Даргириҳои шадид миёни нерӯҳои Арманистону Озарбойҷон дар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ аз ду тараф чандин куштаву захмӣ барҷой гузоштаанд. Дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳони таваққуфи фаврии ҷанг шудааст, ду ҷониб якдигарро ба доман задани набардҳо муттаҳам мекунанд.
Аз роҳу хонаҳои вайрона то пинҳонгоҳ. Зарбаи сахти ҷанг дар Қаробоғи Кӯҳӣ ба ғайринизомиён. АКС

1
Акс аз наворест, ки рӯзи 28-уми сентябр дар сомонаи расмии Вазорати дифои Озарбойҷон гузоштаанд. Ҳамлаи Озарбойҷон ба маҳалли ҷудоиталабони арманӣ дар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ.

2
Вазорати дифои Арманистон бо нашри наворе гуфт, ки нерӯҳои ин кишвар як зиреҳпӯши Озарбойҷонро нобуд кардаанд.

3
Марде дар шаҳри Тартари Озарбойҷон зарари расида аз тирандозиро нишон медиҳад

4
Ин акс тавассути Вазорати корҳои хориҷии Арманистон паҳн шуд. Дар он мутахассисон ба як ғайринизомӣ ёрии тиббӣ мерасонанд, ки бовар меравад дар ҷанг маҷруҳ шудааст.