Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор талаби як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон


Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба талаби як гурӯҳи мухолиф маълум нест
Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба талаби як гурӯҳи мухолиф маълум нест

Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, аз Амрико, Канада, Бритониё ва чанд кишвари дигари аврупоӣ хостааст, ки аз пешниҳоди муколама байни онҳову ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кунанд, то аз нооромии эҳтимолӣ пешгирӣ шавад.

Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, рӯзи 15-уми октябр дар номае ба ҳукуматҳои ғарбӣ гуфтааст: “Дар дохили Тоҷикистон буҳрони иқтисодӣ, фасод, ҳукумати хонаводагӣ ва амалҳои саркӯбгаронаи режими Эмомалӣ Раҳмон алайҳи мухолифони сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил хуб маълуманд ва аз ҷониби ҷомеаи байнулмилалӣ ҳуҷҷатгузорӣ шудаанд...”

Вай иддао кардааст, ки “роҳҳои осоишта барои ҳалли буҳрон амалан дигар вуҷуд надоранд” ва бисёре аз шаҳрвандон “ба имкони тағйироти демократӣ дар Тоҷикистон боварии худро аз даст додаанд”. Бинобар ин, ширкати фаъолонаи ҷомеаи байнулмилалиро барои “пешгирӣ аз нооромӣ ва таъмини субот дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон” муҳим хондааст.

Раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, қароргоҳаш дар Амстердам, афзудааст, ҳангоми идомаи буҳрон ва набудани ислоҳоти муассир “кишвар метавонад дар остонаи бесуботӣ қарор гирад.” Ин ҳолат, ба иддаои ӯ, “боис ба мавҷи гурезаҳо ва тақвияти гурӯҳҳои ифротгаро мегардад.”

Вай дар давоми нома аз Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои аврупоӣ хостааст, барои озодии фаврӣ ва бечунучарои зиндониёни сиёсӣ талош карда, монеи саркӯби рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шаванд.

Таъмини озодии баёну кори расонаҳои мустақил, барҳам додани қонуну санадҳои мухолифи меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон ва ташкили интихоботи озоду шаффоф бо иштироки ҳама нерӯҳои сиёсӣ аз хостҳои дигари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд аст.

Бархилофи арзёбии созмону кишварҳои ғарбӣ, ҳукумати Тоҷикистон ва ҳампаймонҳояш ба мисли Русияву Чин интихоботҳои гузаштаро дар ҷумҳурӣ озоду шаффоф хондаанд. Мақомот будани зиндониёни сиёсиро низ инкор мекунанд.

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

“Мо зарурати ба ҷавобгарии байнулмилалӣ кашидани гунаҳкорони нақзи системавии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон ва атрофиёни ӯро таъкид мекунем. Ин ҷиноятҳо на танҳо бояд ба чораҳои сиёсӣ ва дипломатӣ, балки ба муҳокимаҳои додгоҳӣ дар доираи ҳуқуқи байнулмилалӣ кашида шаванд,” – гуфтааст Шарофиддин Гадоев.

Даъват ба муколама байни мухолифони ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 1-уми октябри имсол аз тарафи Ҷунбиши ислоҳот ва рушд дар нишасти Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Лаҳистон (Полша) садо дод. Мақомоти Тоҷикистон дар нишаст набуданд. Дертар вокуниш ҳам накарданд. Маълум нест, ки гурӯҳҳои дигари мухолиф дар хориҷа аз ин ташаббус ҳимоят мекунанд ё не.

Қаблан чанд созмони ғарбӣ хоҳони маҳдудиятҳо ба зидди мансабдорон дар Тоҷикистон шуданд. Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ дар моҳи майи 2024 аз ҳукумати Иёлоти Муттаҳида хост, алайҳи он идора ва мансабдорони Тоҷикистон, ки дар поймол кардани озодии динии сокинон нақш доранд, таҳримҳои ҳадафманд (мақсаднок) ҷорӣ кунад.

То ин дам баъзе аз гурӯҳҳои алоҳидаи мухолифини тоҷик низ аз ҳукумату созмонҳои ғарбӣ хостаанд, ки ҳангоми мулоқот бо намояндагони Тоҷикистон масъалаи риояи ҳуқуқи инсонро гӯшзад кунанд. Натиҷаи ин дархостҳо маълум нест ё ҳадди ақал расонаӣ нашудааст

XS
SM
MD
LG