Бо шурӯи эҳёи иқтисоди Чин ва наҷоти он аз пайомадҳои пандемияи коронавирус, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки печида ба мушкилотанд, эҳтимолан ҳарчи бештар аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ вобастаи Пекин шаванд.
Дар Чин дар қиёс бо дигар нуқоти ҷаҳон шумори ночизи сокинон бо коронавирус дастбагиребонанд ва зоҳиран ин кишвар нахустин иқтисоде дар ҷаҳон мешавад, ки аз осеби вируси ҳамагир раҳо хоҳад шуд. Вале вируси харобиовар домани кишварҳои Осиёи Марказиро сар намедиҳад ва бино бар пешбиниҳои Бонки Ҷаҳонӣ, иқтисоди ин кишварҳо ҷиддан осеб дида, шоҳиди поинравии нархи маводи хом, коҳиши интиқоли пулии муҳоҷирон ва то 5,4 дарсад кам шудани Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар минтақа мешаванд.
Чунин ҳолат Пекинро ба мададгори асосии табдил медиҳад.
Надеҷ Роллан, муҳаққиқи аршади Бюрои миллии пажӯҳишҳои осиёӣ ва собиқ мушовири умури Чин дар Вазорати дифои Фаронса аст. Ӯ дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “нишонаҳои зиёни дарозмуддати иқтисоди Чин аз пандемия ба чашм намерасад”. Ӯ афзуд, “Пекин ҳанӯз ҳам хостори дар садри умури байналмилалӣ дидани Чин аст ва беназмиҳои дар паи пандемия эҷодшуда барои расидани Пекин ба ин ҳадафҳо мусоидат мекунанд”.
Нуктаи муҳиме дар ин ҳолат нахустин мулоқоти Чин бо вазирони умури хориҷии Осиёи Марказист, ки рӯзи 16 июл тавассути як конфронси видеоӣ барпо шуд. Баҳси меҳварии онро ҳамкорӣ барои муқобила бо коронавирус ва наҷоти иқтисоди минтақа ташкил дод.
Буҳрони бесобиқа
Дар ҳоле, ки Чин як бозигари барҷастаи умури минтақа мебошад, ташкили ҷаласаи бахусусе барои вазирони ОМ талоши ин кишварро барои бархӯрди боз ҳам борику дақиқтар бо кишварҳо рӯшан ба намоиш мегузорад. То ҳол ин кишвар бо ҳар давлат дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва аҳдномаҳои дуҷониба муомила мекард. Ба иловаи ташкили маҳфили наве бо мақомоти Осиёи Марказӣ, дар авҷи пандемия Чин гӯё ташаббусро ба даст гирифт ва ба ирсоли кӯмакҳои зиёди башариву ҳайатҳои тиббӣ ва таблиғи фанновариҳои рақамӣ дар амри пешгирӣ аз паҳншавии вирус аз ҷойгоҳи худ хабар дод. Мавзӯи мубориза бо COVID-19-ро Чин ба сатҳи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баровард ва ба назар мерасад ин корро тавассути барномаи “Як камарбанд, як роҳ” ҳам анҷом доданӣ аст. Ин тарҳ, ки ба президент Сӣ Ҷинпин марбут аст, густариши нуфузи Чинро тавассути тарҳҳои зербиноӣ ва сармоягузорӣ ба минтақаи Авруосиё дар назар мегирад.
Вале пандемия бархе аз равишҳои сиёсиро ҳам тағйир дод, ки эҳтимолан барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам дар ояндаи наздик такондиҳанда шавад. Ин афзоиши ихтилоф дар равобити Чин ва ИМА аст.
Ҷанги сарди нав?
Чанд моҳи ахир равобит миёни Вашингтону Пекин дар масоили марбут ба Ҳонгконг, баҳри Ҷанубии Чин, поймолшавии ҳуқуқи инсон дар вилояти Шинҷон ва ҷанги дарозмуддати тиҷоратӣ бадтар шудааст.
ИМА дар тадбирҳои худ аз ин пеш рафт ва бо далелҳои амнияти миллӣ кишварҳои дигарро ҳам ба худдорӣ аз харидани маҳсулоти ширкати азими мухобиротии чинии Huawei водор кард. Моҳи июл Бритониё ҳам гуфт, ки вуруди маҳсулоти насли нави 5G-и ширкати Huawei-ро манъ мекунад ва Фаронса гуфт, ки истифода аз фанновариҳои Чинро ба шиддат маҳдуд хоҳад кард.
Раддубадалҳои дипломатии миёни Вашингтону Пекин дар ин охирҳо афзоиш ёфта, ба ихтилофҳои афзояндаи монанд ба Ҷанги сард ишора мекунанд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол тавонистаанд ба гунае дар равобит бо Пекину Маскаву Вашингтон баробариро ҳифз кунанд. Вале воқеият ин аст, ки вазни тарозу ба манфиати Чин сангинтар мешавад ва дар оянда ҳифз кардани ҳамсангӣ миёни ин ҳама қудратҳои ҷаҳонӣ барояшон мушкилтар хоҳад шуд.
Рафаэлло Пантуччӣ, муҳаққиқи аршади як Пажӯҳишгоҳи салтанатии Лондон дар сӯҳбат бо РАО/РО гуфт, “сиёсатгузории Чин ҳамоно ба самти ИМА аст ва ин ба он маъност, ки то рафт минтақа аз ҳамин зовия дида хоҳад шуд”. Ба гуфтаи ӯ, “Кишварҳои ОМ ҳеҷ гоҳ намехоҳанд, тараферо бигиранд, вале дар ҷаҳони дутақсим ба ин шакл мондан душвортар мешавад. Ин ба он маъност, ки ин кишварҳо бештар аз дурнамои Чин дида хоҳанд шуд”.
Бозии начандон калон
Нахустин дидори якҷояи вазири корҳои хориҷии Чин бо ҳамкоронаш аз Осиёи Марказӣ 16 июл аввалин мулоқоти ҳамсон бо қудратҳои беруна набуд.
Чунин ҳамоишҳое дар чаҳорчӯбе бо Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА вуҷуд дорад. Мулоқоти ахири котиби давлатии ИМА Майк Помпео бо вазирони кишварҳои ОМ дар чаҳорчӯби маҳфили маъруф бо номи С5+1 дар моҳи феврал баргузор шуд.
Дар ҳамин сафараш ба Қазоқистону Узбекистон Помпео ба ҳузури Чин дар ОМ муроҷиат кард ва дар заминаи афзоиши фасод, қарзҳои нопойдор, вазъи риққатбори мусалмонони Шинҷон, ки як миллион нафарашон бо амри Пекин дар урдугоҳҳо ҷой дода шудаанд, изҳори назар кард.
Вале ин сафаре, ки дар панҷ сол як бор сурат гирифт, маҳдудиятҳои ҳузури ИМА дар минтақаро ошкор намуд.
Баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ манфиатҳои ИМА ва наздикиаш бо ОМ бештар шуд ва замони шурӯи маъракаи зиддитеррористӣ дар Афғонистон афзоиш пайдо кард. Таваҷҷӯҳи Вашингтон ба минтақа аз он ҷо ҳам бештар шуд, ки Русияву Чин дар мавқеи рақобат барои нуфуз дар ОМ қарор гирифтанд. Вале боз ҳам бояд гуфт, ки ОМ дар садри сиёсати хориҷии Вашингтон қарор надорад.
Дар муқоиса, президенти Чин Сӣ Ҷинпин аз замони дар соли 2012 сари қудрат омаданаш то ҳол чандин бор ба ин кишварҳо сафар карда соли 2013 дар Қазоқистон барномаи “Як камарбанд, як роҳ”-ро муаррифӣ намуд.
Аз он замон то кунун Чин ба сармоягузори азими ОМ табдил шуд, чун бонкҳои давлатии он ба маблағгузории аксар тарҳҳои хатарнок дар минтақа пардохтанд. Ин ҳолат нуфузи Пекинро аз роҳи эҷоди имкониятҳои нав барои ширкатҳои чинӣ ҳам фарох кард.
Аз ҳамин роҳ аст, ки ҳоло Чин мехоҳад бо истифода аз пайомадҳои бебандубори пандемияи коронавирус нуфузи худро дар Осиёи Марказӣ ва фаротар аз он тавсеа диҳад.
Аз ҳоло чандин нашрияи давлатии чинӣ ба муаррифии бештари барномаи “Як камарбанд, як роҳ” ба унвони василаи эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ пардохтаанд.
Ролланд мегӯяд, ки ин барномаро Чин ба унвони васила ё мошине барои эъмори нуфузи бештараш дар ҷаҳони дар ҳоли рушд истифода мекунад.
Ӯ мегӯяд, “ин Ҷанги сард бо сохторҳои бисёр мушаххаси идеологиву ҷуғрофиёӣ нест. Он бештар ба як василаи нуфузи бисёр нармишпазир монандӣ дорад”. Ӯ афзуд: “Чин ҳанӯз дар фикри гегемонияи ҷаҳонӣ нест, балки бештар талош дорад як зернизоме ташкил кунад ва дар он як зумра кишварҳоеро қарор диҳад, ки ба дидгоҳҳояш мутобиқ бошанд”.
Саҳми Чин дар ОМ метавонад инчунин дар муқобили Русия ҳам афзоиш пайдо кунад, чун иқтисоди ин кишвар аз пандемия ҷиддан осеб дида қимати энержӣ ҳам поин омадааст. Маскаву Пекин дар солҳои охир то рафт наздиктар мешаванд ва дар андешаи тақсими доираи манфиатҳои худ дар ОМ мебошанд, вале шароити пандемия имкониятҳои Чинро дар ин корзор бештар мекунад.
Темур Умаров, муҳаққиқи масоили Чин ва ОМ дар Маркази Карнегии Маскав дар сӯҳбат бо РАО/РО гуфт, “солиёни зиёд аст, ки Чин дар минтақа бештар ба ҳалли мушкилоти иқтисодӣ банд буда, Русия масоили амниятиро ба ӯҳда гирифтааст, вале то рафт мебинем, ки ин ду хат ба ҳам наздик мешавад ва ба зудӣ бо ҳам хоҳанд омехт”.
Роҳи ноҳамвори абрешим
Дар ҳоле, ки иқтисоди Чин аз пандемия раҳо мешавад, ҳанӯз роҳи барқарории он номуайян аст. Ин дар ҳолест, ки то рафт бештар даъвати нав кардани нақшаи тақдими қарзҳо барои роҳҳои нақлиётӣ, нирӯгоҳҳо ва иртиботот садо медиҳад, чунки ин бахшҳо бо сабаби мушкилот дар иқтисоди Амрикои Лотинӣ то Африқо ва Ховари Миёна ноустувор ба назар мерасад.
Як таҳқиқи вазорати умури хориҷии Чин ошкор кард, ки бар асари пандемия 20 дар сади тарҳҳои марбут ба “Як камрбанд...” ва 30 то 40 дарсади тарҳҳои дигар то андозае осеб дидаанд.
Тарс аз уфти иқтисоди ҷаҳонӣ шарикони Чинро водор кард, ки иҷрои ин тарҳҳоро дар кишварҳояшон бозбинӣ кунанд ва эҳтимоли тағйири музокирот бар сари ин тарҳҳо ва ҳатто бекор шудани қисме аз онҳо вуҷуд дорад. Вале ҳоло ҳеҷ як тарҳи азими марбут ба “Як камарбанд...” бекор нашудааст ва барои ҳукумати Сӣ Ҷинпин он ҳамоно муҳим ва раҳбурдӣ боқӣ мемонад.
Вале саволи асосӣ ин мешавад, ки чӣ гуна Пекин ин тарҳҳоро дар фазои пандемияи коронавирус татбиқ хоҳад кард?
Ҷонатан Ҳиллман, раиси барномаи Ҳамоиши Осиё дар як маркази мутолеоти стратегиву байналмилалӣ дар сӯҳбат бо РАО/РО гуфт, “ҳатто пеш аз пандемия дар заминаи болоравии қарзҳову фасод ва муҳити андозбандӣ нигарониҳо вуҷуд дошт ва ҳоло вазъ аз он ҳам бадтар шудааст”. Ӯ гуфт, эҳтимолан мақомоти чинӣ бештар ба бозбинии тарҳҳо, на пешниҳоди тарҳҳои нав машғул хоҳанд шуд.
Дар ин охирҳо матбуоти давлатии Чин ба таблиғи ташаббусҳои начандон гарони ҷаҳонӣ пардохтаанд, ки ба фанновариҳову беҳдошт рабт доранд ва ё тарҳҳои хурди зербиноӣ мебошанд.
Чин аллакай пандемияро барои тамаркуз дар ташаббусҳои рақамии мисли тибби электронӣ, тиҷорати электронӣ, пардохту омӯзишҳои электронӣ истифода кард ва ба қавли таҳлилгарон, ширкатҳои чинӣ имконияти кофӣ доранд, ки ин ҳама бахшҳоро дар ОМ ҳам густариш диҳанд.
Зиёда аз ин, бо вуҷуди бархӯрди эҳтиёткоронаи Пекин ба барномаи “Як камарбанд...” Чин василаи тақрибан ягонаи таъмини маблағгузорӣ боқӣ мемонад, ки метавонад ҳукуматҳои ОМ ва Чинро ба ҳам наздик кунад. Ҳиллман мегӯяд, “ин барои Чин як имконият аст ва аз он истифода хоҳад кард”. “Вале ман интизори сохтмонҳои азим нахоҳам шуд, ин як марҳилаи нав барои Чин хоҳад буд”.