандаи сабқати дучархаронҳо мегӯяд:
«Ман барои шод кардани рӯҳи сайёҳоне, ки кушта шуданд, ин ҷо омадам. Ҷаҳон бояд донад, ки мо, тоҷикистониён, ҳеҷ гоҳ қотил набудем».
Фирузҷон Мелимамадов, шикркаткунандаи диигари сабқат гуфт, дар шароити афзоиши ақидаҳои хатарнок ҷалби таваҷҷӯҳи ҷавонон ба варзиш ва велосипедронӣ кори хубе хоҳад буд.
Дар сабқати дучархаронҳо миёни мардон Марат Ҳикматуллоеви тоҷик ва миёни занҳо Никол Чении олмонӣ мақоми аввалро ба даст оварданд. Дар мусобиқаи давидан Меҳрангез Назарова ва Меҳрубон Шамсиддинов пирӯз шуданд. Ин мусобиқа идомаи маросимҳои варзишиву фарҳангӣ ба хотири гиромидошти қурбониёни ҳамлаи 29 июл дар шоҳроҳи Данғара ба гардишгарони хориҷӣ буд.