Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи Хайрулло - писари калонии Зайд Саидов


Хайрулло бо падараш Зайд Саидов.
Хайрулло бо падараш Зайд Саидов.

Алайҳи Хайрулло Саидов - писари калонии соҳибкори зиндонии тоҷик Зайд Саидов бо иттиҳоми тақаллуби ҳуҷҷатҳо парванда боз шудааст.

Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Хайрулло Саидов, писари калонии соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов, ки ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст, бо моддаи 340 қисми 2 -- "тақаллуби ҳуҷҷатҳо" - парванда боз кардааст. Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод рӯзи 27 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз дар ҳузури муфаттиши ин ниҳод Фирӯз Холмуродов ва вакили мудофеъ Исҳоқ Табаров ба Хайрулло Саидов барои тақаллуби ҳуҷҷатҳо расман айб эълон карда шуд.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ки ин иттиҳом ба хотири ғайриқонунӣ бузург нишон додани синну сол ва зуд гирифтани шиноснома ва оғоз кардани таҳсил дар донишгоҳ рабт доштааст. Хайрулло Саидов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар вақти эълон кардани айбнома қисман айбро ба гардан гирифтааст.

Вай гуфт, ки соли 1995 вақте дар Маскав мезистаст, 14-сола буд ва ҳангоми гирифтани шиноснома худро чаҳор сол бузургтар нишон дода ва соҳиби паспорт шудааст, то ин ки ба Эрон барои таҳсил равад. Ӯ ду сол пешдонишгоҳӣ хонда, донишҷӯ шуд, вале дар соли 2000 аз Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ба Донишгоҳи технологии Душанбе гузашта, се сол дар инҷо таҳсил кард ва донишгоҳро дар Тоҷикистон хатм кард.

Хайрулло Саидов афзуд, вай худаш аз пеши худ ба хотири таҳсил дар донишгоҳ дар ҳуҷҷҷатҳояш синнашро калонтар нишон додааст ва он соле ки ин кор анҷом шудааст, яъне дар соли 1995, падараш ҳанӯз дар Маскав гуреза буд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, тафтишот мехоҳад санаи анҷоми ин тақаллубро соли 2000-ум, яъне замоне ки падараш вазири саноат буд, нишон диҳад ва пои Зайд Саидовро низ дар ин қазия дар миён бикашад.

Оҷонсии зидди коррупсия дар ҳафтаи гузашта Зайд Саидовро бо 5 моддаи Кодекси ҷиноӣ айбдор карда буд, ки яке аз ин ҷурмҳо ба моддаи 340-и Кодекси ҷиноӣ, яъне тақаллуби аснод марбут мебошад ва манзур аз ин модда, масъалаи ҳуҷҷатҳои фарзандаш Хайрулло Саидов будаст. Хайрулло Саидов мегӯяд, айни 9 эпизоде, ки алайҳи ӯ айб эълон кардаанд, дар ин банди иттиҳоми зидди падараш низ зикр шудааст.

Аммо Хайрулло Саидов таъкид кард, ки дар ин амал падараш Зайд Саидов ҳеҷ даст надорад ва бори дигар такрор кард, ки дар соли 1995 ба хотири таҳсил чунин иқдом кардааст дар ҳоле ки падараш дар соли 1995 ҳеҷ вазифа надошт ва дар хориҷи кишвар ба сар мебурд.

Хайрулло Саидов гуфт, шиносномаҳои дохилӣ ва хориҷиашро ҳанӯз дар оғози тафтиши ин қазия ба Оҷонсии зидди фасод супурдааст ва ҳаққи тарки маҳалли зисташро то анҷом тафтишот надорад.

Зайд Саидов дар моҳи декабри соли 2013 бо ҷароиме, чун гирифтани пора, сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ба 26 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум шуд.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон, ки дар соли 1999 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин ба ин мақом расид ва то соли 2006 узви ҳукумат буд, моҳи майи соли 2013, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” боздошт шуд. Ӯву тарафдоронаш ин ҳукмро сиёсӣ номида, мегӯянд, ки он ба азми Саидов ба сохтани ҳизби сиёсӣ рабт дорад.

XS
SM
MD
LG