Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи риққатбори бемористони кӯдаконаи Ҳалаб (ВИДЕО)


Шаҳри Ҳалаб, ки замоне пойтахти тиҷоратии Сурия буд, ҳоло ба маркази доғтарини ҷанге табдил шудааст, ки наздики шаш сол дар Сурия идома дорад.

Қисмати шарқии ин шаҳр, ки таҳти назорати мухолифон қарор дорад, дар муҳосираи нерӯҳои давлатӣ мебошад ва аз сӯи ҳавопаймоҳои ҷангӣ пайваста бамборон мешавад. Дар табақаҳои биноҳо ҳанӯз ҳам мардуми осоишта зиндагӣ мекунанд.

Тибқи маълумоти СММ, шумораи онҳо 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки наметавонанд шаҳрро тарк намоянд. Ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Русияву Сурия, ки беист идома дорад, амалан ин мардумро ба марг маҳкум мекунад.

Дар қисмати шарқии Сурия тақрибан ягон беморхона намондааст. Агар чанд моҳи пеш сокинони минтақаҳои мухолифи ҳукумат имкони тариқи Туркия берун омадан ва ҷон ба саломат бурданро доштанд, ҳоло ин қариб номумкин шудааст.

Пизишк Маҳмуд Мустафо, раҳбари яке аз гурӯҳҳои табибон аст, ки дар Ҳалаб кор мекунад, мегӯяд, ки ягона бемористони кӯдакона дар Ҳалаб се маротиба бомбаборон гардидааст ва табибон маҷбуранд, ки дар таҳхона кор кунанд.

Вай мегӯяд, ки танҳо дар ду моҳи ахир бемористони онҳоро се маротиба бомбаборон карданд: "Ин бемористони кӯдакона аст. Дар ин ҷо ягон сарбоз нест, ҳама атфоли бемор табобат мешавад. Ҳама аҳолии осоишта аст. Мефаҳмед, ҳоло мардум метарсанд, ки ба беморхона биёянд. Чунки маъмулан режимҳо маҳз беморхонаҳоро мавриди нишон қарор медиҳанд. Ҳоло мо дар зери замин фаъолиятамонро идома медиҳем ва кӯшиш мекунем зиндагии ин атфолро ҳифз намоем."

Ба гуфтаи Маҳмуд Мустафо, шаҳр пурра муҳосира ва масдуд шудааст ва ягон имконоти берун овардани захмиён вуҷуд надорад ва метавон гуфт, ки мардум мунтазири марги худ ҳастанд. Ин раҳбари гурӯҳи табибон мегӯяд, ки ҳоло дар минтақаи масдудшуда барои тақрибан 300 ҳазор аҳолии осоишта танҳо 30 пизишк хидмат мерасонад.

"Бист дарсади онҳоро кӯдакони то 5 сола ташкил медиҳад. Се рӯзи пеш навзоде, ки ба ҷарроҳи ниёз дошт фавтид. Чунки дар ин минтақа ҷарроҳ нест. Навзод бояд ҷарроҳӣ мешуд, аммо чун мо ин гуна имконро надоштем, баъд аз ду рӯзи таваллуд фавтид. Доруву давоҳое, ки мо дар ихтиёр дорем, танҳо барои ду ва ё се моҳи дигар мерасад",- мегӯяд ӯ.

Ин табиб ба ин назар аст, ки ҳамлаҳо аз сӯи нерӯҳои режим ба бемористон огоҳона сурат мегирад. Чунки онҳо намехоҳанд, ки дар ин минтақа мардуми осоишта бошанд: "Онҳо мехоҳанд, ки мардумро тарсонанд. Онҳо миёни сокинони осоишта ва дигарон фарқ намегузоранд ва ҳамаро бомбаборон мекунанд."

Вазъи риққатовари шифохонаи Ҳалаби Сурия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00

Раҳбари ин беморхонаи кӯдакона мегӯяд, се рӯз қабл ду метр дуртар аз бинои онҳо бомба инфиҷор кард. “Чун фаъолияти мо дар таҳхона аст хушбахтона ба ҳеҷ нафар аз пизишкон ва кӯдакон осеб нарасид. Ҳоло таҳти муроқибати мо 16 тифл қарор дорад. 8 нафарашон дар инкубатор аст. Тавре худи шумо ҳам мебинед, ҷойи мо хеле хатарнок аст. Пизишкон дар бемористон на танҳо кор, балки зиндагӣ мекунанд. ”

Ҳамаи ин ҳодисаҳо дар пасманзари айбдоркуниҳои мутақобила миёни аъзоёни раванди гуфтушунид сурат мегирад, ва зоҳиран касе то кунун роҳи берун рафтан аз ин вазъиятро пайдо накардаст.

Дар ҳамин ҳол Куммисари ҳуқуқи башари СММ Зайд Раъд Ал- Ҳусейн Шӯрои Амнияти СММ-ро ба боди интиқод кашида онро бе таваҷҷӯҳӣ айбдор мекунад. “Шӯрои амнияти СММ натавонист роҳеро барои хатми ҷанг дар шарқи Ҳалаб пайдо кунад. Ва ин саволҳои зиёдрео дар зеҳни ман халқ намуд, ки Шӯро амният бехатарии киҳоро таъмин мекунад. Яқинан на аз сокинони Ҳалабро .”

XS
SM
MD
LG