Тоҷикистон пешниҳоди Чинро баррасӣ мекунад, ки хостааст, ду давлат тиҷорати байниҳамиро бо юан, пули миллии Чин, анҷом диҳанд. Дар ҳоли ҳозир танҳо Ҷопон чунин дархости Пекинро пазируфтааст ва бархе аз кишварҳои Аврупо ва Африқо ҳамоно суду зиёни ин гузорро дар тарозуи андеша гузоштаанд.
Агар ин пешниҳод пазируфта шавад, шубҳае боқӣ нахоҳад монд, ки юан дар саррофиҳои Тоҷикистон дар ҷойи аввал, болотар аз доллару евро ва рубл қарор хоҳад гирифт, ҳарчанд ҳоло на ҳамаи ин дуконҳо юан мефурӯшанд. Аммо ин ҳам бояд гуфта шавад, ки дар як соли охир шумораи саррофиҳое, ки юан доранд, дар Душанбе ба маротиб бештар шудааст. Ба гуфтаи яке аз коршиносон, ҳоло дар 90 дарсади онҳо метавон пули чиноиро пайдо кард.
ЮАН БА ҶОЙИ ДОЛЛАР?
Мақомоти Чин борҳо гуфтаанд, ки мехоҳанд, юан ба пули байнулмилалӣ табдил ёбад. Охири моҳи ноябр Йи Гана, ноиби раиси Бонки миллии Чин гуфт, кишвараш дигар ба зиёд кардани захираи асъори худ бартарӣ нахоҳад дод. Манзур, ин сармоя барои рушди феълӣ ва ояндаи Чин кофист. Бино ба иттилои хабаргузории Bloomberg, захираи асъори Чин, ки бахши умдаи онро доллари амрикоӣ ташкил медиҳад, ба дараҷае бузург шудааст, ки Чин метавонад ҳамаи захираҳои тилои бонкҳои марказии ҷаҳонро ду бор харад. Мақомоти Чин дар поёни семоҳаи савум ин захираро 3 триллиону 600 миллион доллар шумурда буданд.
27-уми ноябр дар ҳамоиши сарон дар Руминия бо ширкати сарвазирони 16 давлати Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, сарвазири Чин Ли Кэтсян пешниҳод кард, дар додугирифти ин кишварҳо бо Чин юан дар баробари евро истифода шавад. Аврупо мисли Тоҷикистон ба ин пешниҳод ҳанӯз посух надодааст. Бархе аз таҳлилгарон бар инанд, ки юан сабаби афзоиши нуфузи Чин дар Тоҷикистон мешавад, вале бархи дигар мегӯянд, табдили мустақими пул ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.
Ва Вазорати корҳои хориҷии Чин изҳори умедворӣ кардааст, ки дар даври нави раёсатҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 2013- 2020 робитаҳои байни ду кишвар густариш ва таҳким хоҳанд ёфт.
ЧИН ТОҶИКИСТОНРО ИШҒОЛ КАРД?
Хабари доғе, ки моҳи май дар расонаҳои хабарии Русия ва бархе аз кишварҳои дигар паҳн шуд, бо вуҷуди сарлавҳаи “доғ”-аш вокунишеро дар Тоҷикистон ба бор наовард. Дар матолибе зери унвони “Чин танкҳои худро ба қаламрави Тоҷикистон даровард” ва “Пекин ноҳияҳои марзии Тоҷикистонро ишғол кард” гуфта мешуд, Пекин дар ивази қарзи давлатии Тоҷикистон бештар аз он қаламраверо гирифтааст, ки ихтиёран барояш дода шуд.
Хабарнигори украинӣ Руслан Ярмолюк ба марзи Тоҷикистону Чин сафар кард ва дар гузорише вазъро рӯшан намуд. Маълум шуд, техникаи роҳсозии Чин ба қаламрави нави ин кишвар ворид шуда, коргарон дар пайи сохтани қароргоҳи марзбониянд. Аммо дар ҳамин навори видеои шабакаи телевизионии "Интер" аз нохушнудии аҳолии маҳаллӣ суҳбат мешавад ва ҳам омадааст, ки 1 ҳазор километри мураббаъ қаламрави пешини Тоҷикистон аз канданиҳои фоиданок, мисли тило ва уран бой аст. Шояд ба ин сабаб чиноиҳо баробари тасвиби қарордоди байнидавлатӣ ба коркарди ин қаламрави нави худ сар карданд.
Қазияи ба Чин дода шудани замини Тоҷикистон, ки баҳсҳои зиёдеро дар ҷомеа бапо кард, муносибати носолимеро ба Чин ва чиноиҳо дар Тоҷикистон ташаккул дод. Аммо устоди бахши муносибатҳои байнулмилалӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Амриддин Шарифов мегӯяд, ин рӯҳия муваққатӣ буд, чун бо дидани заҳматпешагии коргарони чиноӣ бархӯрди аҳолӣ ба онҳо тағйир кард. Бо вуҷуди ин устоди дигари ҳамин бахш дар Донишгоҳи миллӣ Ниёзбадал Мирзоев дар маҳфиле дар сафорати Чин дар Душанбе пешниҳод кард, ки барои иҷрои тарҳҳои мушатарак, махсусан дар соҳаҳое, ки ихтисос талаб намекунанд, коргарони маҳаллӣ ҷалб шаванд ва ин амал зудтару беҳтар метавонад бархӯрди ҷомеаро ба Чин иваз кунад.
ЯК ВИЛОЯТИ ЧИН?
Аксари коршиносон бар инанд, ки соли 2013 дар робитаҳои Тоҷикистон ва Чин “соли махсус” буд. Аввали сол раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори аввал Чинро “коршарики стратегӣ” номид ва чанде баъд чунин як созишнома байни ду давлат ба имзо расид. Ба ақидаи таҳлилгари тоҷик Вафо Ниятбеков, акнун Чин қариб дар тамоми риштаҳо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва дар баъзеи онҳо ба ҳамкори шумораи аввал табдил ёфтааст: “Ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Чин дар Тоҷикистон имсол аз 2 миллиард доллар гузашт ва агар бо ҳамкорони суннатии стратегие чун Русия муқоиса кунем, Чин бартарӣ ёфтааст.”
Агар аҳолии Тоҷикистон ба дарёи моли тавлиди Чин дар бозорҳо одат карда буд, акнун ҳазорон коргари чинӣ дар бисёре аз маҳалҳои кишвар ба манзараи ҳаррӯза табдил ёфт. Чин бо майли тамом ба саноат, алоқа, энергетика, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, нақлиёт ва маорифи Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад. Танҳо як ширкати чиноӣ "AMER International Group Co. LTD" моҳи сентябр эълом дошт, ба риштаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон 500 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳад кард.
Охири моҳи сентябр ду кишвар дар мавриди таҳқиқи муштараки геологии Помир ба созиш расиданд ва ба ин муносибат дар Тоҷикистон Маркази заминшиносии Вазорати замин ва захираҳои Ҷумҳурии Халқии Чин таъсис ёфт. Чин ҳамчунин гуфтааст, бунёди роҳи оҳанеро сармоягузорӣ хоҳад кард, ки то Эрон масир хоҳад дошт. Ба ақидаи Ниятбеков барномаи Чин дар Тоҷикистон ва куллан Осиёи Марказӣ таҳрест дар баробари нақшаҳои амрикоии “Роҳи Нави Абрешим” ва русии “Шарқи Миёнаи Нав”. Маскав ҳамчунин талош дорад, Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба Иттиҳоди Гумрукӣ ва Иттиҳоди Авруосиё шомил гардонд, ки дар натиҷа мумкин аст, таъсири Чин ба маротиб кам шавад. Аммо, ба ақидаи ин коршинос, бартарии Чин дар қудрати иқтисодии он аст ва чиниҳо барномаи худро “Роҳи Нави Иқтисодии Абрешим” меноманд.
Тоҷикистон ба “як вилояти Чин” табдил нахоҳад ёфт, агар аз ҳарсе барнома моҳирона истифода кунад ва дар масъалаи гузаштан ба юан, пули миллии Чин, Ниятбеков бар ин аст, ки бояд чанд соли дигар сабр карду дид, ки дар бозорҳои молиявии ҷаҳон чӣ ҳолате пеш меояд.