Вакилони Маҷлиси Намояндагон дар иҷлосияи рӯзи 22-юми ноябр тарҳи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2020-ро қабул карданд. Даромади буҷаи Тоҷикистон барои соли оянда 26 миллиарду 100 миллион сомонӣ (ҳудуди 2 миллиарду 600 миллион доллар) ва бахши хароҷот 26,4 миллиард сомонӣ муайян шуд. Ин дар ҳолест, ки дахлу харҷи буҷаи давлатӣ дар Тоҷикистон нашр намешавад ва дастраси ом нест.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, дар ҳузури вакилон гуфт, бахши даромади буҷаи кишвар дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 тақрибан даҳ дарсад бештар муайян шудааст.
Касри буҷа ва ё камомади маблағ ба тақрибан 350 миллион сомонӣ ва 0,4 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар баробар аст.
Қаҳҳорзода гуфт, камомади даромади буҷа аз ҳисоби "фурӯши амволи давлатӣ, қарз ва грантҳои созмонҳо ва давлатҳои хориҷӣ" рӯйпӯш мешавад. Мувофиқи қонуне, ки вакилон рӯзи ҷумъа тасвиб карданд, бахши бузурги даромади буҷа ва ё 17,9 миллиард сомонӣ аз ҳисоби андоз ба даст хоҳад омад.
Дар ин росто Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумон, гуфт, ки бино ба натиҷаҳои 9 моҳи имсол даромади буҷа аз ҳисоби андоз иҷро нашудааст ва дар буҷаи соли оянда нақшаи даромад аз андоз боз ҳам бештар муайян шудааст. Вай аз масъулони Кумитаи андоз пурсид, ки он чӣ гуна иҷро хоҳад шуд?
Дар ин иҷлосия раиси Кумитаи андоз ҳузур надошт ва муовини ӯ ба ин суол посухи рӯшан надод. Дар идома Зуҳуров аз вазъи ногувори соҳибкорон ва сарбории зиёди андоз низ ибрози нигаронӣ кард.
"Соҳибкорон аз кишвар баромад рафта истодаанд. Муносибат ба онҳо хуб нест ва ин ҷойи ташвиш аст", -- гуфт ӯ.
Файзиддин Қаҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, гуфт, буҷаи кишвар дар соли оянда ҳам хислати иҷтимоӣ дорад ва бахши бузурги хароҷоти буҷа ба соҳаи иҷтимоӣ равона мешавад. Ба таъкиди ӯ, хароҷоти ҳама соҳаҳои кишвар нисбат ба буҷаи имсола бештар таъйин шудааст, аммо беш аз ҳама соҳаи маориф маблағгузорӣ мешавад.
- 19 дарсади хароҷоти буҷаи соли 2020 ба соҳаи маориф равона карда мешавад.
- Тарҳи буҷаи соли 2020 бо назардошти қурби 1 доллар баробари 10 сомониву 20 дирам тарҳрезӣ шудааст.
Барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ба гуфтаи вазири молия, соли оянда аз буҷа 2,1 миллиард сомонӣ (баробар ба 210 миллион доллар) ҷудо мешавад. Буҷаи соли 2020 ба фарқ аз соли гузашта бинобар баргузории ду маъракаи сиёсӣ – интихоботи порлумонӣ ва президентӣ банди хароҷоти иловагӣ дорад.
Ба гуфтаи вазири молия, аз буҷаи соли 2019 низ барои омодагӣ ба интихобот каме маблағ пешбинӣ шуда буд ва дар буҷаи соли 2020 барои гузарондани ду интихобот беш аз 30 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
Вакилони Маҷлиси Намояндагон тарҳи буҷаи соли 2020-ро, ки ҳукумати Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ кардааст, бе ягон тағйир ҷонибдорӣ ва тасвиб намуданд.