Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ба тағйири Қонуни асосӣ "ок" дод. Раъйпурсӣ кай мешавад?


Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон рӯзи 4 феврал пешниҳоди парлумонро дар бораи "мувофиқати тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ" баррасӣ карда ва онро ба қонунҳои кишвар созгор донист.

Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон барои тағйири Конститутсияи кишвар ризоят дода, ҳамин тавр, пешниҳоди аз 35 то 30 поин овардани синни номзад ба президентӣ ва маҳдуд набудани иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботҳои ояндаро мувофиқ ба меъёри қонунҳо донистааст.

Додгоҳи Қонуни асосӣ тарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро рӯзи 4 феврал ба баррасӣ гирифта, ҳоло хулосаи худро ба парлумон фиристодааст. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷаласаи додгоҳ таъкид шудааст, ки "ислоҳоти ба Сарқонуни Тоҷикистон воридшаванда ба марҳилаи имрӯзаи рушд ворид шудани давлат ва ҷомеа мувофиқ буда ва онҳо ба таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ мусоидат менамоянд."

Матни тарҳи тағйиру иловаҳо рӯзи 22 январ баъди тасвибаш аз сӯи вакилони парлумон ба Додгоҳи конститутсионӣ фиристода шуда буд. Ҳоло баъди ин хулосаи Додгоҳи Қонуни асосӣ, рӯзи раъйпурсӣ эълон мегардад. Санаи баргузории референдум ва ё раъйпурсиро парлумони Тоҷикистон эълон хоҳад кард.

Ин тарҳи тағйиру иловаҳо аз 41 банд иборат буда, бештар аз тағйири калима ва ибораҳо иборат аст. Вале коршиносон мегӯянд, асоси ин тағйирот ду нуктаи он аст, ки аввалӣ ба Рустами Эмомалӣ - писари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳаққ медиҳад, дар интихоботи президентии соли 2020 номзад шавад.

Рустами Эмомалӣ, ки дар соли 2020 ба синни 33 мерасад, бар асоси муқаррароти Қонуни асосии феълии Тоҷикистон, ҳаққи пешбарии номзадиашро надошт, чунки дар он синни ҳадди ақалл барои номзад ба президентӣ 35 муқаррар шуда буд.

Баъдан, бар асоси Қонуни асосӣ, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад, як шахс ба вазифаи президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Аммо дар тарҳи нави ислоҳот ба Қонуни асосӣ, бино ба нусхае, ки ба дасти Озодӣ расид, ба моддаи 65-ум ин банд илова шудааст, ки ин маҳдудият "ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад."

Инчунин, дар тарҳи пешниҳодӣ барои ислоҳи Сарқонуни Тоҷикистон синни номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон, Маҷлиси Миллӣ ва суди конститутсионӣ аз 30-солагӣ муқаррар гардида, таъсиси ҳизбҳои характери динидошта манъ гардидааст.

Қонуни асосии Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2003 аз тариқи раъйпурсиҳо бозбинӣ шуд. Тағйироти ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҳаққи боз ду давраи ҳафтсолаи раҳбарии кишварро ба даст биёрад ва замони раёсаташро то соли 2020 тамдид кунад.

XS
SM
MD
LG