Дар раъйдиҳӣ барои тағйири номи кишвари Македония, ки рӯзи 30 сентябр баргузор шуд, бо вуҷуди пуштибонии зиёди мардум, ҳузури нокофии раъйдиҳандагон натавонист натиҷаҳои ин ҳамапурсиро қонунӣ эътироф кунад.
Дар паи шумориши беш аз 97 дарсади раъйҳо шаби 1 октябр, мақомот гуфтанд, ки беш аз 91 дарсади мардум бо тағйири ном кардани кишвар ба Ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ розӣ шудаанд.
Воқеият ин аст, ки созиш қабул нашуд ва мардум онро рад кард
Вале дар паи даъвати мухолифон ба бойкоти раъйпурсӣ, ҳузури мардум дар овоздиҳӣ нокофӣ буд. Аз 1,8 миллион шаҳрванди дорои ҳақи раъй, дар референдуми рӯзи якшанбе танҳо 36,8 дарсад ширкат карданд. Ин шумор хеле камтар назар ба умедвориҳои нахуствазир Зоран Заев ва ҳукумати Македония мебошад.
Ҳеч қароре қабул нашуд
Оливер Дерковски, раиси комиссиюни давлатии интихоботи Македония шоми 30 сентябр ба хабарнигорон гуфт, ки натиҷаҳои бадастомада баёнгари он аст, ки ҳеҷ қароре қабул нашудааст.
Худи Заев аз тағйири ном кардани кишвар ҷонибдорӣ мекунад, чун ин тасмим ба баҳси бисёрсолаи Македонияву Юнон нуқта хоҳад гузошт. Македония исми як вилояти қадимаи Юнон аст ва ҳал шудани баҳси номи кишвар роҳи Скопйеро ба узвияти НАТОву Иттиҳодияи Аврупо боз хоҳад кард.
Бо вуҷуди ҳузури ками раъйдиҳандагон, Заев аз он изҳори хушҳолӣ кард, ки аксари мардум ҷонибдори тағйири ном кардани кишвар ҳастанд.
Ӯ гуфт, ки ин раъйдиҳӣ барои демократияву Македонияи аврупоӣ як муваффақият аст ва ваъда дод, ки масъалаи тағйири номи кишварро ба овоздиҳии парлумон мегузорад.
Баъди баста шудани нуқтаҳои раъйдиҳӣ шоми 30 сентябр, Заев гуфт, ки «хоҳиши онҳое, ки дар овоздиҳӣ иштирок карданд, бояд ба як иқдоми сиёсӣ дар парлумон табдил шавад». Ӯ инчунин таҳдид кард, ки агар ин дафъа ҳам мухолифон маъракаи тағйири ном кардани кишварро таҳрим кунанд, интихоботи зудрасро барпо мекунад.
Хушҳолии мухолифони тағйири номи кишвар
Дар ҳамин ҳол раҳбари ҳизби калидии мухолифин - Ҳизби демократӣ ба хотири ваҳдати миллии Македония (ВМРО-ДПМНЕ – исми пуррааш: Созмони инқилобӣ ё ҳизби демократӣ ба хотири ваҳдати миллии Македония) гуфт, ки дар раъйдиҳӣ пайғоми аслиро онҳое доданд, ки зидди созиш бо Юнон ҳастанд ваё ширкат дар овоздиҳиро бойкот карданд.
Христиан Мисковски, раиси ҳизб гуфт, «воқеият ин аст, ки созиш қабул нашуд ва мардум онро рад кард». Мухолифони тағйири ном худи рӯзи якшанбе дар беруни нуқтаҳои раъй аз натиҷаҳои эҳтимолии овоздиҳӣ хушҳолӣ мекарданд.
Дар ҷараёни овоздиҳӣ ҳеҷ як мушкили ҷиддие ба қайд гирифта нашуд.
Дар як изҳороташ вазорати умури хориҷии Юнон ба натиҷаҳои «зиддунақизи» овоздиҳӣ таъкид карда гуфт, ки ба хотири «ҳифзи рӯҳияи хуби созиши миёни Афина ва Скопйе», ҳама иқдомҳои баъдӣ бояд эҳтиёткорона гирифта шаванд.
«Фазои миллатгароиву бадгумонӣ, пахши хабарҳои ҳамарӯзаи дурӯғин ва фанатизми аз ҳад баланд, мутаассифона, иҷозат намедиҳад, ки аз ин созишнома дуруст баҳра бурда шавад», омадааст дар изҳорот
Йоҳаннес Ҳан, як мақоми Иттиҳодияи Аврупо тавассути Твиттер онҳоеро табрик кард, ки «ба манфиати баргузории референдуми созанда овоз доданд ва аз озодиҳои демократии худ истифода карданд». Дар ин изҳороташ Ҳан навишт, ки натиҷаҳои референдум баёнгари пуштибонии мардум аз «роҳи аврупоии» рушди кишвар мебошад ва аз ҳама раҳбарони сиёсӣ даъват кард, ки ин қарорро эҳтиром карда бо масъулияти тамом ва ба хотири ваҳдату манфиатҳои кишвар амал кунанд.
Баҳсе, ки аз соли 1991 идома дорад
Баҳси сари исми кишвари Македония аз соли 1991 ва аз замоне идома дорад, ки ин кишвар аз Югославияи собиқ ҷудо шуд. Юнон мегӯяд, ки исми Македония метавонад боиси ихтилоф ва даъвои фарҳангиву ҷуғрофӣ бар сари минтақаи ҳамноми шимоли Юнон шавад.
Юнон, Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои дигари аъзои НАТО гуфтанд, ки ҳалношуда мондани баҳс ояндаи Македонияро барои узвият дар ин ду созмон зери суол баранд. Дар натиҷа, моҳи июни имсол Афина ва Скопе созиши мусолиматомезе имзо карданд, ки бар асоси он Македония бояд ба Ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ тағйири ном кунад.
Мақомоти Македония гуфтанд, ки аз миёни аъзои парлумон 71 нафар омода ҳастанд, ки бо тағйири ном кардани кишвар мувофиқат кунанд, вале барои қабули ин қарор раъйи мусбати ҳадди аққал 80 вакил ё 70 дарсади аъзои маҷлис зарур аст.