Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди Тоҷикистону Узбекистон дар бораи "гӯсфанди бухороӣ" ба СММ


Акс аз Анҷумани муҳофизони табиати Тоҷикистон
Акс аз Анҷумани муҳофизони табиати Тоҷикистон

Тоҷикистону Узбекистон ва Эрон пешниҳод кардаанд, гӯсфандҳои бухороӣ, ки номи илмиашон “уриол” аст, ба рӯйхати даҳгонаи ҷонварҳои кӯчии дар ҳоли хатари Созмони Милали Муттаҳид дохил карда шаванд. Тасмими ниҳоиро дар ин бора аз 17 то 22-юми феврали имсол дар конфронси ҳифзи муҳити зисти СММ дар шаҳри Гандинагари Ҳинд мегиранд. Тоҷикистон умед дорад, ки баъди архар ваё гӯсфанди кӯҳиву бабри барфӣ, гӯсфандҳои шохдарози зебо ҳам мавриди таваҷҷӯҳ ва ғамхории хоси байналмилалӣ қарор мегиранд.

Ҳинд дархост кардааст, ки мурғи бузурги дуғдоғи ҳиндӣ, мурғи бенгалии дуғдоғ ва фили осиёӣ ба ин феҳрист ворид карда шаванд. Коста Рикаву Аргентина, Боливия ва Парагвай – ягуар, Бразилия – наҳанги сафед, кишварҳои аврупоӣ – дрофа (паррандаи хурд), Зеландияи Нав, Австралия ва Чили – албатроси антиподӣ ва Бразилия – моҳии чаккушро.

То ҳол ба рӯйхати мазкур номи 173 ҷонвар аз саросари ҷаҳон дохил шудааст.

Халил Каримов, раиси идораи “Сайду саёҳат” ва муҳаққиқи ҳаёти гӯсфандҳои кӯҳии Тоҷикистон, рӯзи 15-уми феврал гуфт, уриолҳо ҳамеша тағйири макон мекунанд ва агар тобистонро дар як гӯша гузаронанд, зимистон ба ҷойи дигар мераванд ва ҳеч марзу бумро намешиносанд.

“Гӯсфандҳои бухороӣ бештар дар нуқтаҳои марзӣ дида мешаванд. Масалан, дар байни сарҳади Тоҷикистону Узбекистон, Эрону Туркманистон, Покистону Ҳинд ва ҷойҳои дигар. Ҳамеша дар ҳоли муҳоҷират ҳастанд. Ворид кардани онҳо ба ин феҳрист барои амалӣ кардани барномаҳои вижаи ҳимояти ин навъи ҷонварҳо мусоидат мекунад”, -- гуфт ӯ.

Халил Каримов
Халил Каримов

Ба қавли Каримов, гӯсфанди бухороӣ гармиро дӯст медорад ва аз баромадан ба кӯҳҳои баланд парҳез мекунад ва дар “адиру пистазорҳои Шаҳритуз, Қабодиён, Бохтар, Сарсарак, Вахшу Ҳисор дида мешавад”.

Дар санадҳои СММ гуфта шудааст, шумори ин ҷонварон дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ ҳазорҳо сар ҳисоб шуда буд, аммо солҳои охир ба маротиб кам шудааст.

Уриолҳо ба таври гурӯҳӣ зиндагӣ мекунанд ва соле як бор аз як то се барра таваллуд мекунанд.

Халил Каримов мегӯяд, мисли ҷонварҳои дигар, уриолҳо як бахши муҳими экосистемаи табиӣ ҳастанд, аммо дар қарни 21 мисли бисёр ҷонварҳои ваҳшӣ бо хатари кам шудан рӯбарӯ ҳастанд.

Дар баробари ҳамлаи гургҳо ва гоҳе сагҳои чӯпонӣ, фаъолияти одамон, аз ҷумла, коҳиши чарогоҳҳо, ба нобудшавии онҳо таҳдид мекунад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG