Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши компютерии имлои забони тоҷикӣ имконпазир шуд


Вақте ба забони англисӣ дар компютер матн менависед, дар зери вожаҳое, ки хато ҳуруфчинӣ мешаванд, хатти мавҷдори сурх зуҳур мекунад, ки хабар медиҳад, калима ғалат аст.

Сипас бо як "клик" метавонед, хаторо ислоҳ ва шакли дурусти вожаро насб кунед. Ҳоло айни чунин имконият барои онҳое низ пайдо шуд, ки ба тоҷикӣ менависанд.

Панҷ нафар аз барномасозони гурӯҳи мавсум ба «Маркази рушди технологияҳои иттилоотии Зафар Усмонов» бо кӯмаки чанде аз ихтиёриён барномаи коркарди матн – OpenOffice-ро бо имлои забони тоҷикӣ ошно сохтанд ва акнун ин барнома қодир аст ғалатҳои имлоиро ҳангоми навишт ошкор кунад.

Гулшан Довудов, яке аз барномасозони маркази мазкур, ки дар таҳияи ин барнома саҳм доштааст дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» рӯзи 25-уми апрел гуфт, аслан барои таҳияи барномаи имлои тоҷикӣ дар низоми OpenOffice наздик ба 15 нафар дар давоми як сол заҳмат кашидаанд. Вай афзуд: «OpenOffice ба барномаи дар Тоҷикистон маъмули Micrоsoft Office хеле шабоҳат дорад, вале чун озодасос асту ройгон паҳн карда мешавад, мо тавонистем, ки дар он тафтиши имлои забони тоҷикиро ба роҳ монем. Ин барнома дар оилаи барномаҳои Micrоsoft, Linux ва ҳатто Macintosh низ кор мекунад.»

Ҷаноби Довудов афзуд, барои таҳияи ин барнома онҳо 1 миллион саҳифа матни тоҷикиро гирд оварда, калимаҳоро аз рӯи басомад ё шумораи истифода раддабандӣ кардаанд. Дар натиҷа 68 ҳазор решаҳои ягонаи захираи луғавии забони тоҷикӣ гирд оварда шуданд. Шеваи кори барнома, ба гуфтаи ҷаноби Довудов, сода ва осон аст: «Ин барнома қодир аст хатоҳои имлоиро аз матни забони тоҷикӣ ёфта бо хатти сурх ишора кунад ва ҳангоми пахши тугмачаи «дурустнависӣ» шакли дурусти навишти калима пешниҳод ккнад. Ин барнома бо назардошти охирин тағйирҳо дар имлои забони тоҷикӣ таҳия шудааст.»

Довудов мегӯяд, корбарони компютер имкон доранд, ин барномаро аз торнамои OpenOffice.org ва торнамои «Маркази рушди технологияҳои иттилоотии Зафар Усмонов» tajlingvo.tj ройгон нусхабрдорӣ ва дар компютери худ насб кунанд. Аммо ӯ афзуд, ҳоло ин барнома танҳо иштибоҳҳои имлоиро ислоҳ мекунад ва хатоҳои ҷумласозиро намешиносад. Аммо қарор аст, дар оянда ғалатҳои ҷумласозӣ бо хатти сабз ишора шаванд.

Гурӯҳи барномасозони «Маркази рушди технологияҳои иттилоотии Зафар Усмонов» бо ширктаи Micrоsoft Office низ дар иртиботанд ва талош доранд дар оянда ин ширкат дар бастаи нармафзорҳояш барномаи тафтиши имлои забони тоҷикиро низ ҷой диҳад.Тарҳи “Тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар OpenOffice.org” аз тарафи Институти “Ҷамъияти Боз”- Бунёди мадади Сорос дар Тоҷикистон сармогузорӣ шудааст.

Қарор аст рӯзи 26 апрел дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ш. Хуҷанд) ва рӯзи 2 май дар Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон (ш.Душанбе) маросими муаррифии Барномаи компютерии тафтиши имлои тоҷикӣ доир шавад.
XS
SM
MD
LG