Додситонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нисбати корманди корхонаи безараргардонии ҳашарот Саъдӣ Ҳукмиддинов ва директори мактаби шумораи 3-юми ҳамин ноҳия Амриддин Назриев парвандаи ҷиноӣ оғоз карда ва тафтишот идома дорад.
Ин парванда дар ҳоле нисбати директор ва корманд идораи безараргардонии ҳашарот оғоз шуд, ки аввалҳои моҳи июни соли ҷорӣ 75 хонандаи мактаби шумораи 3-юми деҳаи Хоҷа Ғалтони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин), аз доруи зидди ҳашарот заҳролуд шуда, ба бемористон интиқол ёфта буданд.
Абдуҷаббор Мирзоев, додситони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сешанбеи 26 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳоло бо моддаи 207, қисми 1, яъне вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст, парванда боз шудааст.
Ҷаноби Мирзоев афзуд, ки ҳоло парвандаи тафтишотӣ ба охир нарасида ва дар тафтишот қарор дорад. Ӯ мегӯяд, ки ин парванда барои он ифтитоҳ шуд, ки Саъдӣ Ҳукмиддинов, корманди корхонаи безараргардонии ҳашарот бе ягон шартнома ва иҷозаи ҳукумат, дар ин мактаб дору пошидааст.
"Парвандаи ҷиноятӣ ба он хотир нисбати роҳбари мактаб ва корманди корхонаи безарагардонии ҳашарот кушода шуд, ки онҳо бе ягон ҳуҷҷат ва созиши ҳукумат рафта ба синфхонаҳо дору пошиданд. Ҳоло тафтишот идома дорад",--гуфт Абдуҷаббор Мирзоев.
Рӯзи 26-уми май ба хотири нобуд кардани ҳашароти зараррасон дар бинои мактаби шумораи 3-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин заҳрдоруҳои навъи «Алфациперметрин»-и панҷдарсадӣ ва «Нуриел Д» –и панҷоҳдарсадӣ пошида мешавад. Баъди пошидани ин навъи дору ҳудуди 75 хонанда замони дарс аз ҳуш рафтанд, ки ин ҳолат як ҳафта идома кард ва бо ёрии табибон аксари заҳролудшудаҳо наҷот дода шуданд.
Амриддин Назриев, директори мактаби шумораи 3-юми деҳоти Хоҷағалтон сешанбеи 26 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, нисбати ӯ барои "хунукназарӣ" парванда боз кардаанд. Ҷаноби Назриев афзуд, ки баъди ин ҳодиса додситонӣ баёноташро гирифт. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло корашон дар доситонист.
"Холо дар рухсатӣ қарор дорам, аммо нисбати мо низ додситонӣ барои хунукназарӣ нисбати мансаб давлатӣ, парванда боз карда, ҳоло дар дасти худи доситонӣ қарор дорад. Аммо ростӣ намедонам, ки чаро чунин шуд",--гуфт мусоҳиби мо.
Баъди заҳролудшаваии хонандагони ин мактаб, дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин комиссияи вижа барои тафтиши ин ҳодиса ташкил шудаааст ва дар бунгоҳи тиббии деҳаи Хоҷағалтон барои кӯмак ба хонандагоди осебдида, ситод таъсис ёфт. Ин ситод то ба таври комил сиҳат шудани кӯдакон, фаъолиятӣ худро қатъ накард.
Зимнан дар пай ин ҳодиса Хадамоти назорати давлатии санитарии назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки дар маҷмӯъ 75 хонандаи мактаби деҳаи Хоҷа Ғалтони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин), аз доруи зидди ҳашарот заҳролуд шудаанд, ки баъди муроқибати табибон онҳо шифо ёфтанд.