Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ҳукми қатли як шаҳрванди Тоҷикистонро иҷро мекунад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз наздикони Ҳасан Юсуфов хостааст, ки яке аз онҳо рӯзи 28 январ дар лаҳзаи эъдоми ин соҳибкори тоҷик дар Чин бошанд.

Мақомоти Чин ҳукми қатли соҳибкори 51-солаи тоҷик Ҳасан Юсуфовро ба иҷро дароварда, тавассути Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз наздиконаш хостаанд, ки яке аз онҳо барои ҳузур дар ҷараёни эъдоми ӯ ба Чин равад. Ба иттилои наздикони Ҳасан Юсуфов, хабарномаи вазорати корҳои доихилӣ як ҳафта қабл ба дасташон расидааст ва дар он гуфта мешавад, ки эъдоми ин шаҳрванди тоҷик 28 январ сурат хоҳад гирифт.

Ҳасан Юсуфов, ки ба соҳибкорӣ ва воридоти мол аз Чин машғул буд, ҳанӯз панҷ соли пеш дар Урумчӣ бо иттиҳом қочоқи маводи мухаддир дастгир ва баъдан аз сӯи додгоҳи Чин ба қатл маҳкум шуд.

Баҳодур Юсуфов - бародари Ҳасан Юсуфов рӯзи 27 январ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, аҳли хонаводаашон аз мақомоти Тоҷикистон бисёр мехоҳанд, ки монеи иҷрои ҳукми қатли бародараш дар Чин бишаванд. Ба иддаои ӯ, Ҳасан Юсуфов дар Урумчӣ асосан ба тиҷорати либос машғул буда, бо маводи мухаддир сари кор надоштааст.

Акси Ҳасан Юсуфов
Акси Ҳасан Юсуфов

"Ӯ дар бозор ба доми фиреби як зан афтода ва ҳини интиқоли як халта ба ҷойи дигар, ки дар дарунаш маводи мухаддир будааст, аз тарафи пулиси Урумчӣ боздошт гардидааст," – гуфт ӯ.

Баҳодур Юсуфов афзуд, вазорати корҳои дохилӣ ва додситонии кулл ба онҳо хабар додаанд, ки як нафар аз хонаводаашон бояд ба Чин равад: “Дирӯз, вақте мехостам ба онҷо биравам, бинобар номусоид будани обуҳаво, парвози ҳавопаймо ба таъхир гузошта шуд. Бино бар ин, натавонистам ба сафари худ идома диҳам.”

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир 16 шаҳрвандиТоҷикистон дар зиндонҳои Чин ва 3 шаҳрванди Чин дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар моҳи майи соли гузашта ҳангоми муаррифии “Созишномаи миёни Тоҷикистон ва Чин дар бораи бозпас гардонидани маҳкумшудагон” дар парлумон гуфта буд, аз ин 16 шаҳрванди Тоҷикистон 9 нафар мард ва 7 тани дигар зан буда, ҳамагӣ барои қочоқи маводи мухаддир маҳкум шудаанд.

Ӯ афзуд, "аз шумораи умумии маҳкумшудагон се зан ва як мард ба ҷазои қатл, панҷ нафар ба ҳабси абад ва боқимонда ба мӯҳлатҳои гуногун маҳкум шудаанд. Сокинони ҷумҳурии Чин дар зиндонҳои Тоҷикистон се нафаранд ва барои таҷовуз ба номус, қасдан расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ва даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар маҳбасҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд."

16 шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Чин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон он замон ба зарурати баргардондани маҳбусони тоҷик ба ватан таъкид карда гуфта буд, “бо вуҷуди он ки ин афрод ҷинояткор ҳастанд, вале шаҳрванди Тоҷикистонанд,бояд талош кард, ки онҳо ба ватан оварда шуда, дар ин ҷо адои ҷазо кунанд. Зеро дар он давлатҳо ҷои пурсишу кӯшиш нест, ҳамин ки вақт омад, ҳукм иҷро мешавад. Аз ин хотир, агар тезтар ин созишномаро тасдиқ кунем, ниҳодҳои зарурӣ барои ҳарчи тезтар амалӣ кардани ин шартнома кӯшиш хоҳанд кард ва мо ақаллан ҳаёти одамонро ҳифз карда метавонем. Зеро ҳеч чиз аз ҳаёти одамӣ болотар нест.”

Созишномаи табдили зиндониён дар байни Тоҷикистону Чин ҳанӯз соли 2014 дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд, аммо танҳо рӯзи 20 майи соли гузашта ба тасвиб расид. Баъд аз он мақомоти Тоҷикистон хабар надодаанд, ки оё табдили зиндониён миёни Душанбе ва Пекин сурат гирифтааст ё не.

Қонунгузории Чин дар мавриди қочоқбарони маводи мухаддир ҷазоҳои хеле шадид, бо шумули ҳукми қатлро пешбинӣ мекунанд. Ба ҷуз аз Ҳасан Юсуфов, боз 3 шаҳрванди дигари Тоҷикистон, аз ҷумла як зан дар Чин бо айни ҷурми қочоқи маводи мухаддир ҳукми қатл гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG