Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Агар дору нахӯрад...” Боздошти як ҷавони мубталои ВИЧ дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пайвандони як ҷавони мубталои ВИЧ (вируси норасоии масунияти бадан), ки ба иттиҳоми итоат накардан ба амри милиса боздошт шудааст, аз идомаи табобати ӯ нигарон ҳастанд. Ба далелҳои қонунӣ, ному насаб ва макони зисташ фош намешавад. Додгоҳ рӯзи 19-уми июн ӯро 8 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум кард.

Пайвандони ин ҷавон рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, боздошти ӯ баъд аз баҳси хонаводагӣ миёни келину духтарони оила сурат гирифт. Вай писари хурдии хонадон будааст.

“Мақомот аввал гуфтанд, ки гуё янгаашро задааст, аммо ин исбот нашуд ва баъд гуфтанд, авбошӣ кардааст. Ин ҳам тасдиқ нагардид ва баъд ӯро ба итоат накардан ба амри милиса гунаҳкор карданд. Мо аз идомаи табобаташ хавотир ҳастем. Ӯ гирифтори бемории ВИЧ аст ва бояд ҳар рӯз доруҳояшро хӯрад,” -- гуфт яке аз пайвандони ҷавони боздоштшуда.

Наздиконаш гуфтанд, ӯ як сол пеш дар Русия ба вируси норасоии масунияти бадан олуда шуд ва ҳоло дар Тоҷикистон муолиҷа мегирад.

Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмӣ ба дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва додгоҳи ноҳияе, ки ҷавонро ба ҳабс маҳкум кардааст, муроҷиат кард. Масъулони додгоҳ тасдиқ карданд, ки ин ҷавон бо гуноҳи итоат накардан ба амри кормандони милиса ба 8 шабонарӯз ҳабс маҳкум шудааст. Дафтари матбуотии ВКД ба зангҳои мо посух надод.

Дар маркази пешгирӣ аз вируси норасоии бадан гуфтанд, ки аз қазия хабар доранд. Масъули ин марказ дар маҳалли зисти ҷавон гуфт, "баъди дастгир шудан хонаводааш доруҳои ӯро пайдо накарданд".

Ҳамсуҳбати мо дар ин марказ афзуд, “вақте доруҳояшро дар хона наёфтанд, ба назди мо омаданд ва мо барои даҳ рӯз доруҳоро додем. Дар бораи қазияи боздошташ зиёд намедонем, танҳо доруҳоро додем, ки ба ҷавон дар боздоштгоҳ дастрас кунанд.”

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, табобати гирифторони ВИЧ дар ягон ҳолат бояд қатъ нашавад. Дилафрӯз Самадова, вакили мудофеъ дар чанд парвандаи шахсони мубталои ВИЧ ширкат кардааст. Ӯ мегӯяд, барои шахсоне, ки ба вируси норасоии масунияти бадан гирифтор шудаанд, аз марказҳои ҷойи зисташон доруҳои зарурӣ пешниҳод мешавад.

“Ин доруро аз ҳар гуна дорухона ёфтан наметавонанд. Онҳо бояд дар як рӯз як дафъа истеъмол кунанд ва ин сарбории вирусиро паст мекунад. Агар дору нахӯрад, ин ба вазъи саломати бемор таъсири манфӣ мерасонад. Барои ҳамин доруҳое, ки барои шахси мубтало зарур аст, бояд дастрас карда шавад, агар дар ҳабс ҳам бошад,” -- таъкид кард ин вакили дифоъ.

Тибқи омори расмӣ, то аввали соли 2024 дар Тоҷикистон зиёда аз 16 ҳазор мубталои вируси норасоии масунияти одам сабт шудааст. Беш аз ҳазор маврид танҳо дар соли 2023. Ин вирус бадани одамро заиф мекунад. Шахсони мубталои ин беморӣ борҳо аз табъиз ва пастзанӣ дар ҷомеа шикоят кардаанд.

XS
SM
MD
LG