Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбандӣ бо Тоҷикистон 700 ангишткани қирғизро бекор гузошт


Кони ангишти Сулуюкта беш аз 700 корманди худро бинобар баста будани марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ва ба фурӯш нарафтани ангишти он, муваққатан ба рухсатии бемузд фиристодааст .

Элдар Тоҷибоев, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи металлургияи кӯҳии Қирғизистон рӯзи 20-уми март бо таъйиди ин хабар ба расонаҳо гуфтааст, ки пас аз масдуд шудани марзи ду кишвари ҳамсоя, имкони содир кардани ангиш ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Вай гуфтааст, ки ширкатҳои истеҳсоли ангишти Ботканд, аз ҷумла
«Сулюктакомур», «Сулюкташахтакурулуш», «К.Раимбердиева», «Ак-Булак комур», «Нур», «Эркинкен», «Кызылбулак» ба мушкили амиқи молӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Зарари молии ворида бар асари ин бӯҳрон ба ин соҳа беш аз 18 миллион сомро дар бар мегирад.

Элдар Тоҷибоев, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи металургияи кӯҳии Қирғизистон гуфтааст, ки дар ду моҳи соли равон ангишканони вилояти Ботканд ҳамагӣ 12 ҳазор тонна ангишт ҳосил карданд, ки дар ҳамин давраи соли гузашта он ба 25 ҳазор тонна баробар буд. Вай аз мақомоти ҳукумати Қирғизистон даъват ба амал овардааст, ки дар зудтарин фурсат баҳси марзиро ҳал намуда ва роҳро боз намоянд.

Хабари ба рухсатии бемузди меҳнатии ангиштканони қирғиз дар ҳолест, ки ду рӯз қабл даҳҳо тан аз тоҷирон дар шимоли Тоҷикистон аз мақомот тақозо карданд, ки дар раҳоии молу колои онҳо, ки дар терминали Ӯши Қирғизистон банд мондаанд, мусоидат намоянд. Ба дунболи муноқишаи сарҳадӣ дар таърихи 11-уми январи соли равон, Қирғизистон роҳҳо ва гузаргоҳҳои марзиашро ба рӯи Тоҷикистон баст ва мизони табодули молу колу бо ҳамсоякишвари худро коҳиш дод.

То ба ҳол ҳеҷ яке аз ниҳодҳои Тоҷикистон зиёни аз марзбандиҳои Қирғизистон ба Тоҷикистон расидаро ҳисоб накардааст. Танҳо Оҷонсии омори Тоҷикистон, ахиран гузориш дод, ки содироти молу коло аз Қирғизистон ба Тоҷикистон дар як моҳи гузашта нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта худуди 90 дарсад коҳиш ёфта ва ҳамагӣ як миллиону 112 ҳазор долларо ташкил кардааст. Ин рақам дар моҳи январи соли 2013, ёздаҳ миллион долларро ташкил додааст.

Ҳамакнун марзбандии ҷониби Қирғизистон ба фаъолият дар бозорҳои Тоҷикистон асароти хешро расонидааст. Барои мисол маҳз пас аз ин марзбандиҳо камбуди як зумра анвои шоколадҳои маъруф назири Сникерсу, Баунти ва Марс дар дӯконҳои кишвар эҳсос мешавад. Ҳамчунин иддае аз соҳибкорон, ки дар гузашта аз Бишкек молу коло меоварданд, ру ба Чину Туркия оварданд.
XS
SM
MD
LG