Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи афсари собиқи пойгоҳи Русия


Як афсари собиқи пойгоҳи низомии 201-и Русия, мустақар дар Тоҷикистон, ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон як афсари собиқи пойгоҳи 201-и Русияро барои амали қаллобӣ дастгир намуда, алайҳи ӯ бо моддаи 247, қисми 3 Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 6-уми январ ба радиои Озодӣ гуфт, ки маъмурони ин ниҳод сарҳанг (полковник) Абдумалик Мавлоновро боздошт кардаанд, ки гуфта мешавад, ба боварии шаҳрванд Анора Назарова даромада, аз ӯ 5 ҳазор доллар гирифтааст.

Ба иттилоъи Оҷонсии зидди фасод, Абдумалик Мавлонов худро вакили мудофеъ муаррифӣ карда, ба Анора Назарова ваъдаи раҳоии фарзандаш аз маҳбасро дода ва 5000 ҳазор доллари ӯро аз худ намудааст.

Анора Назарова пас аз ду сол бо ҳал нашудани мушкили фарзандаш ба Оҷонсии зидди фасод муроҷиат менамояд ва кормандони ин ниҳод бар асоси маълумоти пешниҳод намудаи ин сокини Душанбе полковник Абдумалик Мавлоновро боздошт менамоянд ва ҳамакнун тафтиш идома дорад.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия бо 7 ҳазор сарбозу афсари рус дар се шаҳри Тоҷикистон-Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб мустақар шудааст. Лашкари 201-ум ҳанӯз аз замони Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон мустақар аст, ва бо касби истиқлоли ин кишвар ба пойгоҳи низоми Русия табдил ёфт. Ҳарчанд дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ин пойгоҳ худро дар ҷанги Тоҷикистон бетараф эълон карда буд, аммо намояндагони мухолифон борҳо гуфтаанд, ки ин нерӯ ба ҳарду тарафи даргир, ҳукумат ва мухолифон силоҳ мефурӯхт. Баъдан Русия мақоми аскароне, ки дар солҳои ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хизмат кардаанд ба мақоми ветеранҳои ҷанги бузурги ватанӣ баробар кард ва бо ин ба гунае собит сохт, ки ин нерӯ дар ҷанги Тоҷикистон тарафи беғараз набуд.

Дар пайи сафари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2012 созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201 барои 49 соли дигар ба имзо расид ва ахиран парлумонҳои ҳар ду кишвар онро тасвиб карданд. Кӯмак ба навсозии таслиҳоти артиши Тоҷикистон аз ҷумла ваъдаҳоест, ки Русия дар ивази то соли 2042 тамдид шудани замони ҳузури пойгоҳи 201-умаш дар қаламрави Тоҷикистон додааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти ҳар ду кишвар ҳузури ин пойгоҳро омили таъмини субот амният дар минтақа арзёбӣ мекунанд.

Қарордоди тамдиди замони ҳузури ин пойгоҳ баъди чанд соли баҳси ду кишвар бар сари шароити ҳузури минбаъдаи низомиёни рус ва ҳатто гӯё талаби то 300 миллион доллар пули иҷора кардани Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2012 дар рӯзи 60-солагии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи ӯву ҳамтои русаш Владимир Путин имзо шуд. Маскав дар иваз барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия бархе сабукиҳо дод ва боҷи гумрукии содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистонро барои ҳаҷми муайяни чунин мавод бекор кард.
XS
SM
MD
LG