Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

C5+1. Шакли нави ҳамкориҳои Осиёи Миёна ва Амрико


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ чаҳорчӯбаи нави ҳамкорӣ барои баррасии масъалаҳои минтақавиро муқаррар кардаанд. Ин шакли нави ҳамкориҳо С5+1 ном гирифтааст.

Рӯзи шанбеи 26-уми сентябр дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керри бо ҳамтоёнаш аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон баргузор шудааст. Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ дар мулоқоти Ню-Йорк бо Ҷон Керрӣ ширкат доштааст.

Тибқи иттилои вазорати умури хориҷии Амрико, дар ин мулоқот чаҳорчӯбаи нави ҳамкорӣ барои баррасии масъалаҳои минтақавӣ муқаррар шудааст. Ин чаҳорчӯба ё шакли нави ҳамкориҳо С5+1 (панҷ бар иловаи як) ном гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот аз ҷумла роҳҳои ҳамкории муштарак барои рафъи хатарҳои амниятӣ ва роҳҳои рушди иқтисодӣ баррасӣ шудаанд. Вазири умури хориҷии Амрико бо ҳамтоёнаш аз Осиёи Миёна дар бораи имкони баргузории баррасиҳои оянда дар чаҳочӯбаи С5+1 ё панҷ бар иловаи як ба тавофуқ расидаанд, ки он бар иловаи тамосҳои дуҷониба сурат хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо бахусус аз ноамниҳо дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақаи Осиёи Миёна нигаронӣ кардаанд. Ширкатдорони ин нишаст ҳамчунин дар роҷеъ ба беҳтар кардани иртиботи иқтисодии минтақа ва дигар кишварҳои Осиё ва Аврупо табодули андеша намуданд.

Ба иттилои вазорати умури хориҷии Амрико, Ҷон Керри мувофиқат кардааст, ки масоили мавриди назар дар оянда дар нишасти вазирони умури хориҷии Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Миёна ва ҳамчунин дар чаҳорчӯби нишастҳои дуҷониба, мавриди баррасӣ қарор бигиранд.

Мулоқоти вазири умури хориҷии Амрико бо ҳамтоёни худ аз панҷ кишвари Осиёи Миёна дар ҳолест, ки ба дунболи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, нигарониҳо аз вазъи амниятӣ дар минтақа бештар шудааст. Раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна ҳамвора аз вазъи амниятӣ дар Афғонистон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои эътилоф нигаронӣ кардаанд.

Аз сӯи дигар, ҳузури густурдаи ҷангиён аз кишварҳои Осиёи Миёна дар сафҳои гурӯҳҳои тундрав чун Таҳрики Толибон ва Ал-Қоида, ба нигаронии мақомоти кишварҳои минтақа афзудааст. Се кишвари Осиёи Миёна -- Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон бо Афғонистон марзи муштарак доранд.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида барои тақвияти марзи ин кишварҳо бо Афғонистон, мусоидати техникӣ ва низомӣ намудааст. Аз ҷумла тайи чанд соли ахир ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кӯмакҳо техникӣ, аз қабили мошинҳои роҳпаймо, мошинҳои сабукрав ва ҳамчунин таҷҳизоти тактикӣ, ироа кардааст.

Зимнан, ҳамкории низомии ИМА бо Тоҷикистон муддати 12 соли ахир идома дорад ва он дар чорчӯби баргузории давраҳои омӯзишӣ барои кормандони сохторҳои қудратӣ, тармиму бозсозии иншоотҳо ва ироаи таҷҳизоти мухобиротӣ ва ғайра густариш пайдо кардааст.

ИМА аз соли 1993 то кунун ба Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллар дар бахшҳои мухталиф, назири рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, маорифу беҳдошт ва амният кӯмак кардааст.

XS
SM
MD
LG