Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобути чаҳор муҳоҷири тоҷик ба Душанбе расид. ВИДЕО, АКС


Рӯзи 8-уми август тобути чаҳор муҳоҷири тоҷик, ки дар як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Рязани Русия ба ҳалокат расиданд, ба Душанбе оварда шуд.

Садамае рӯзи 6-уми август ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷаи он 6 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла Назира Насриноваи 14-сола ҷон бохтанд.

Назира ҳамроҳи модараш Гулдона Насримова ва бародараш Ҷовидони 12-сола бояд ба Тоҷикистон бармегаштанд, вале дар роҳ Назираву модараш ба ҳалокат расиданд ва бародари хурдсоли ӯ маҷруҳ шуд.

Ба ҷуз ин модару духтар, шоми 8-уми август тобути Ислом Халилов ва Фирӯз Муллоев низ ба наздиконашон супурда шуд. Ҷасади ин чаҳор нафар тавассути ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Маскав ба Душанбе интиқол ёфт.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ҷасади ду муҳоҷири дигари ҳалокшуда Абдулло Саидов ва Валиҷон Маҳмудовро шаби 8 ба 9-уми август ба Душанбе мефиристанд.

Наздикони ин муҳоҷирон мегӯянд, онҳо бо умеди дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия рафта буданд. Баҳриддини Киром, сокини ноҳияи Айнӣ, писари холааш Фирӯз Муллоевро дар садамаи рӯзи 6-уми август аз даст дод. Вай гуфт, Муллоев ҳафт сол боз ба муҳоҷират мерафт ва рӯзи 6-уми август мехост ба Тоҷикистон ба назди пайвандон баргардад.

Тобути чаҳор муҳоҷири тоҷик ба Душанбе расид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:15 0:00

Фирӯз Муллоев 42 сол дошт ва аз ӯ се фарзанди ноболиғ мондааст. “Аз деҳаи Урметан бисёриҳо ба Русия мераванд. Замона ҳамин аст. Маҷбур мешаванд, ки мераванд. Дар Тоҷикистон ҷойи кор нест. Ин сафараш ҳамин хел шуд”, -- гуфт Баҳриддини Киром.

Наздикони муҳоҷирон дар суҳбат ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, гаронии нархи билети ҳавопаймо онҳоро маҷбур кардааст, ки ба воситаи нақлиёт ба ватан баргарданд.

Садамаи рӯзи 6-уми август, ки дар шаҳри Рязан рух дод, аз Кумитаи тафтишотии Русия таҳқиқ мешавад.

Пулиси Русия мегӯяд, 12 муҳоҷир савори як мусофирбари хурди “Мерседес” ба тарафи Тоҷикистон мерафтанд. Ин мусофирбар ба як мошини сабукрав бархӯрдааст.

Бо вуҷуди сафари пурмашаққат ба воситаи муосифрбарҳо, муҳоҷирон бештар аз ин роҳ ба Русия мераванд ва ё аз онҷо ба ватан бармегарданд. Чун нархи билети ҳавопаймо, ба гуфтаи онҳо, гарон аст ва на ҳама имкони хариди онро дорад.

Имрӯзҳо арзиши сафар ба Русия ба воситаи ҳавопаймо беш аз 2 ҳазор сомонӣ (200 доллар) ва тавассути автобус аз 500 то 750 сомонист (50-70 доллар).

Дар Русия беш аз як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз онҳо муҳоҷирони мавсимиянд ва асосан дар фасли баҳору тобистон ба Русия мераванд. Ҳар сол то ҳазор тобути муҳоҷирон ба Ватан оварда мешавад. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф дар сохтмон гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG