Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фурӯшгоҳи марказӣ" дубора давлатӣ шуд


Ширкати саҳҳомии "Фурӯшгоҳи марказӣ"-и Душанбе маъруф ба "ЦУМ", бо қарори додгоҳ дубора ба моликияти давлатӣ табдил дода шуд.

Фурӯшгоҳи марказии Душанбе маъруф ба "ЦУМ", бо қарори додгоҳи иқтисодии пойтахт дубора ба моликияти давлатӣ табдил дода шуд.

Зумрад Одиназода, додраси додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ рӯзи ҷумъаи 27 ноябр бо қарори худ ва бар асоси шикояти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Фурӯшгоҳи марказиро моликияти давлатӣ эълон кард.

Ин фурӯшгоҳ, аз соли 1993 то соли 2003, яъне тӯли даҳ сол тадриҷан ба моликияти саҳҳомӣ бадал шуда буд. Саҳмияҳои "Фурӯшгоҳи марказӣ" дар дасти одамони алоҳида, вале умдатан дар дасти худи кормандони ҳамин муассиса мебошад. Баҳс миёни Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо ширкати саҳҳомии "Фурӯшгоҳи марказӣ" аз чанд сол ба ин тараф идома дошт.

Масъулони ширкати саҳҳомии "Фурӯшгоҳи марказӣ" қаблан гуфта буданд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон раванди хусусигардонии ин фурӯшгоҳро таҳқиқ мекунад. Мақомоти тафтишот баъд аз бисту ду соли хусусӣ шудани Фурӯшгоҳи марказӣ мегӯянд, ки моликони он ва ҳам Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ин муассисаро нодуруст хусусӣ кардаанд.

Ин фурӯшгоҳ дар авоили соли 2011 низ бар асоси шикояти як саҳомдори асосиаш аз сӯи Додгоҳи иқтисодии Душанбе барои муддате баста шуда буд. Додгоҳ чунин қарорро бар асоси даъвои шахсоне, ки 13 дарсади саҳмияҳои фурӯшгоҳи бузургро дар ихтиёр доштанд, қабул карда буд.

Дар "Фурӯшгоҳи маркази"-и Душанбе ҳудуди 200 нафар, ба шумули кормандони идорӣ, соҳибкорон ватанӣ ва хориҷӣ машғули кор ҳастанд. Фурӯшгоҳи бузурги Душанбе дар соли 1960 бунёд шуда, дар оғози замони бозоргонӣ, савдои озод ва истиқлоли Тоҷикистон муҳимтарин маркази савдо дар кишвар буд.

Аммо дар чанд соли охир бо рӯи кор омадани марказҳои бузурги савдо дар шаҳри Душанбе, назири бозорҳои "Саховат", "Султони Кабир" ва "Корвон", мафҳуми "фурӯшгоҳи бузург" ҷои худро ба бозорҳои бузурги шарқӣ дод.

XS
SM
MD
LG