Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муолиҷа аз роҳи... ошпазӣ


Дар Қирғизистон дар доираи як лоиҳаи иҷтимоӣ коргоҳе боз шудааст, ки ба беморони гирифтори аутизм ё дархудмондагӣ ҳунари ошпазӣ меомӯзанд.

Дар Қирғизистон дар доираи як лоиҳаи иҷтимоӣ коргоҳе боз шудааст, ки ба беморони аутизм ва ё дархудмондагӣ, ошпазӣ меомӯзанд. Ҳоло дар ин коргоҳ 5 нафар беморон кор мекунанд ва аммо ғизоҳое, ки онҳо таҳия менамоянд, аллакай талаботи зиёд дорад.

Болушбек Жолчубек гирифтори дархудмондагӣ аст ва дар муошират бо атрофиён мушкил дорад. Қаблан ӯ баъд аз таҳсил дарҳол ба хона мерафт ва дар утоқаш худро қулф мекард. Аммо ҳоло Болуш ошпаз аст. Вай пас аз дарс ба коргоҳ мешитобад ва ҳеҷ гоҳ дер намекунад. Болушбек Жолчубек мегӯяд, ки инҷо ба вай хеле писанд аст ва ӯ тушбера омода мекунад.

Коргоҳи ғайриодии ошпазиро равоншиносон дар Бишкек махсус барои нафарони мисли Болуш таъсис доданд. Дар инҷо ба аутистон маҳорати ошпазиро меомӯзанд, то онҳо дар оянда ризқи худро пайдо кунанд ва дастнигар набошанд. Ҳоло дар коргоҳ 5 нафар гирифторони дархудмондагӣ кор мекунанд, ки синну соли мухталиф доранд. Онҳо бо шӯхиву суруд таомҳои мухталифро омода менамоянд.

Аида Мамбеталиева, яке аз ташаббускорон мегӯяд, ки "вақте онҳо ба ин ҷо омаданд, ҳеҷ кор кардан наметавонистанд. Мо тоза кардани сабзиву картошкаро ба онҳо ёд додем. Онҳо дар хона ин корҳоро анҷом намедоданд. Мо чӣ тавр хамир кардану самбӯсазапазиро нишон додем. Болуш ҷавони зиндадил аст. Ӯ тушбераро хеле хуб мепечонад."

Дар ин коргоҳ волидайни аутистон низ кор мекунанд. Аз ин пештар Нозгул Султоналиева, маҷбур буд, ки барои тарбияи тифлаш хонашин шавад. Аммо ин коргоҳ барояш имкониятҳои навро боз кард. Ҳоло вақте духтараш дар мактаб аст, Нозгул дар ин ҷо хӯрок мепазад.

Нозгул мегӯяд, ки "шавҳарам кори худро дорад, ман бошам ба хотири нигаҳбонии фарзанд дар хона будам. Акнун ба мо имкони омӯзишро фароҳам карданд. Ман дар ин ҷо таҷрибаомӯзӣ мекунам ва ҳунарамро рушд медиҳам. Дар оянда мехоҳам коргоҳи худро боз намоям.”

Коргоҳи хӯрокпазӣ барои беморони аутизм дар Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Ин коргоҳи махсусро барои беморони дархудмондагӣ созмони ҷамъиятии "Даст ба даст" дар доираи як тарҳи иҷтимоӣ таъсис додааст. Ғизоҳое, ки дар ин ҷо таҳия мешавад, мағозаҳо онро харидорӣ мекунанд. Ташаббускорон мегӯянд, агар муштариёни онҳо бештар шавад, теъдоди кормандонашонро аз ҳисоби аутистон афзоиш медиҳанд.

Чолпон Узабкаева, коргузор ва таблиғгари созмони "Даст ба даст" мегӯяд, ки "мо бо чанд мағоза қарордод дорем, аммо ин чандон зиёд нест. Феълан мо имкони бо кор таъмин кардани ҳамаи кӯдакони аутистро бо модаронашон надорем. Ҳама ба фармоиш бастагӣ дорад. Фармоиш ҳар қадар бештар бошад, мо низ метавонем шумораи бештари кормандонро ҷалб кунем.”

Тибқи оморҳои расмӣ дар Қирғизистон беш аз 20 ҳазор кӯдакон бо бемории дархудмондагӣ ба сар мебаранд, аммо дар кишвар ҳамагӣ як маркази офиятбахшӣ фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG