Волидони Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ҳаҷвнигорони КВН-и Тоҷикистон баъди наздики се моҳ тавонистанд бо ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Хуҷанд мулоқот кунанд. Падари Мирсаидов мегӯяд, ки бо писараш рӯзи 5-уми март мулоқот кардааст. Ҳабибулло Мирсаидов гуфт, ки саломатии писараш хуб аст ва Хайрулло умед дорад, ки парвандаи ӯ аз рӯи адолат ва бидуни фишоре баррасӣ мешавад.
Боздошти Хайрулло Мирсаидов ва муттаҳам шуданаш дар нақзи моддаи мисли "барангехтани кинаву адовати миллӣ", ки мӯҳлатҳои тӯлонии зиндонро пешбинӣ мекунад, аз ҷониби созмонҳои мудофеи озодии баён интиқод шуд.
Хайрулло Мирсаидов рӯзи 8-уми декабр аз рӯи чор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла дар "барангехтани кинаву адовати миллӣ" гумонбар дониста шуд, ки ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, назири Нюман Райтс Вотч ва Кумитаи дифоъ аз журналистон, дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Иттиҳоми Мирсаидов зоҳиран ба саҳначаҳои ҳунарии тими КВН-чиҳои ӯ рабт мегирад. Мақомоти Додситонии кулл аз шарҳи ҷузъиёти парвандаи Мирсаидов худдорӣ мекунанд.
Падари Хайрулло Мирсаидов мегӯяд, умедвор ҳаст, ки дар мулоқот бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода метавонад қазияи фарзандашро матраҳ кунад. Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов рӯзи 9-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар давоми се моҳи боздошти писар, худи ӯ танҳо як бор моҳи январ ва модараш ду бор бо писар дидору гуфтугӯ кардаанд. Мулоқоти рӯзи душанбе аввалин дидори волидон бо писар дар дохили боздоштгоҳ будааст.
"Писарам дар вақти суҳбат хушҳол буд, хандида гап мезад, лекин аз ҷараёни тафтишот пурра розӣ нест ва интизор дорад ба парванда одилона тафтиш баранд",-гуфт вай. Ҳабибулло Мирсаидов афзуд, ки писараш аз шароити нигаҳдошт дар боздоштгоҳ шикоят надорад. Ба боздоштгоҳ ворид кардани маводи чопӣ, аз ҷумла нашрия манъ аст.
Дар ҳоле, ки вакили дифоъ ва мақомоти тафтишотӣ ҷузъиёти парвандаи Мирсаидовро шарҳ намедиҳанд, волидони журналисти боздоштшуда умедворанд, ки бо нав шудани раиси вилояти Суғд, дидгоҳи мақомот ба қазияи писарашон дигар мешавад. Бахусус, дар ҳоле, ки моҳи феврал Олим Зоҳидзода сардори собиқи Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аз вазифааш истеъфо дод. Мирсаидов дар як изҳороти чопии худ дар интернет иддао карда буд, ки гӯё Зоҳидзода барои пешкаши маблағи харҷи тими КВН аз ӯ талаби ришва кардааст. Зоҳидзода худро таҳқиршуда меномад.
Олим Зоҳидзода, сардори инак собиқи Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, охири моҳи декабри соли гузашта гуфт, агар Мирсаидов дар бораи гӯиё 1000 доллар ришва ба матбуот хабар намедод, нисбат ба вай тафтишот сурат намегирифт.
"Вақте дар матбуот хабари бардурӯғ дар мавриди ришватситонии ман пахш шуд, ҳатман барои ҳимояи шаъну шарафи худ ба Додситонии вилоят муроҷиат кардам. Хостам, сарфу харҷи маблағҳои ҳукумати вилоят ба КВН-ро тафтиш кунанд", - нақл карда буд Зоҳидзода ба Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ.
Аммо Аҳтам Абдуллозода рӯзи 12-уми феврал ҳангоми нишасти матбуотӣ гуфт, "Олим Зоҳидзода бо ихтиёри худ аз вазифа рафт ва иқдоми вай ба қазияи боздошти Хайрулло Мирсаидов рабт надорад." Абдуллозода афзуд: "Олим Зоҳидзода худаш бо хоҳиши худ ариза навишт ва хост, то аз ин мақом биравад. Бинобар ин, хоҳишаш қонеъ карда шуд".
Боздошти Хайрулло Мирсаидов ва муттаҳам шуданаш дар нақзи моддаи мисли "барангехтани кинаву адовати миллӣ", ки мӯҳлатҳои тӯлонии зиндонро пешбинӣ мекунад, аз ҷониби созмонҳои мудофеи озодии баён интиқод шуд.
Аз ҷумла, созмони Ҳюман Райтс Вотч ин қазияро пайгирӣ карда аз ҳукумати Тоҷикистон ҳам хостааст, ки дар расидагӣ ба ин парванда одилона рафтор шавад. Стив Свердлов, пажӯҳишгари ин созмон дар умури Осиёи Марказӣ гуфт, ки ҳабси Мирсаидов нақзи озодии баён ва фишор болои журналисти мунтақид аст ва ҳукумати Тоҷикистон бояд ӯро озод кунад.
Хайрулло Мирсаидов 39 сол дошта, дар гузашта ба ҳайси хабарнигори оҷонсии "Азия-Плюс" ва "Мавҷи Олмон" кор кардааст.