Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин набошад, Русия ҳам нест?


Володин ва Путин
Володин ва Путин

Сӯҳбатҳои муовини дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русия – «Путин бошад, Русия ҳаст, Путин набошад - Русия нест» ба як мавзӯи асосии баҳсҳо дар маҳофили сиёсиии Русияву хориҷ аз он ва ҳам дар шабакаи ҷаҳонии Интернет табдил ёфтааст.

Вячеслав Володин, муовини раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русия рӯзи 22 октябр дар Сочи дар рӯзи аввали мавсими инак сеюми маҳфили мубоҳисотии «Валдай», ки асосан ҳаводорони сиёсати кунунии Кремлро гирди ҳам меорад, раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро бо ҳастаии ин кишвар тавъам карда, гуфтааст: «Есть Путин — есть Россия, нет Путина — нету России.» («Путин бошад, Русия ҳаст, Путин набошад - Русия нест»)

Вячеслав Володин, ба гуфтаи ширкаткунандагони нишасти «Валдай» дар посух ба як суол дар бораи паёмадҳои таҳримоти Ғарб алайҳи Русия ин ҳарфҳои ситоиширо дар ҳаққи раҳбари ӯву кишвараш ба забон овардааст. Вячеслав Володин ҳамчунин гуфтааст, Ғарб баъзан барои сиёсатмадороне чаппак мезанад, ки натиҷаи фаъолияташон манфист. Вале фаъолияти Путинро мардум, ба гуфтаи ӯ, мусбат арзёбӣ мекунанд, чунки бо 10 карат афзудани ҳаҷми маош ва 16 маротиба афзудани қисми харҷи будҷа назар ба соли 2001 чӣ қадар беҳтар шудани сатҳи зиндагии худро эҳсос мекунанд. Матбуоти Русия суханрониҳои Володин дар маҳфили «Валдай»-ро бар асоси мушоҳидаҳои Константин Костин – раҳбари Бунёди рушди ҷомиаи шаҳрвандии Русия ва аз ширкатдорони он нишаст – иқтибос мекунад.

Бино ба гузоришҳо, Володин бо ин ситоишҳо аз натиҷаи фаъолияти раҳбарии Путин аз чанд назархоҳӣ мисол овардааст, ки 66 дарсад аз аҳолии Русия ҳатто дар интихоботи соли 2018 номзади дигареро ба ҷуз аз Путин намебинанд.

Володин ҳамин тавр, ба вижагиҳои тафаккури мардуми рус таъкид кардааст, ки фишор аз берунро суннатан манфӣ қабул мекунанд. Ва вақте Амрикову Аврупо мегуфтанд, ки таҳримоти онҳо Путин ва атрофиёни ӯро ба ҳадаф дорад, мардум дар Русия ҳамла ба Путинро ҳамла ба худашон ва ба манфиатҳояшон қабул карданд ва дар натиҷа имрӯз дар зеҳни аксари мардуми Русия, ба ақидаи муовини раиси дастгоҳи раёсати ин ҷумҳурӣ ҳамин бовар ё таассурот нақш бастааст ки: «Есть Путин — есть Россия, нет Путина — нету России.» («Путин бошад, Русия ҳаст, Путин набошад - Русия нест»)

Бозтоби ин мавзӯъ дар матбуот мавҷи ситоишҳои тарафдорони Путин ва давлати ӯро ба бор овард, ки бо ҳамовозӣ бо Володин гуфтаанд, маҳз Путин Русияро дубора ба по хезонд ва дар саҳнаи байналмилалӣ соҳиби овоз кард. Ирина Яровая, вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими Русияи воҳид аз ҷумла гуфтааст, Русия 14 сол пеш, вақте Путин ба қудрат расид, дар ҳоли аз даст доштани истиқлолаш қарор дошт: «Ӯ қадам ба қадам эҳтиром ба Русияро баргардонд, амнияти миллии давлатро таҳким бахшид, ҷомиаро муттаҳид кард ва боварии мардуми Русия ба кишварашонро эҳё кард. Ман бовар дорам, ки хадамоти вижаи хориҷӣ то ҳол фаҳмида наметавонанд, ки ӯ чигуна ба ин ноил шуд.» Яровая сиёсати Путинро «ситёсати комёбии Русия» номид ва бо ҳамовозӣ бо Володин гуфт, «аз ин рӯ комёбии Путин ин комёбии Русия аст.»

Путин ба ҳокимони Осиёи Марказӣ пайравӣ мекунад?

Аммо дар муҳитҳои коршиносӣ ин изҳори назарҳоро идомаи сиёсати парастиши шахсияти Путин дар Русия унвон мекунанд ва мегӯянд, ки раисиҷумҳури Русия, мутааасифона, ҳарчӣ бештар шабеҳи ҳамтоёни худкомааш аз Осиёи Марказӣ мешавад. Дар ҳоле ки мебоист баракс мешуд ва бисёриҳо интизор доштанд, ки Русия ҳамчун кишвари пештоз дар Шӯравии собиқ бо он майле ки зоҳиран ба собиқаи аврупоияш нишон медод, баракс саттелитҳои собиқаш аз Осиёи Марказиро кам-кам ба сӯи озодиҳои демократӣ ҳидоят мекунад. Русия ибтидо худро аз низомҳои худхоҳонае, ки дар қаламравҳои шарқии Шӯравии собиқ доман густурдаанд, ҷудо мекард, ва гӯё бештар ба сӯи Аврупо ва арзишҳои аврупоӣ майл нишон медод. Аммо бо омадани Путин Русия ҳарчӣ бештар ба сӯи як низоми худкомаи назири низомҳои истибдодии шарқӣ ҳаракат мекунад ва ин ҳаракат ба хусус баъди бӯҳрони Украина ва эълони таҳримоти Ғарб алайҳи Путину атрофиёнаш сурати ҳарчӣ ошкортар мегирад.

Аркадий Дубнов
Аркадий Дубнов

Таҳлилгари рус Аркадий Дубнов мегӯяд, «суханони Володин аз заифии давлати Русия даарак медиҳанд. Дар Русия дар 15 соли раҳбарии Путин кор ба ҳадде расид, ки ӯ худ дигар давлатро иваз кардааст. Ва ин хеле хатарнок аст. Володин шояд нофаҳмида, амалан таъкид кард, ки Русия як давлати хеле носолим табдил ёфтааст, ки тамоми қудраташ дар дасти як нафар мунсаҷим шудааст. Ва ӯ мегӯяд, ки ба Путин нарасед, вагарна кишвар хароб мешавад. Мисли соли 1953 аст, ки вақте Сталин мурд, мардум мӯътақид буд, ки офтоб фурӯ нишаст ва дигар онҳо ҳеҷ гоҳ ба рӯзи рӯшан нахоҳанд расид.»

Дубнов мегӯяд, Володин ва аъзои дигари элитаи ҳукмрон дар Кремл дар рафтори Ғарб «талоши аз байн бурдани Путин аз арсаи сиёсӣ ҳамчун як раҳбарро мебинанд. Ва ёрони Путин гё ба Ғарб паём мефиристанд, ки ҳамла ба Путин ҳамла танҳо ба ӯ нест, балки ба тамоми кишвар аст ва ин паёмадҳои ғайри қобили тасаввур дорад.»

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

Тақрибан айни далелҳоро тарафдорони ҳокимони кунунии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон меоранд ва ҳокими аввали феълиро зомини ягонаи субот ва зиндагии ободи мардум дар ин кишварҳои ғарқи фақр меноманд. Дар Тоҷикистон, барои мисол, идеологҳои тарафдори давлат аз солҳои 90 ба ин сӯ, дар ситоиши ӯ, як қартаро истифода мебаранд, ки ӯ кишварро аз вартаи ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ берун кашид ва агар «Ҷаноби олӣ» (унвони расмии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон) набошад, Тоҷикистон дигарбора дар ҳамон чоҳи ноамнӣ ва ихтилофоти хунин фурӯ хоҳад рафт.

Вале ба назари Аркадий Дубнов, сӯҳбатҳои Володин танҳо зоҳиран ба чунин мадҳу ситоиши раҳбари аввал шабоҳат доранд. Вале ончи ки ситоиш аз Путиғнро бо ситоиш аз Раҳмон монанд мекунад, қиси вазъи кунунии ҳарду кишвар бо солҳои 90 аст, ки Тоҷикистон дар вартаи ҷанги хунини шаҳрвандӣ қарор дошту дар Русия дар даврони раёсати Борис Елтсин ин кишвар дар зери ҳукми гурӯҳҳои мафиоз афтода, пора додану пора гирифтан ба мансабдори давлатӣ дар он солҳо як амри оддӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG