Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Кобул аз нақши Чин


Кобул нақши Чин дар музокироти сулҳи ҳукумати Афғонистон бо Толибонро созанда ва муфид хондааст.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки нақши Чин бо дарназардошти равобити хубаш бо Покистон, дар музокироти сулҳи ин кишвар бо Толибон, муҳим аст. Назифуллоҳ Солорзай, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон ин матлабро пас аз он ба Радиои Озодӣ баён дошт, ки Чин барои миёнҷигарӣ дар гуфтугӯҳои сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон ибрози омодагӣ кардааст. Оқои Солорзай ҳамчунин гуфт, Кобул аз ҳар кишваре, ки битавонад Афғонистонро дар ин раванд кӯмак кунад, истиқбол хоҳад кард.

"Ҳукумати ваҳдати милли ба ин бовар аст, ки калиди сулҳ дар дасти худи афғонҳо аст ва ин ихтиёрро ба ҳеҷ каси дигар нахоҳад дод. Аммо ҳар кишваре, ки битавонад Афғонистонро дар ин раванд ҳимоят ва кӯмак кунад, аз он истиқбол хоҳад кард. Ва як таъкиди дигар мехоҳам бикунам, ки ҳукумати Афғонистон дар ин маврид сухани кам мегӯяд, амалаш бештар хоҳад буд."

Назифуллоҳ Солорзай, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон.
Назифуллоҳ Солорзай, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон.

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки сухангӯи вазорати умури хориҷии Чин рӯзи сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки кишвараш омода аст, дар гуфтугӯи сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон, миёнҷигарӣ кунад.

Дар ин ҳол, муовини раиси сенати Афғонистон Муҳаммадолим Эзидёр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Чин метавонад бо истифода аз нуфузаш бар Покистон, Толибонро ба мизи музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон ҳозир кунад.

Аммо оқои Эзидёр таъкид кард, ки ҳар иқдому талош барои овардани сулҳ дар Афғонистон бояд бетарафона ва ошкор бошад: "Ба овардани сулҳ ва амнияти дар Афғонистон ҳар ҷонибе, ки бетарафона вориди амал шавад, мо мардум Афғонистон аз он истиқбол мекунем. Аммо шарт ин аст, ки барномаи музокироти тарафайн бояд рӯшан бошад ва гуфтугӯҳо дар пушти парда набошад, балки дар пеши чашми мардуми Афғонистон сурат бигирад."

Оқои Эзидёр ҳукумати қаблии Афғонистонро дар таъмин ва барқарории сулҳу субот ва анҷоми муваффақонаи гуфтугӯҳои сулҳ бинобар надоштани як барномаи рӯшан ва ягона, ноком хонд.

Чин дар ҳоле аз омодагӣ барои миёнаравӣ дар раванди сулҳи Афғонистон хабар додааст, ки ахиран гузоришҳое ба нашр расиданд, ки гӯё як ҳайат аз Толибон ба раҳбарии Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф, вазири плон ё барномарезии режими Толибон дар моҳи ноябри соли 2014 ба Қатар ва Покистон рафтааст. Тибқи гузоришҳо, оқои Ҳаниф сипас барои гуфтугӯ ва шарҳи мавқифи Толибон, ба Чин низ сафар кардааст.

Вазири умури хориҷӣ дар режими Толибон.
Вазири умури хориҷӣ дар режими Толибон.

Мақомоти режими пешини Толибон низ музокироти ғайримустақимро барои амалӣ шудани сулҳ дар Афғонистон, муассир медонанд. Мавлавӣ Вакил Аҳмад Мутаваккил, вазири умури хориҷии режими Толибон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ нақши Чин дар музокироти сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибонро муҳим хон: "Баъд аз ин, ки давлати Афғонистон бесаброна паймони амниятӣ ва дифоиро бо Амрикоиҳо имзо карданд, имкони инро то ҳадде аз байн бурд, ки музокироти рӯ ба рӯ оғоз шавад. Ҳоло зарур аст, ки ба таври ғайримустақим сурат бигирад. Дар ин шакке нест, ки сулҳ осон нест, аммо номумкин ҳам нест."

Вакил Аҳмад Мутаваккил ҳамчунон гуфт, ки ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон бояд бо як дидгоҳ ва барномаи ягона дар гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон, ворид шавад. Ашрафғанӣ Аҳмадзай пас аз оғози кораш ба унвони раиси ҷумҳури Афғонистон, ҳамеша ба овардани сулҳ доимӣ дар кишвараш таъкид карда ва нақши Чинро дар ин замина муҳим хондааст.

Шуморе аз коршиносони афғон ҳам мегӯянд, ки Чин метавонад бо истифода аз нуфузаш бар Покистон, Толибонро ба мизи музокирот бо ҳукумати Афғонистон фаро хонад. Ин коршиносон ҳамчунон мегӯянд, ки ҳукумати Афғонистон барои анҷоми муваффақонаи гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон, ба як стратегияи ягона ва муносиб ниёз дорад.

XS
SM
MD
LG