Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҳукми 12 нафар барои пайравӣ аз Салафия


Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон
Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон

Додгоҳи олӣ 12 сокини Тоҷикистонро барои пайравӣ аз ҷараёни мазҳабии “Салафия” муҷрим шинохта, бархеашонро ба зиндон фиристодаасту иддаеро ҷарима бастааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 12 нафарро барои пайравӣ аз ҷараёни мазҳабии “Салафия”, ки фаъолияташ аз соли 2009 боз мамнӯъст, айбдор дониста, ҳашт тани онҳоро аз 3 то 10 сол равонаи зиндон кардааст. Чаҳор нафари дигар аз ин муттаҳамон ба пардохти ҷарима муваззаф шуда, аз толори додгоҳ озод гардидаанд.

Мирзо Каримов -- додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки баррасии парвандаи ин гуруҳи 12-нафариро бар ӯҳда дошт, бо тасдиқи хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукм 22 сентябри соли ҷорӣ эълон шудааст. Ба қавли ӯ, Каримҷон Давлатов - яке аз муттаҳамон бар асоси моддаи 187, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “иштирок ва ё раҳбарӣ кардан дар иттиҳоди ҷиноӣ” муҷрим шинохта шуда, даҳ сол аз озодӣ маҳрум гардидааст.

“Афроди дигар -- Юсуф Тоҳиров, Аюб Шарифов, Ҷамолиддин ва Камолиддин Лоиқовҳо, Ҳабибулло Раҳмонов, Анвар Лашкаров ва Раҳматулло Ғуломов 3-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд,” - афзуд ӯ.

Ин додраси Додгоҳи олӣ гуфт, Қурбоналӣ ва Аламшо Лоиқовҳо, Зарифхон Юсуфов ва Файзулло Шамсуллоев ҳар кадом бо 1 500 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда баробар ба 40 сомонӣ), яъне ҳар кадом 20 000 сомонӣ ҷарима баста шуда, аз толори додгоҳ озод гардидаанд.

Ҷараёни “Салафия” тақрибан даҳ соли пеш дар Тоҷикистон пайдо шуда, пайравонаш дар масъалаи баланд гуфтани омину паҳн кардани пойҳо ва даст болои сина гузошта намоз хондан бо рӯҳониёни суннатӣ вориди баҳс шуданд. Ин гурӯҳ руҳониёни суннатии кишварро барои бидъат ҳам муттаҳам менамуданд. Ҳарчанд он вақт Шӯрои уламои Маркази иисломӣ ба раҳбарии марҳум Амоннулоҳи Неъматзода алайҳи ин гуруҳи мазҳабӣ китоберо ба нашр расонд ва онро хатарзо донист, аммо мақомоти Тоҷикистон эълон карда буданд, ки салафиҳо ба амнияти кишвар таҳдид намекунанд. Баъдан, дар соли 2009, Додгоҳи олии Тоҷикистон дар пайи баҳсҳои зиёд ва бигӯмагӯҳои салафиён бо рӯҳониёни суннатӣ ва он ҳам дар масоҷид, фаъолияти пайравони ин гуруҳро мамнуъ донист.

Нахустин гурӯҳи салафиҳо дар охирҳои соли 2009 ба зиндон маҳкум шуданд, ки дар миёнашон Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф бо номи Эшони Сироҷиддин ва писари ӯ ҳам буданд. Ҳоло онҳо аз зиндон озод гардидаанд.

XS
SM
MD
LG