Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИДМ аз марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон ҳифозат мекунад


Нишасти Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар тафреҳгоҳи Бурабойи вилояти Акмолаи Қазоқистон. 16-уми октябри соли 2015.
Нишасти Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар тафреҳгоҳи Бурабойи вилояти Акмолаи Қазоқистон. 16-уми октябри соли 2015.

Сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба созиш расиданд, ки аз марзҳои ин иттиҳод, аз ҷумла, сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳимоят хоҳанд кард.

Сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мулоқоти рӯзи ҷумъаи худ дар Қазоқистон, имкони ҳифозат аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ карданд.

Тибқи иттилои бахши русии шабакаи Бӣ-Бӣ-Сӣ, яке аз мавзӯъҳои муҳими нишасти Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баррасии вазъ дар Афғонистон буд. Ба иттилои манбаъ, дар ин нишаст сарои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба мувофиқа расиданд, ки дар сурати вахим шудани вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ба таври муштарак вориди амал мешаванд.

Дар ин нишаст Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия гуфтааст, ки гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДИИШ қасд дорад аз тариқи Афғонистон ба хоки кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шавад. Раиси ҷумҳурии Русия ҳамзамон гуфтааст, ки вазъият дар Афғонистон рӯ ба вахомат аст. Ба гуфтаи президенти Русия, феълан аз 5 то 7 ҳазор шаҳрванди кишварҳои узви ИДМ ба суфуфи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Ин созмони тундрав, ки фаъолияташ дар Русия ва кишварҳои дигари узви ИДМ мамнӯъ аст, алайҳи Русия ва Амрико ҷиҳод эълон кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар суханронии худ таъкид намуд, ки дар вазъи ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ, бӯҳрони иқтисодию молиявӣ, мураккаб гардидани муноқишаҳои минтақавӣ, мо имкон дорем дар доираи Иттиҳод ҳамаи масъалаҳои мубрам ва роҳҳои ҳалли мушкилот дар минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намоем. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳамкории зичу пурсамари кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таъмини амният, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва таҳкими сарҳади берунии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, ҳамкориҳо дар бахши гуманитарӣ, раванди муҳоҷират, мубориза бо ҷинояткорӣ, муносибатҳои фарҳангӣ, идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ техникӣ амри зарурист.

Мулоқоти раҳбарони кишварҳои ИДМ дар Бурабойи Қазоқистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00

​Зимнан, дар нишасти имрӯзаи сарони кишварҳои узви ИДМ созишномаи ҳамкориҳои низомӣ миёни ин давлатҳо то соли 2020 имзо шуд ва дар бораи мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, муроҷиатномае тасвиб гардид. Ба эътиқоди ҷаноби Путин, созишномаи ҳамкориҳои низомӣ имкон медиҳад, то аз вуруди ҷангиёни ДИИШ ба Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин гуфтааст, ки Маскав дар заминаи ташкили эътилоф дар Сурия, бо Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Урдун ва Исроил мавзӯи муборизаи муштарак алайҳи терроризмро матраҳ кардааст. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Русия на барои мубориза бо ҷангиёни ДИИШ, балки ба хотири пуштибонии низомӣ аз режими Асад вориди қазияи Сурия шудааст.

Ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) рӯзи 16-уми октябр дар тафреҳгоҳи Бурабойи вилояти Акмолаи Қазоқистон пушти дарҳои баста баргузор шуд. Барои пӯшиши хабарии ин ҳамоиш, 250 хабарнигор аз кишварҳои мухталиф омадаанд.

Дар кори ин ҷаласа руасои ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Белоруссия, Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон ва ҳамчунин, муовинони нахуствазирони Туркманистону Молдова ва сафири Украина дар Қазоқистон ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG