Дар пойтахти Тоҷикистон Ҳамоиши байналмилалии соҳибкорӣ “Душанбе−2015” рӯзи 14‑уми октябр бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ баргузор баргузор шуд.
Аммо соҳибкорони ширкатдошта дар ин ҳамоиш гуфтанд, интизор доштанд арзу шикоятҳояшонро бевосита ба унвони раисҷумҳур мерасонанд, аммо дар ин чорабинӣ мақомот ба онҳо чунин шароитро фароҳам накарданд.
Ҷӯрахон Шарипов, роҳбари “Союз−ЗАР”, ки ба истихроҷи металҳои қимматбаҳо дар ноҳияи Ховалинг машғул аст, рӯзи 14-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бисёр умед дошт, ки бо ширкат дар ин ҳамоиш имкон пайдо мекунад арзу шикояти худро бевосита ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бирасонад. Ӯ бо таассуф афзуд, ин гуна имконият ба соҳибкорон дода нашуд ва ҳамакнун ҳалли мушкили бо мақомот боз ҳам тӯл хоҳад кашид:
“Мо бо як соҳибкори қазоқ ҳамкорӣ дорем. Ӯ барои истихроҷи маъдан техникаву таҷҳизоти навро омодааст ворид кунад. Таҷҳизотҳо дар сарҳади Қирғизистон бо Тоҷикистон истодаанд. Аммо Кумитаи андоз чор моҳ мешавад, ки ширкати ин соҳибкорро ба қайд намегирад, то ин таҷҳизотҳо вориди кишвар шавад. Ҳол он, ки мувофиқи қонун, Кумитаи андоз бояд дар давоми 3 рӯз ширкатро ба қайд гирад.”
Шарипов афзуд, маҳз ба хотири расонидани ҳамин арзу шикоятҳо дар ин ҳамоиш ширкат кард, аммо мақомот имкони расонидани арзашро ба раисҷумҳур надоданд.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз мавориди пинҳон кардани даромадҳои соҳибкорон аз мақомоти андоз ва гумрук ва зарари чунин корҳо ба даромадҳои будҷаи давлатӣ, изҳори нигаронӣ кард.
Раисҷумҳур зимни суханронӣ дар Ҳамоиши байналмилалии соҳибкории “Душанбе-2015” гуфт, як қисме аз соҳибкорон ба қочоқи молу маҳсулот, рўйпўш намудани андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ, изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмон аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷетӣ даст мезананд. Ба таъкди ӯ, давоми солҳои 2011-2014 ва 9 моҳи соли 2015 ба маблағи 231 миллион сомонӣ зарари молиявӣ аз ҳисоби камомад ва талафи пулҳои будҷа аз сӯи ширкатҳои хусусӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ошкор шуд.
Нигаронии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳолест, ки соҳибкорони тоҷик аз боло будани мизони андозҳо, бархӯрди кормандони андоз ва гумрук ва инчунин тафтишоти пайдарпайи бахши хусусӣ, шикоят доранд.
Назира Раҷабова, молики килиникаи шахсии “Жасмин” дар Душанбе дар сӯҳбат бо “Озодӣ“ гуфт, мушкили аслии кори онҳо дар он аст, ки кормандони мақомоти гуногун пайёпай фаъолияти онҳоро тафтиш мекунанд. Вай афзуд, “корхонаи моро зуд−зуд мутахассисони Маркази эпидемилогӣ ва Додситонии кулл тафтиш мекунанд. Муносибаташон дағал аст, мисле ки мо ҷинояткор бошем. Ман ба онҳо мегӯям, ки магар мо ягон ҷинояткор ҳастем, ки тез-тез моро тафтиш мекунед?”
Зимнан, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханрониаш аз санҷишҳои паёпай ва беасоси мақомот нигаронӣ карда гуфт, кормандони мақомот набояд монеи кори соҳибкорон шаванд.
Дар раддабандии Бонки ҷаҳонӣ оид ба пешбурди бизнес Тоҷикистон дар мавқеи 166-ум қарор дорад, чунки пешбурди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон бо як зумра мушкилот ҳамроҳ аст. Мушкилтарин бахшҳои кори соҳибкорон дар Тоҷикистон, аз рӯи ин гузориш, тиҷорати байнисарҳадӣ, пардохти молиёт, гирифтани иҷозати сохтмон ва дастрасӣ ба нирӯи барқ номида шудааст.