Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушӣ ва худсӯзии беш аз 300 нафар дар ним сол. Чаро онҳо аз ҷони азизи хеш безор шуданд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

10-уми сентябр Рӯзи ҷаҳонии пешгирӣ аз худкушист. Бино ба иттилои Кумитаи занон ва оила, дар шаш моҳи аввали имсол 312 кас худкушӣ ва худсӯзӣ кардаанд ва ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9 ҳолат кам аст. Дар гузорише аз як зан, ки замоне қасди худкушӣ дошт ва мутахассисону равоншиносон пурсидем, ки чаро баъзе афрод қасд ба ҷони худ мекунанд? Рафтори онҳо беморист, эътироз ба атрофиён ё тоб наовардан ба мушкилҳои зиндагӣ?

Чанд сабабе, ки Маҳинаро ба фикри худкушӣ бурдааст

Маҳинаи 33-сола аз деҳаҳои атрофи Душанбе шаш сол боз талош дорад, ки соҳиби замин ва хонаи худ шавад. Ин мавзуъ барояш бениҳоят муҳим ва ягона роҳи пайвастан бо фарзандонаш аст. Ҳоло аз ду фарзандаш ҷудо дар хонаи падар зиндагӣ дорад.

Ҷудоӣ аз фарзандон, фишору мушкилот дар хонаи падар ва ноумедиву бехонагӣ чанд бор Маҳинаро ба фикри худкушӣ бурдааст. Ӯ соли 2014 аз шавҳар ҷудо шуд, ду фарзандашро дар тарбияи шавҳари собиқ ва хушдоманаш гузошт. “Бори охир вақте ба мактаб ба хабаргирии писарам рафтам, гуфтам, ки ҳатман якҷо мешавем. Вале эҳсос кардам, ки дигар умед надорад ва бо ман хуб гап назад. Аз наздаш гиря карда омадам”, -- нақл кард ӯ.

Маҳина омӯзгори мактаб аст ва бо талошу навбатпоии зиёд як порча замин гирифтааст. Аз бонк 10 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, хостааст, сохтмони хонаро оғоз кунад, аммо мақомот иҷозат надодаанд. Ӯ акнун қарздор ва ҳайрон мондааст.

"Гуфтанд, бояд мубориза барам, на ин ки худкушӣ кунам кунам"

Маҳина пас аз синфи 9-ум оиладор шудааст ва мегӯяд, ба шиканҷаи шавҳар тоб наовард ва аз ӯ ҷудо шуд. Дар хонаи падар ҳам зиндагии осуда надорад, акнун ҳар қадамаш зери назорат аст ва барои таҳсил ва кор кардан ҳар рӯз гап мешунавад.

Ин мусоҳиби мо мегӯяд, вақте кас дар зиндагӣ озору азият мебинад ва шахсони наздикаш ҳам ӯро дарку дастгирӣ намекунанд, дар бунбаст қарор мегирад ва роҳе дигар ба ҷуз аз қасди ҷони худ намебинад: “Шабу рӯз гиря мекардам, умедамро аз зиндагӣ кандам. Гуфтам, дигар барои чӣ зиндагӣ кунам? Ҳамсояҳо омаданду бисёр насиҳат карда, гуфтанд, ки дар ҳаёт бояд мубориза барӣ ва ба гиряву худкушӣ фарзандонро ба даст намеорӣ.”

Ҳамтақдирони Маҳина дар Тоҷикистон кам нестанд. Ин гурӯҳи занон вақте дар баробари мушкилоти беохири зиндагии худ, дигар роҳе намебинанд, қасд ба ҷони худ мекунанд. Ҷомеашиносон мегӯянд, худкушӣ дар аксар ҳолат, натиҷаи хушунатҳои хонаводагӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ аст.

"Бонги хатар аст"

Марям Давлатова, равоншиноси тоҷик, рӯзи 10-уми сентябр дар суҳбат бо мо гуфт, “рафтор ва ҳолати заноне ба мисли Маҳина бонги хатар ба ҷомеа аст”. “Вале баъзан одамеро, ки ба ҳадди охир расида истодааст, намешунавем. Ҳамон телаи охиринро мо мекунем. Аз ин рӯ, бисёр муҳим аст, ки нафаре пайдо шаваду онҳоро шунавад. Баъзан кумак ҳам лозим нест. Як касе лозим мешавад ки бо ним соат ё даҳ дақиқа бо ӯ суҳбати меҳрубонона кунад ва аз ин қадам ӯро баргардонад”, -- мегӯяд Марям Давлатова.

Ӯ ба заноне, ки дар ҳолати афсурдагӣ ҳастанд ва зиндагӣ дар назарашон маънии худро гум кардааст, чанд усули соддаи то ҷое раҳо шудан аз ин ҳолатро машварат медиҳад. Рӯйи коғазу дафтар овардани тамоми дарду алами худ ва баъдан оташ задани он, ба гуфтаи равоншинос, яке аз ин роҳҳо аст, ки метавонад дарди онҳоро сабуктар кунад: “Коғаз ҳама чиро мебардорад, агар аз касе ранҷида бошеду хоҳед суханҳои бад гӯед, он ҷо нависед. Касе онро намебинад. Баъд метавонед онро пора-пора карда, оташ занед. Сӯхтанашро тамошо кунед, дилатон холӣ мешавад. Ё дарди дилатонро ба обу дарё бигӯед, фарёд кашед, гиря кунед. Намоз хонед. Андак-андак сабук мешавед ва қароре, ки ба Шумо лозим аст, пайдо мешавад.”

"Вақте касе онҳоро нашуниду аз ҳолашон напурсид..."

Мутахаcсисон мегӯянд, қасди худкушии махсусан занон ин як навъи эътироз ва ҷазо додани атрофиён аст. Онҳо дар ҳолати шадиди афсурдагӣ ва нотавонӣ бо ин шева норозигии худро баён мекунанд.

Хуршед Қунғуротов, сармутахассиси бахши бемориҳои равонии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳолати онҳоро чунин тасвир кард: “Депрессия ё ғамбеморӣ яке аз нишонаҳои наздик ба бемории руҳӣ ё асаб аст. Ин ҳолат то як вақти муайян контрол мешавад, аммо вақте 6-7 моҳ давом кард ва касе онҳоро нашуниду аз ҳолашон напурсид, кор бо фоҷиа меанҷомад. Дигар одам аз уҳдаи идораи ҳолати худ намебарояд.”

Қунғуротов аз шеваҳои худкушии занон бо фарзандон дар солҳои ахир ёд оварда, гуфт, бархе бо ҳадафи ҷазо додани атрофиён роҳҳои хеле тарснокро пеш мегиранд. Ба гуфтаи мутахассис, барои пешгирӣ аз ин ҳолатҳо бояд дар минтақаву ноҳияҳо, духтурони оилавӣ, пешвоёни дин ва равоншиносону кормандони иҷтимоӣ ҷиддан кор баранд.

Мақомот дар Тоҷикистон барномаи махсуси пешгирӣ аз худкуширо қабул кардаанд. Иҷрои он то соли 2023 дар назар аст.

Ҳарчанд дар як соли ахир мақомот аз кам шудани мавридҳои худкушӣ хабар медиҳанд, ҷомеашиносон мегӯянд, бо вуҷуди нигарониву барнома ва марказҳое, ки барои кумак ба занони хушунатдида фаъолият доранд, пайваста хабари худкушии зан ва ё модаре бо чанд фарзанд расонаӣ мешавад.

Маҳина, мусоҳиби мо, ки борҳо қасд ба ҷони худ кардааст, мегӯяд, ҳоло тамоми дарду аламашро дар дафтаре иншо мекунад ва тасмим дорад зиндагии пурпечутоби худро дар китобе нашр кунад, то барои дигарон дарс шавад.

XS
SM
MD
LG