Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон дар баҳси печидаву тӯлонии ширкати "Бабилон" ва Кумитаи андоз қазияро ба нафъи давлат ҳал кардааст.
Дар қарори додгоҳи сатҳи болотарини Тоҷикистон, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ низ гузошта шуд, омадааст, низомномае, ки Кумитаи андоз бар асоси он аз ширкати "Бабилон" пардохти беш аз 341 миллиону 140 ҳазор сомониро талаб кард, бо Конститутсия мухолифат надорад ва аз ин рӯ амалкардҳои Кумитаи андоз ғайриқонунӣ буда наметавонад.
Қаблан Беҳзод Файзуллоев дар муроҷиаташ ба Додгоҳи конститутсионӣ хоста буд, мутобиқати банди 7-и "Низомномаи муҳосибаи арзиши аслии маҳсулот" ба бандҳои 12, 32 ва 45-уми Қонуни асосии Тоҷикистонро муайян намояд, ки Кумитаи андоз ҳангоми санҷиши “Бабилон” бар асоси он амал кардааст. Бандҳои мазкур фаъолияти соҳибкорӣ, моликият ва пардохти андозро танзим мекунанд.
Раиси ширкати "Бабилон" дар муроҷиаташ ба додгоҳ гуфтааст, андоз дар Тоҷикистон на бар асоси низомнома, балки бар асоси қонун муқаррар мешавад, вале амалкарди Кумитаи андоз бар асоси низомнома аст ва аз ин рӯ мухолифи қонун мебошад.
Вале Додгоҳи конститутсионӣ гуфтааст, баъд аз омӯзишу баррасӣ муайян кард, низомномаи ёдшуда ба бандҳои 12, 32 ва 45-ум Қонуни асосӣ мутобиқат мекунад ва амалкардҳои Кумитаи андоз ғайриқонунӣ буда наметавонад. Ба гуфтаи додгоҳ, "Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот ҳаққи фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкориро, ки Конститутсия кафолат додааст, манъ ва ё маҳдуд намекунад".
Дар ширкати "Бабилон" аз шарҳи ин қарори Додгоҳи конститутсионӣ худдорӣ карданд.
Баҳсу даъвои пурсарусадои ширкати "Бабилон-Мобайл” бо Кумитаи андоз аз соли 2014 шурӯъ шуд ва то ба Додгоҳи олии иқтисодӣ кашид ва дар инҷо низ ба нафъи давлат тамом шуд. Баҳори соли 2014 баъди санҷиши ҳуҷҷатии маҷмӯи андозҳои супурдаи “Бабилон-Мобайл” аз соли 2011 то соли 2013, Кумитаи андоз гуфт, ки ширкат дар ин муддат ба маблағи 341.4 миллион сомониро пинҳон кардааст, ҳарчанд “Бабилон-Мобайл” ин иддаоро рад карда ва гуфтааст, ки ин хулосаи ғайриқонунӣ аст.
“Бабилон-Мобайл” қазияро ба додгоҳ бурд, вале дар ҳамаи зинаҳо даъвои онро рад карда, ба нафъи Кумитаи андоз қарор бароварданд. Ба гуфтаи “Бабилон-Мобайл”, мутахассисони Кумитаи андоз, садҳо миллион сомонӣ хароҷоти “Бабилон-Мобайл”-ро даромад ҳисоб карда ва аз онҳо 217 миллион сомонӣ андоз, 50 миллион сомонӣ ҷарима ва 73 миллион сомонӣ фоиз талаб кардаанд, ки ин дуруст нест.
Баъди ба нафъи Кумитаи андоз ҳал шудани қазия ва амри Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон барои пардохти бештар аз 340 миллион сомонӣ, Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андоз гуфт, ки “Бабилон-Мобайл” бояд пулро қисм-қисм пардохт кунад, ҳарчанд Беҳзод Файзуллоев гуфтааст, ки пардохти маблағи бузурге дар ҳаҷми бештар аз 60 миллион доллар ҳатто метавонад, сабаби муфлисии “Бабилон-Мобайл” шавад. Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯяд, баҳсу даъвоҳои додгоҳӣ дар тиҷорат як чизи муқаррарист вале беҳтар аст, ба хубӣ ҳал шавад:
“Дар ҳар ҳол мумкин аст, баҳс идома ёбад, масъалаҳо ҳал шаванд. Ҳал кардани масъалаҳои баҳсбарангез як ҳодисаи муқаррарӣ аст ва инҷо ҳеҷ чизи ғайриоддӣ нест. Ин зиндагӣ аст, дар ширкат аз 3 то 5 ҳазор нафар кор мекунанд ва ҳамаи онҳо оила доранд. Ин ҳоло яке аз масъалаҳои дардноктарин дар соҳаи алоқаи Тоҷикистон аст.”
Бори аввал нест, ки “Бабилон-Мобайл” бо Кумитаи андоз баҳси додгоҳӣ дорад, баҳси аввали “Бабилон-Мобайл” дар соли 2011 буд ва дар он замон Додгоҳи конститутсионӣ, ба нафъи ширкат қарор баровард. Ширкати “Бабилон-Мобайл” яке аз ширкатҳои пешсаф ва бузургтарини мухобиротии Тоҷикистон аст, ки бино ба гузоришҳо тақрибан 3 миллион муштарӣ ва 4 ҳазор коргар дорад. Бисту панҷ дар сади саҳмияҳои ширкат дар ихтиёри шаҳрвандони Тоҷикистон ва бақия дар дасти хориҷиён аст.