Хабарнигори Радиои Озодӣ аз маҳалли баргузории ин нишасти муштарак дар Бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар кори нишасти муштарак, вазирони корҳои хориҷӣ, дифоъ ва котибони шӯрои амнияти СПАД ширкат доранд.
Густариши ҳамкориҳои кишварҳои узви СПАД дар чорчӯби ин созмон, баррасии хатарҳои ҷаҳони муосир ва роҳҳои бурунрафт аз он, аз мавзӯоти матруҳаи нишасти муштараки шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, дифоъ ва дабирони шӯрои амнияти ОДКБ дар Душанбе унвон шудааст.
Тибқи барнома, нишасти муштараки шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, дифоъ ва дабирони шӯрои амнияти СПАД муддати як соат идома карда ва дар поёни он санадҳои лозима ба имзо мерасанд.
Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки ин нишаст қабл аз ҷаласаи сарони Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ доир мешавад, вазирони СПАД маҷмӯи масоили матрӯҳа дар нишасти саронро баррасӣ карда ва санадҳои лозимиро барои тасвиб ба раисони ҷумҳур омода мекунанд.
Пас аз нишасти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ, дифоъ ва дабирони шӯрои амнияти СПАД, саммити сарони ин созмон дар толори “Кохи Миллат”-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ба манзури ширкат дар ин нишаст, Владимир Путин, Александр Лукашенко, Серж Саргсян, Нурсултон Назарбоев ва Алмазбек Атамбоев рӯзи гузашта ба Тоҷикистон омаданд.
Тибқи иттилооти расмӣ, дар нишасти сарони СПАД таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили марбут ба хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ – “Давлати Исломӣ” равона шуда, роҳҳои ҷилавгирӣ аз паёмадҳои номатлуби ин таҳдидҳо баҳсу баррасӣ хоҳад шуд.
Нишасти сарони СПАД зуҳри имрӯз бо тасвиби санадҳо ва изҳороти матбуотӣ бо ширкати хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ, ба поён мерасад.