Бар асоси ин санад, ки Радиои Озодӣ 3-юми ноябр бо он шинос шуд, нисфи буҷаи СҲШ-ро Русия, Чин ва Қазоқистон пардохт мекунанд. Ҳаҷми умумии буҷаи созмон маълум нест.
Дар санаде, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, саҳми даҳ кишвари узв дар иҷрои буҷаи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой чунин тақсим шудааст:
- Белорус - 5,8%
- Ҳиндустон - 5,9%
- Эрон - 5,8%
- Қазоқистон - 15,2%
- Чин - 17,6%
- Қирғизистон - 7,6%
- Покистон - 5,9%
- Русия- 17,6%
- Тоҷикистон - 6%
- Узбекистон - 12,6%
Дафтари марказии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Пекин, пойтахти Чин ҷойгир аст. Ҳаҷми умумии буҷаи ин созмон ва ҳамингуна чигуна сарф шудани он расонаӣ намешавад.
Намояндагони Русия гуфта буданд, бо сабаби таҳримҳои Ғарб, Маскав дар пардохти саҳмаш дар буҷаи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба мушкил рубарӯ шудааст. Бахтиёр Ҳакимов, намояндаи президенти Русия дар умури СҲШ моҳи октябри имсол гуфта буд, кишварҳои узв бояд ҳаққи узвияти худро дар СҲШ бо доллар пардохт кунанд, аммо бонкҳои Русия бо сабаби таҳримҳо наметавонанд ин маблағро саривақт ба Чин гузаронанд
Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой як созмони иқтисодӣ, дифоӣ ва амниятӣ аст, ки дар моҳи июни соли 2001 дар Шонгҳой Чин таъсис шуд. Дар оғоз Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон аъзои ин созмон буданд.
Дар ҳоли ҳозир ин созмон 10 узв дорад, ки Ҳинд, Покистон, Эрон ва Белорус ҳам узвияти онро ба даст овардад. Дар канори он Афғонистон ва Муғулистон аъзои нозири ин созмон ҳастанд. Баъди бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон, намояндагони Кобул ба ҷаласаҳои СҲШ даъват намешаванд.