Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус роҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Узбекистон "баст". ВИДЕО


Шаҳри Турсунзода
Шаҳри Турсунзода

Бо далели ошкор шудани мавридҳои гирифторӣ ба коронавирус, мақомоти Узбекистон рӯзи 16-уми март марзи ин кишварро бо давлатҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, бастанд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ бо нашри изҳороте аз сокинон хост, ки муваққатан аз сафар ба Узбекистону Қазоқистон ва истифодаи ин кишварҳо ба ҳайси масири транзитӣ худдорӣ варзанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия асосан ба воситаи Узбекистону Қазоқистон мераванд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои огоҳ шудан аз вазъ рӯзи душанбеи 16-уми март ба гузаргоҳи марзии "Пахтаобод" дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон (дар ҳудуди шаҳри Турсунзода) рафтанд.

Гузаргоҳи "Пахтаобод"
Гузаргоҳи "Пахтаобод"

Маъруф Неъматов, сокини 45-солаи шаҳри Турсунзода, гуфт, субҳ мехост барои иштирок дар тӯйи арӯсии хоҳараш озими Узбекистон шавад, вале ногаҳон марзҳоро баста дарёфт. "Гуфтанд, ки Узбекистон ба хотири коронавирус сарҳадро бастааст. Ночор ба хона бармегардам ва дар тӯйи арӯсии хоҳарам иштирок карда наметавонам", - нақл кард ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Узбекистон рафтуомад бо Тоҷикистонро мутаваққиф кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Ба мисли Маъруф Неъматов дар назди гузаргоҳи "Пахтаобод" чандин нафари дигар буданд, ки ба далели баста будани марз натавонистанд вориди қаламрави Узбекистон шаванд.

Бархе аз онҳо мехостанд, ба воситаи Узбекистон ба кишвари дигар бираванд ва бархеи дигар барои дароз кардани мӯҳлати иқомати худ дар Тоҷикистон аз сарҳади кишвари ҳамсоя гузаштанӣ буданд.

Аммо марз ба рӯйи он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Узбекистон ба хона баргаштанӣ ҳастад, кушода будааст. Гулнора Қӯзиева, сокини маҳаллаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи душанбе аз Узбекистон ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ дар назди гузаргоҳи "Пахтаобод" ба Радиои Озодӣ гуфт, "барои бозгашт ҳеч мушкил вуҷуд надошт. Танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон табибон бо таҷҳизот моро ташхис карда, баъд иҷозаи вуруд доданд."

Шералӣ Сабуров, сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, низ нимаи рӯзи душанбе аз вилояти Қашқадарё ба Тоҷикистон баргашт. Вай мегӯяд, вазъият дар кишвари ҳамсоя "ором аст" ва сокинон ба корҳои рӯзмарра машғуланд.

"Шояд коронавирус дар минтақаи дигари Узбекистон ошкор шуда бошад, аммо дар вилояти Қашқадарё ҳама ором ва машғули корҳои худ ҳастанд. Фурӯшанда ба тиҷорату ронандаи таксӣ аз пайи кори худ. Ҳеч нигарониеро дар он ҷо мушоҳида накардам", - гуфт ӯ.

Узбекистон бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус, ки дар ҷаҳон беш аз 160 ҳазор нафарро гирифтор кардааст, марзҳои худро аз рӯзи 16-уми март ба рӯйи хориҷиён баст. Мақомоти Узбекистон рӯзи 15-уми март нахустин ҳолати гирифтор шудани шаҳрвандони ин кишварро ба вируси КОВИД-19 тасдиқ карданд.

Ба гузориши расонаҳои Узбекистон, сарвазир Абдулло Орифов гуфтааст, мактабҳо низ дастикам барои се ҳафта таътил шуда, маъракаҳои бахшида ба ҷашни Наврӯз бекор мегарданд.

Узбекистон кишвари дувуми Осиёи Марказӣ аст, ки дар қаламрави он вируси хатарнокро сабт кардаанд. Дар Қазоқистон нӯҳ мавриди гирифтории сокинон тасдиқ шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистон, кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, расман мегӯянд, ки то кунун ҳеч мавриди мубтало шудани сокинон ба ин вирусро сабт накардаанд, аммо ба қавли мақомот барои пешгирӣ аз сирояти вируси нав чораҳо меандешанд. Тоҷикистон то ин дам беш аз 1600 нафареро, ки аз Чину Эрон ва Афғонистон омада буданд, зери назорати пизишкон қарор додааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG