Ба гуфтаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ихроҷи раиси бозори “Сомон” - шаҳрванди уйғуртабори Чин, ки тоҷирони ин бозор аз ӯ “Ҳоҷӣ Карим” ном мебаранд, 3 - юми июли соли равон аз сӯи ниҳодҳои дигари кишвар сурат гирифта, сабаби ин тасмим ба онҳо равшан нест. Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи ин ниҳод бо зикри ин матлаб афзуд, ки ин шаҳрванди Чин дар масоили иҷозаи будубош ва фаъолияти корӣ бо Хадамоти муҳоҷират мушкиле надошт.
Баҳси нав сари раҳбарии бозори “Сомон”
Дар ҳамин ҳол Абдуҷамол Тоҷибоев, раҳбари ширкати “Азиз – компания”, ки ҳоло худро раиси бозори «Сомон» меномад ва дар сафари корӣ дар Душанбе қарор доштааст, дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба мақомоти додситонии Тоҷикистон шикоят бурдааст, то ҳуқуқи ӯро дар ин вазифа таъмин кунанд. Вай афзуд, пас аз ихроҷи раиси пешини бозор ба Чин, як гурӯҳ худро раҳбари нави бозор эълон карда, чанд рӯз пеш бо зӯрию таҳдид куфлҳои дари ҳуҷраҳои кории бинои маъмурии бозорро канда, ба ҷои он куфлҳои худро часпонданд ва намегузорад вай адои вазифа кунад: “Ҳозир як қисми ҳуҷҷатҳо нест, ду дона муҳр буд, онҳо ҳам нест. Намедонам инҳо ба чӣ машғуланд. Мақсади инҳо, омада ба ҷойи тайёр соҳиб шудан, ки аслан ба ягон чорчӯбаи қонун рост намеояд.”
Ҷаноби Тоҷибоев мегӯяд, дар бораи як саҳмдори асосӣ ва ҳоло раиси нави бозор буданаш санадҳои қонунӣ дар даст дорад, ки ба мақомот пешниҳод кардааст. Вале ин даъвои ӯро маъмурияти кунунии бозори Тоҷикистону Чин - «Сомон» дар шаҳри Чкалов “Сомон” - и Чкалов бепоя мехонад. Ута Даминов, ки худро муовини раиси пешини ин бозор, муаррифӣ кард, ба Озодӣ гуфт, ҳоло тамоми умури бозорро вай дар даст дорад: “Тоҷибоев мудир ҳам нест ва ба ин ягон ҳақ ҳам надорад. Ин ҷо аз прокуратура ва вазорати дохилӣ ҳам омада, аризаи ӯро тафтиш карда истодаанд. Ин ҷо нисбат ба ягон кас зӯроварӣ нашудааст, бозор аз ман, Даминов аст ва худам дар ҳамин ҷо кор карда истодаам ва нисбати касе кори нодурусте накардаам. Ин Тоҷибоев буд, ки то дирӯз то раисҷумҳур менавишт, ки ин ҷо чиноиҳо тоҷиконро азоб дода истодаанд, акнун худро паҳлӯи онҳо гирифтааст.”
Як манбаи дигари наздик ба маъмурияти бозори “Сомон” бидуни зикри номи худ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти додситонӣ дар пайи шикояти Тоҷибоев маъмурони бозорро бозпурсӣ доранд. Тоҷирони бозор мегӯянд, бо тартибу шароити пештара кор мекунад ва раҳбарияти нав ба кори онҳо халале намерасонад.
Бозори муштараки Тоҷикистону Хитой – “Сомон”, воқеъ дар ҳудуди шаҳри Чкалов, 5 километрии Хуҷанд бузургтарин бозори умда ва чаканафурӯшӣ дар вилояти Суғд аст, ки он ҷо умдатан молу колои чинӣ мефурӯшанд. Аксари кулли тоҷирони он сокинони маҳаллии Тоҷикистонанд.
Ин бозорро Абдуҷамол Тоҷибоев, муассиси ширкати "Азиз - компания" соли 2005 дар ҳамдастӣ бо Эргаш Даминов, шаҳрванди Тоҷикистон ва Абдукелиме Шадике, шаҳрванди уйғуртабори Чин, раҳбари ширкати “Кучулан”, маъруф ба “Ҳоҷӣ Карим” таъсис додаанд. Сипас ҷаноби Тоҷибоев аз соли 2010 ба ин сӯ бо раиси пешини депортшуда - Абдукалиме Шадике, сари бозори «Сомон» баҳси тӯлонии додгоҳӣ дошт. Он замон Абдуҷамол Тоҷибоев дар додгоҳи иқтисодии Суғд ду ҳамкорашро ба нақзи созишномаи ҳамкорӣ муттаҳам мекард, ки хостаанд аз ин тиҷорати муштарак ӯро берун андозанд. Ин баҳс пас аз кашмакашҳои зиёд ниҳоят бо тавофуқи миёни ҷонибҳо ба анҷом расида буд.