Фаъолони Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҷиноҳи Маҳмадрӯзи Искандаров), аз ҷумла бародари Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - Темур Тошев, раиси бахши ҷавонони ин ҳизб - Синои Асаддулло ва фаъоли ин ҳизб Ҷамолиддин Назриев аз ҳукумати Шветсия паноҳандагии сиёсӣ хостаанд. Ин се нафар тахминан як моҳ пеш аз Тоҷикистон берун шуда, ҳоло дар шаҳри Стокҳолми Шветсия ба сар мебаранд.
Аризаи ин се нафар ба мақомоти муҳоҷирати Шветсия таслим шуда, ҳафтаи оянда қарор аст, ҷаласаи судӣ қазияи ин шаҳрвандони Тоҷикистонро баррасӣ кунад.
Ин дар ҳолест, ки ҳафт сол инҷониб Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон дар зиндон ба сар мебарад. Ӯро моҳи октябри соли 2005-ум аз рӯи панҷ моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла терроризм, бандитизм, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳу муҳофизон ва дуздии маблағи давлатӣ ба ҳаҷми бузург муҷрим шинохта, ба мӯҳлати 23 сол зиндонӣ кардаанд.
То ҳол ҷонибдоронаш маҳкумияти Искандаровро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Пас аз зиндонӣ шудани Искандаров ҳизби ӯ ду тақсим шуд ва онҳое, ки раҳбарии ӯро эътироф намекарданд, анҷуманеро барпо карда, Масъуд Собиров, як фаъоли пешини ин ҳизбро раис интихоб ва худи Искандаровро аз ин вазифа сабукдӯш карданд. Мунаққидон бовар доранд, ки пошхӯрии ин ҳизб наметавонист бидуни мудохилаи маъмурони давлат сурат гирад.
Бо ин ҳол, фирори се узви фаъоли Ҳизби демократ аз Тоҷикистон ва дархости паноҳандагии сиёсии онҳо дар як кишвари аврупоӣ бо ноқаноатмандии онҳо аз шароити сиёии кишвар ва ҳам таҳдид ба ҷонашон дар пасманзари фишор болои намояндагони мухолифин бастагӣ доштааст.