Додгоҳи шаҳри Қаракӯл дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон рӯзи 4 январ ҳукми аз ин кишвар ихроҷ кардани корманди кони тилои “Қумтор” Майкл МакФитро содир кард. Мадамин Азимҷонов, додраси додгоҳи Қаракӯл ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ин шаҳрванди Бритониё бояд ҳамин рӯз тарки Қирғизистон кунад. Майкл МакФит шаби 3 январ дар фурудгоҳи “Манас” боздошт ва ба Қаракӯл оварда шуд. Мақомот ӯро ба таҳрики адовати қавмиву нажодӣ айбдор карданд ва таҳқиқи парвандаашро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ пеш мебурд.
Макфит, ки дар ширкати канадагии Centerra Gold – молики кони тилои “Қумтор” кор мекард, рӯзи 31 декабр дар саҳифааш дар Фейсбук бо нашри аксҳо аз шабнишинии солинавии коргарони ин кон чучуқ, як навъи ҳасиби қазиро, ки мардуми қирғиз аз гӯшти асп таҳия мекунад, бо олати асб монанд кард ва навишт, ки гӯё қирғизҳо барои олати асп навбат истодаанд.
Чучуқ яке аз ғизоҳои маъруфи миллӣ бароли мардуми қирғиз ба ҳисоб меравад ва ба ин далел шарҳи Макфит дар бораи ин таом ва ташбеҳи чучуқ бо олати асп мавҷи норозигириҳо дар Қирғизистонро ба бор овард. Коргарони кони “Қумтор” низ рӯзи 2 январ бо талаби эҳтиром ба анъанаҳои мардуми қирғиз даст ба корпартоӣ зада, талаб карданд, ки раҳбарони корхона барои ин корманди худ узр бихоҳанд.
МакФит аз тариқи Фейсбук барои навиштаҳояш узр хост. Ӯ аз ҷумла навишт, “ман мехостам барои шарҳам дар бораи мардуми қироғиз ва олати асп узр бихоҳам. Ман касеро таҳқир карданӣ набудам ва самимона изҳори таассуф мекунам.” Бо ин вуҷуд, Майкл МакФитро баъди ин ҳодиса аз кор ҷавоб доданд, вале ӯ ҳангоми тарки Қирғизистон дар фурудгоҳ дастгир шуд.