Пайвандҳои дастрасӣ

СОVID-19 Аврупоро "ба танг овардааст". ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бо авҷ гирифтани сирояти коронавирус дар саросари кишварҳои Аврупо, маҳдудиятҳо дар гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодиро сахттар мекунанд.

Дар Испания вазъи фавқулода эълон карданд, дар Фаронса аз мардум хостанд, аз хонаҳояшон берун наоянд. Дар Чехия, ки шифохонаҳо аз беморон пур мешаванд, як шифохонаи бузурги саҳроӣ оростанд.

Бар асоси гузориши “Ройтерс” дар Аврупо талафот аз бемории COVID-19 ба 250 ҳазор нафар расид. Талафоте, ки аз Аврупо пештар фақат Амрикои Лотинӣ додааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз раҳбарони кишварҳои ҷаҳон хост, барои роҳ надодан ба сирояти бештари вирус чораҳои фаврӣ биандешанд.

Тедрос Аднаҳом Гебрейесус, мудири созмон гуфт: “Дар аҳди пандемия мо дар як марҳилаи фавқуллодае қарор дорем, бахусус дар нимкураи шимолӣ. Чанд моҳи оянда бахусус сахт мешавад ва чанде аз кишварҳо дар роҳи хатарноке ҳастанд. Дар бисёре аз кишварҳо афзоиши зиёди сироят дида мешавад. Бемористонҳо ва шуъбаҳои эҳёгарӣ пур шудаанд ва ё бештар аз имконашон қабул мекунанд, ҳарчанд ҳоло фақат моҳи октябр аст. Мо ба тамоми раҳбарон муроҷиат мекунем, ки чораҳои фаврӣ биандешанд, то аз маргу мир, суқути хадамоти тандурустӣ ва бастани мактабҳо пешгирӣ шавад."

Як арзёбие дар Амрико нишон додааст, ки дар сурати истифодаи васеи ниқоби тиббӣ мумкин аст, то моҳи феврал пеши роҳи марги 130 ҳазор нафарро бигиранд.

Муҳаққиқон дар Маҷаллаи Нейча Медисин бо арзёбиҳо ва пешбинӣ бар асоси омори 8 моҳи гузаштаи пандемия ба ин натиҷа расидаанд. Бино бар пешбиниҳои ин пажӯҳишгарон бо вуҷуди карантин ва чораҳои пешгирӣ, мумкин аст, то моҳи феврал дар Амрико талафот аз беморӣ ба 500 ҳазор нафар бирасад.

Вале агар 95 дар сади аҳолӣ ниқоб бипӯшад ва баъзе аз чорабиниҳои маҳдуд шавад, ин рақам фавқуллода коҳиш меёбад. Дар Амрико то кунун аз бемории СОVID-19 225 ҳазор нафар ҷон додаанд ва ин рақами баландтарини дар ҷаҳон аст.

Гузориши видеоиро

CОVID-19 Аврупоро "ба танг овардааст"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

Дар Словакия, ки мехоҳад, тамоми мардуми кишварро ташхис кунад, озмоишҳои оммавӣ дар минтақаҳои бештар осебдида оғоз ёфтааст. Дар инҷо як усули арзонеро истифода мебаранд, ки зуд натиҷаро нишон медиҳад, аммо баръакси озмоишҳои лабораторӣ дақиқ нест.

Ҳукумати Словакия қасд дорад, то моҳи ноябр шароит барои озмоиши аҳолии панҷуним миллион нафариашро фароҳам орад. Стефан Земанович, сухангӯи артиши Словакия мегӯяд, "мо 235 маркази озмоишӣ бо 222 гуруҳи озмоишгар омода кардем, ки ба ташхис машғул мешаванд. Мо барои қабули 180 ҳазор нафар аз аҳолии ин минтақаҳо омода шудаем."

Ҳадафи ин нақша маълум кардани манобеи бемориҳои зиёд аст ва айни замон имкони ҳаракати озодона додан ба онҳоест, ки аз вирус эмин мондаанд. Мардуме, ки ба ташхис намеоянд, ҳатто ҳақ надоранд, ба кор бираванд.

Дар Амрико ҳукумат иҷоза дод, ки аз ин баъд доруи Ремдезивир барои муолиҷаи беморони COVID-19 истифода шавад. Доруи мазкурро қаблан ба таври истисноӣ истифода мекарданд. Ҳоло ҳам онро ба касоне медиҳанд, ки бемори бистарӣ шудаанд, агар вазъи бемор бад нест, тавсия дода намешавад.

Ҳарчанд ремдезивирро барои муолиҷа васеъ ба кор мебаранд, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфтааст, ин дору ба ҳадди зиёд аз марги беморон ҷилавгирӣ намекунад.

Озмоиши яке аз ваксинаҳое, ки Донишгоҳи Оксфорд ва Ширкати АстраЗенека офаридаанд, нишон додааст, ки он масунияти бадани пиронсолонро ба зидди вирус қавӣ мекунад. Ваксинаи мазкур ҳамчунин подтанҳои фаъолеро дар бадани ҷавонон ба вуҷуд меовардааст, ки бо беморӣ сахт мубориза мебаранд.

Бо вуҷуди ин, ҳоло натиҷаҳои коромадии ваксинаи мазкур маълум нест, зеро марҳилаи саввум ва ниҳоии озмоиши он ба анҷом нарасидааст. Ҳарчанд умед аз ин ваксина зиёд аст, мутахассисон интизор надоранд, ки он имсол дастраси оммаи васеъ бишавад.

XS
SM
MD
LG