Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти додситонҳои СНГ дар Душанбе


Шерхон Салимзода
Шерхон Салимзода

Вазъи мубориза бо ҷинояткорӣ дар паҳнои Шӯравии собиқ ва чолишҳои наве, ки дар ин арса ба миён омадаанд, аз ҷумлаи мавзӯъҳои умдаи ҷаласаи навбатии додситонҳои кулли кишварҳои СНГ дар шаҳри Душанбе буд.

Шӯрои ҳамоҳангсози додситонҳои кулли ИДМ мегӯяд, кишварҳои узв дар ошкор кардани ҷиноятҳо пешрафт кардаанд. Аммо бар ин нукта ҳам ишорат кард, ки симои ҷинояткорӣ дар ин паҳно тағйир карда, чолишҳои нав ба миён омадаанд. Ин нукта рӯзи 25 сентябр дар анҷоми ҷаласаи 24-уми Шӯрои ҳамоҳангсози додситонҳои кулли кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе таъкид шуд.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ки раёсати ҷаласаро ба зимма дошт, ба хабарнигорон гуфт, тайи як соли ахир наздик кардани қонунгузории кишварҳо дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ пеш рафт. Вай дар мисоли Тоҷикистон зикр кард, ки тайи як соли ахир низоми фаъолияти додситониҳо ба куллӣ тағйир карда, дастгоҳҳои марказӣ ва маҳаллӣ пурра дигар карда шуданд: “Аз соли 2010 қабул барои кор дар додситониҳои Тоҷикистон бидуни истисно дар асоси конкурс сурат мегирад. Ин тадобир тартибу низом дар додситониҳоро беҳтар кард ва додситониро ба як сохтори муътабар дар миёни сохторҳои дигар табдил дод. Ба хотири коҳиши мудохилаи додситониҳо дар соҳаҳои гуногун мо тафтишҳои додситониро коҳиш додем ва ба ин ҳол, ба ошкор кардани бештари ҷинояткорӣ даст ёфтем.”

Шерхон Салимзода ба зикри ин, ки пешрафтҳо бо мусоидати додситониҳои кишварҳои узви ИДМ ба даст омадаанд, гуфт, дар соли 2013 дар қиёс бо соли 2012 - 10,5% ва дар муқоиса бо соли 2009 – 48% ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон бештар ошкор шудааст. Ҳамзамон соли 2013 ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон 10% ва дар сатҳи ИДМ 2% дар қиёс бо соли 2012 коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, Леонид Ермолаев, котиби иҷроияи Шӯрои ҳамоҳангсози додситонҳои кулли кишварҳои узви ИДМ гуфт, вақте дар бораи дастовардҳо зёд суҳбат мешавад, инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки додситониҳои ИДМ ба чолишҳои нав рӯбарӯ мешаванд: “Мутаассифона, дар баробари коҳиши ҷинояткорӣ дар кишварҳои иттиҳод, ҷинояткориҳо дар соҳаҳои иқтисод, молия, иттилоот ва мухобират афзоиш меёбад. Муттаҳидшавии агрессивии ҷинояткории муташаккил, фасод, қочоқи инсон, қочоқи маводи мухаддир ва терроризми байнулмилалӣ бармало шудааст. Барои ин бояд ҳамкории миёни додситониҳо ва дастрасии онҳо ба таҷҳизоти замонавӣ бояд тақвият ёбад.”

Котиби иҷроияи Шӯрои ҳамоҳангсози додситонҳои кулли ИДМ дар ин замина арқомеро ба миён нагузошт, аммо он чӣ бармало дар расонаҳо ва ҳисоботҳои мақомоти қудратии кишварҳои узв вомехӯрад, афзоиши гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар ин фазо аст, ки бо тиҷорати инсон, қочоқи маводи мухаддир ва терроризми байнулмилалӣ машғуланд.

Коршиносон мегӯянд, ишораи Леонид Ермолаев ин нуктаро рӯшан мекунад, ки баробари дар дохили кишварҳои ИДМ коҳиш ёфтани ҷинояткорӣ, ширкати шаҳрвандони ин кишварҳо дар гуруҳҳои ҷиноӣ дар сатҳи ҷаҳон бештар шудааст, бахусус, қочоқи инсон ва узвият дар гуруҳҳои террористӣ.

Бино ба маълумотҳои ахир, танҳо дар ҳайати “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия аз Русия – 493, Украина - 50, Қазоқистон – 150, Қирғизстон – 30, Ӯзбакистон – 31 ва Тоҷикистон – 200 ҷангӣ ширкат доранд. Ҳамчунин тавассути Русия шаҳрвандони ин паҳно низ ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ дар Покистон ва Афғонистон мепайванданд. Ин мавзӯъ солҳо ба ин сӯ яке аз мавзӯъҳои доғ ба шумор меояд, аммо дар амри ҷилавгирӣ аз ин масирҳои ҷалби ҷавонон ба нуқтаҳои доғи ҷаҳон тадбире андешида нашудааст.

Абдулло Ҳабибов, яке аз раҳбарони собиқи вазоратҳои умури дохилӣ ва дифои Тоҷикистон, мегӯяд, низомҳои мавҷудаи кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳарчанд дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ дар дохил кор мекунанд, барои ҷилавгирӣ аз хатарҳои навтарин заъф нишон медиҳанд: “Ҳоло раванди ҷаҳонишавӣ аст ва як инсон ҳуқуқ пайдо кардааст, ҳар куҷои ҷаҳон, ки хоҳад биравад. Мақомоти қудратӣ наметавонанд он ҳамаро назорат кунанд, агар як низоми муайяни назорат ба миён оварда нашавад. Дар кишварҳои мо ба ин ҷониб масъала кам аҳамият медиҳанд. Мо пушаймон мешавем, аммо дер мешавад. Ин ҳама бояд як меъёр дошта бошад. Кор бояд аз хонаву мактаб то сатҳи ҳукумат ба роҳ монда шавад. Бояд ҳар касро донем, ки кӣ аст ва ба чӣ кор машғул аст? Вагарна ба сафи террористон ҳам ҳамроҳ мешавад, қурбонии қочоқи инсон ҳам мешавад.”

Шерхон Салимзода бо муовини додситони Русия Александр Звягинтсев
Шерхон Салимзода бо муовини додситони Русия Александр Звягинтсев

Дар ҷаласаи душанбегии Шӯрои ҳамоҳангсози додситонҳои кулли кишварҳои узви ИДМ додситонҳои кулли Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, муовинони додситонҳои кулли Озарбойҷон ва Русия ширкат доранд. Додситонҳои кулли Украина, Молдова ва Арманистон зимни номаҳои худ ба додситони кулли Тоҷикистон узрхоҳӣ кардаанд, ки ба далели пеш омадани “корҳои муҳими фаврӣ” натавонистаанд дар ҷаласаи Душанбе ширкат кунанд. Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози додситонҳои кулли кишварҳои узви ИДМ, додситони кулли Русия – Юрий Чайка - низ дар ин нишаст ширкат надошт.

XS
SM
MD
LG