Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори раҳбари Чин аз протектсионизм дар тиҷорати ҷаҳонӣ. ВИДЕО, САДО


Президенти Чин Сӣ Ҷинпин дар муроҷиат ба давлатҳои хориҷӣ гуфт, ки ба хотири таъмини рушди иқтисоди ҷаҳонӣ “шаффофияти бештар ва ҳам ҳамкории наздиктари” байни кишварҳо зарур аст. Вай инчунин гуфт, ки кишварҳои ҷаҳон набояд ба протексионизм ё ҳимояти тавлидоти дохилӣ роҳ диҳанд. Раҳбари Чин бо чунин паём рӯзи 15 май дар Пекин, дар баробари 29 президенти кишварҳои Осиё, Аврупо ва Африқо суханронӣ кард, ки барои ширкат дар ҳамоиши дурӯзаи барномаи “Як камарбанд ва як роҳ” ҷамъ омада буданд. Нозирон ин тарҳро роҳи навбатии афзоиши нуфузи тиҷоративу геополитикии Чин дар ҷаҳон арзёбӣ мекунанд.

Протексионизм як падидаи маъмулӣ шудааст ва идеяҳои шаффофият ва тиҷорати озод рад мешавад. Владимир Путин

Лаҳзае, ки Сӣ Ҷинпин дар паҳлӯи президенти Русия Владимир Путин нишаста буд, гуфт, “дар ҷаҳони дар ҳоли рушду пешрафт, дар шароити вобастагӣ аз ҳамдигар ва чолишҳо, ҳеҷ кишваре наметавонад мушкилотро ба танҳоӣ ҳаллу фасл кунад”.

Рӯзи 15 май президенти Чин ихтисоси 124 миллиард доллар маблағро ба ташаббуси нави тиҷоратии худ ваъда дод. Ин роҳ қарор аст Африқоро бо Осиё ва Аврупо тавассути шабакаҳои бандарӣ, роҳҳои оҳану мошингард ва паркҳои саноатӣ бипайвандад.

Ҳушдори раҳбари Чин аз протектсионизм дар тиҷорати ҷаҳонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00
Линки мустақим

Пекин дар талоши ин аст, ки дар бозори озоди тиҷоратӣ мавқеи аввалро касб кунад, дар ҳоле, ки президенти ИМА Доналд Трамп гуфтааст, дар ин самт манфиатҳои Амрико бояд дар мадди аввал қарор бигирад.

Яке аз аввалин иқдомҳои Доналд Трамп дар мақоми президенти ИМА берун шудан аз созиши тиҷоратии байни кишварҳои атрофи уқёнуси Ором гардид, ки Вашингтон замони раҳбарии Барак Обама ба он ҳамроҳ шуд, вале ҳеҷ гоҳ мувофиқати Конгрессро ба даст наоварда буд.

Русия ба ташаббуси “Як камарбанд ва як роҳ” мӯҳтотона вокуниш кард, чун ба қавли таҳлилгарон, ин тарҳ нуфузи Пекинро дар минтақаҳои мисли Осиёи Марказӣ, ки зери назари Маскав мебошанд, афзоиш хоҳад дод.

Арзёбии "Як камарбанд ва як роҳ" дар нишасти сарони кишварҳои олам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00


Вале дар суханрониаш рӯзи 15 май дар Пекин президент Владимир Путин аз ин ташаббус пуштибонӣ кард ва гуфт, ки Русия ният дорад дар ин тарҳ пурра ширкат кунад. Путин гуфт, ки дар шароити чолишҳои имрӯзаи иқтисодӣ ҳамкорӣ хеле зарур аст. Вай гуфт:

“Дар кишварҳои зиёд консепсияи таъсиси як кишвари иҷтимоӣ ҳам, ки дар қарни 20-ум арзи ҳастӣ кардааст, дучори бӯҳрон мешавад. Ин консепсия на танҳо рушди тадриҷиро таъмин карда наметавонад, балки вазъро дар шакли пешинааш бозмедорад. Ба назар мерасад, ки фазои иқтисодиву технологии ҷаҳонӣ бо хатари таҷзия рӯбарӯ мешавад. Протексионизм як падидаи маъмулӣ шудааст ва идеяҳои шаффофият ва тиҷорати озод рад мешавад”.

Дар миёни раҳбарони ҷумҳуриҳои дигари собиқи шӯравӣ дар ҳамоиши Пекин президентони Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон – Алмосбек Отамбоев ва Беларус – Александр Лукашенка иштирок карданд. Ҳукуматҳои ғарбии назири Бритониё, Фаронса ва Олмонро раҳбарони калони соҳаи молии ин кишварҳо намояндагӣ карданд. Аз ИМА мушовири аршади Кохи Сафед иштирок дошт.

XS
SM
MD
LG