Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис дар бораи моҷарои консерти Мастер Исмоил ва Баха84


Пулиси Маскав ва маъмурияти “Москва HALL” мегӯянд, дар моҷарои пошидани газ дар консерти рэпсароёни тоҷик дар пойтахти Русия ягон ангезаи қавмӣ намебинанд, балки ин танҳо як авбошист.

Навбатдори пулиси шаҳри Маскав рӯзи 11 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар қазияи истифодаи гази ашковар дар консерти ситораҳои рэпи тоҷик дар “Москва HALL” унсурҳои ҷиноят мушоҳида нашудааст, вале санҷиши ин қазия идома дорад. Ба гуфтаи ин масъул, дар қиболи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст ва маъмурони пулис баъди таҳқиқи аввалия дар маҳалли ҳодиса ба чунин натиҷа расиданд, ки дар ин қазия ягон ангезаи қавмӣ ё ангезаи дигаре ба ҷуз аз авбошӣ нест.

Маъмурияти “Москва HALL” қазияи пошидани гази ашковар дар консерти ситораҳои рэпи тоҷикиро “як ҳодисаи таассуфовар” номида, мегӯянд, ин консертро аз нав ва ин дафъа бепул барпо хоҳанд кард. Маъмурияти “Москва HALL” қазияи пошидани гази ашковар дар консерти ситораҳои рэпи тоҷикиро “як ҳодисаи таассуфовар” номид ва гуфт, ин толори консертӣ ҳамроҳ бо ташкилкунандагони консерти харобшудаи шоми якшанбе тасмим гирифтаанд, ки барои тамошобинон консерти такрории ин ситораҳои бепул доир кунанд.

Моҷаро дар консерти Мастер Исмоил ва Баха84 дар Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00
Линки мустақим


Шоми 10 ноябр дар ҷараёни консерти Мастер Исмоил ва Баха84 дар “Москва HALL” байни як нафаре, ки мехост ба консерт бидуни чипта роҳ биёбад, ва муҳофизони тололр муноқиша бархост ва баъди пошидани гази ашковар аз ҷониби яке аз тарафҳои ин муноқиша мақомоти толор консертро аз нимаш қатъ карданд.

Николай Свириденко, сухангӯи “Москва HALL”, толори консертии воқеъ дар майдони Триумфалная дар маркази Маскав, рӯзи 11 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “консерт то замоне ки як соҳибкор бо муҳофизонаш мехостанд бидуни чипта вориди толор шаванд, хеле хуб мегузашт. Тақрибан 400 нафар, асосан ҷавонон, дар толор ҷамъ шуда буд. Вале баъди онки яке аз ин нафарони норозӣ аз гази ашковар истифода бурд, маъмурияти “Москва HALL” маҷбур ба далоили амниятӣ консертро қатъ кунад ва тамошобинонро ҷавоб диҳад.”

Николай Свириденко ин моҷароро “як ҳодисаи таассуфовар” ва "авобшӣ"-е номид, ки ба гуфтаи ӯ, “ягон тобиши қавмӣ ё тобиши дигар надорад ва дар бисёре аз консертҳое ки дар Маскав баргузор мешаванд, иттифоқ меуфтад.”

Баха84
Баха84
Сухангӯи “Москва HALL” гуфт, ин моҷаро боиси кадом ихтилофи назаре байни маъмурияти толор ва баргузоркунандагони консерти ситораҳои рэпи тоҷикӣ нашудааст, балки бо маслиҳати тарафайн ҳарду ҷониб ба тавофуқ расидаанд, то барои тамошобиноне, ки шоми 10 ноябр “ба бӯи як авбош” аз тамошои консерти ситораҳои маҳбуби худ маҳрум монданд, як консерти дигари бепул дар ҳамин “Москва HALL” ташкил кунанд. Николай Свириденко гуфт, ин консерт рӯзҳои наздик барпо хоҳад шуд.

Аммо Аслишо Акимбеков, яке аз ташкилкунандагони консерти Мастер Исмоил ва Баха84 дар “Москва HALL” мегӯяд, гази ашковарро яке аз муҳофизони толор истифода бурдааст ва онҳо мехоҳанд ин нафарро ба додгоҳ бикашонанд, чунки ӯ ҳаққи истифода аз чунин васоилро дар макони таҷаммӯъи издиҳоми бузург надошт. Акимбеков рӯзи 11 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар байни тамошобиноне, ки осебу зиён диданд, занону кӯдакон, аз ҷумла як зани ҳомила ҳам буд.

Ба гуфтаи ин муҷрии собиқи барномаи пуртамошобини “Лаззат” дар телевизиони “Сафина”, ки ҳоло дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, тақрибан 30 нафар аз тамошобинон, ки шаҳрвандии Русияро доранд, низ мехоҳанд бо даъвои поймол шудани ҳуқуқи онҳо ҳамчун истеъмолкунанда ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Аммо оқои Акимбеков низ азми ташкилкунандагон ва маъмурияти “Москва HALL” барои баргузории як консерти такрории бепул барои тамошобинони маҳруммондаи шаби 10 ноябрро таъйид кард.



Сафорати Тоҷикистон дар Русия қаблан хабар дод, ки низ ба таҳқиқи ҳодисаи пошидани гази заҳролуд дар консерти ҳунармандони тоҷик дар Маскав, шурӯъ кардааст. Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия рӯзи 11-уми ноябр дар сӯҳбат бар радиои "Озодӣ" гуфт, ки ин ниҳод бо раҳбарии консул талош дорад то ин ҳодисаро дар ҳамкорӣ бо мақомоти зидахли Русия таҳқиқ кунад, то ангезаҳо ва сабабҳои ин ҳодиса рӯшан шавад. Ҷаноби Достиев афзуд, ки пас аз таҳқиқи ин ҳодиса, дар соатҳои наздиктарин изҳороти расмӣ пахш хоҳанд кард.

Мастер Исмоил
Мастер Исмоил
Консерти рэпсароёни тоҷик Мастер Исмоил ва Баха-84, ки шаби якшанбеи 10-уми ноябр дар толори "Москва Ҳолл"-и шаҳри Маскав баргузор мешуд, бо пошидани гази заҳролуд, нотамом монд. Ба гуфтаи баргузоркунандагони ин намоиши ҳунарӣ, гази заҳролуд гӯё аз тарафи масъулони ин толор, дар ҳоле, ки консерт бо иштироки 600 нафар тамошобин шурӯъ шуда буд ва чанд дақиқа идома дошт, роҳандозӣ шуда аст.

Аслишо Акимбеков, масъул ва баргузоркунандаи ин консерт дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии "Одноклассики" навиштааст, «Дар бораи оне, ки консерти Мастер Исмоил дар шаҳри Москав мегузарад, ҳама хабар доштанд, лекин дар бораи оне, ки чи воқеаи фоҷиаовар рух дод, танҳо 600 нафаре, ки дар ин консерт иштирок доштанд, иттилоъ доранд. Ба он нафароне, ки намедонанд, рӯзи 10-уми ноябр дар вақти консерт аз тарафи кормандони толори консертии "Москва Ҳолл" барои бартараф кардани муноқиша, гази заҳролуд истифода бурда шуд. Аз он нафароне, ки зарар диданд, хоҳиш мекунам, ки ба беморхона муроҷиат кунанд ва аз он ҷо натиҷаи экспертизиро дар бораи заҳролуд шудани бадан, пурсиш (справка) гирифта ба ман равона кунанд. Барои он заноне, ки ҳомила буданд, сараввал саломатӣ хоҳонем, баъдан хоҳиш мекунем, ки пурсиш аз беморхона барои мо равона кунанд барои кори судиро бурдан бар зидди кормандони ин толор. Мо исбот мекунем, ки мо ҳам инсон ҳастем ва ин рафтор, ғайриқонунӣ буда, дар ягон чаҳорчуба баробар намебиёяд.»

Ба гуфтаи шоҳидон, ҳангоми дар саҳна будани Бахтиёр Қосимов машҳур ба Баха-84, тамошобинон бӯйи газро ҳис кардаанд. Дар ин ҳангом яке аз посбонҳо ба саҳна баромада гуфтааст, консерт анҷом ёфт, вале то омадани пулис набояд касе толорро тарккунад.

Эълони консерти репсароёни тоҷик дар толори "Маскав Ҳолл".
Эълони консерти репсароёни тоҷик дар толори "Маскав Ҳолл".
Посбонҳо баҳона пеш овардаанд, ки чанд нафар бе билет ба консерт ворид шудаанд ва бояд маблағи даромадро пардохт кунанд. Дар натиҷа миёни тамошобинон ва посбонҳо муноқиша ҳам ба миён омадааст.

Аз шӯъбаи корҳои дохилии Маскав ба хабаргузориҳои русӣ гуфтаанд, ки ҳангоми тафтиши билетҳо аз тарафи посбонҳо "вайрон кардани оромии ҷомеа" сар задааст. Вале то омадани пулис ҳамаи беназмиҳо бартараф шудааст ва касеро кормандони мақомот дастгир накардаанд.

Хабаргузориҳои Русия навиштаанд, ки дар лавҳаи (афишаи) эълонҳои толори "Маскав Ҳолл" дар рӯзи 10-уми ноябр чунин консерт дар нақша набудааст. Аммо мутасаддиёни консерт инро рад мекунанд ва мегӯяд чанд муддат боз эълонҳои худро дар он ҷойгир кардаанд ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам дастраси ҳамагон карда будаанд.


XS
SM
MD
LG