Мирзои Ҳоҷимуҳаммад (Мирзоқул Ҳоҷиматов), пизишк ва яке аз раҳбарони пешини ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро дорад, дар ноҳияи Ашт дастгир шудааст. Вакили мудофеъ Абдусалом Дадобоев гуфт, шахси зери ҳимояташ ба узвият дар созмонҳои мамнуъ гумонбар аст. Мақомот то ба ҳол шарҳ надодаанд, аммо пайвандонаш парвандаи зидди ӯро беасос медонанд.
Мирзои Ҳоҷимуҳаммад аз соли 2019 дар вилояти Тюмени Русия кору зиндагӣ мекард ва моҳи феврали имсол ба дидорбинии наздикон ба Тоҷикистон омада буд. Ба иттилои вакили мудофеъ, ӯ рӯзи 22-юми май дастгир шуда, феълан дар боздоштгоҳи муваққатӣ аст.
"Бар асоси моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон* муттаҳам аст", -- гуфт Абдусалом Дадобоев. Ин банди қонун аз панҷ то ҳашт соли маҳрумӣ аз озодиро дар назар дорад.
Баррасии парвандаро Додситонии ноҳияи Ашт анҷом додааст.
Мирзои Ҳоҷимуҳаммади 63-сола дар гузашта дар мақоми муовини раиси ҲНИТ дар вилояти Суғд кор карда, ба қавли наздиконаш, моҳи апрели соли 2015 "бо хоҳиши худ аз сафи ҳизб берун шуда буд".
Пайвандонаш мегӯянд, боздошти ӯ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки то соли 2017 дар Бемористони марказии ноҳияи Ашт кор карда, баъдан барои фаъолияту зиндагӣ ба вилояти Тюмени Русия кӯчид. Писараш Фарҳод Ҳоҷиматов рӯзи 24-уми май гуфт, "соли 2019 ба мақомоти Тоҷикистон ариза навишта буданд, ки фаъолияти сиёсӣ надоранд. Бемамониат ба ватан рафта меомаданд. Рӯзи 4-уми феврали имсол бе даъвати ягон кас барои хабаргирии наздикон рафтанд. Билети бозгашташон ба рӯзи 19-уми феврал харида шудааст, вале бо сабабҳои номаълум парванда кушоданд."
Ба иттилои наздикон, Мирзои Ҳоҷимуҳаммад дар пурсиши муфаттишон низ гуфтааст, ки фаъолияти сиёсӣ надорад ва бо аъзои пешини Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар иртибот нест.
Ӯ дар бештар аз як соли охир дар шабакаи Фейсбук гуруҳи "Тавсияҳо"-ро фаъол карда, дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз густариши коронавирус машваратҳо медод. Бори охир рӯзи 22-юми май дар онҷо матлабе гузошта, онро "Шояд охирсухане перомуни коронавирус" номидааст.
Ҳоло хонаводааш мехоҳанд, парванда ба зидди ӯ қатъ шуда, Мирзои Ҳоҷимуҳаммад барои идомаи кору зиндагӣ ба Русия баргардад. Соҳиби панҷ фарзанд аст.
Мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро дар кӯшиши табаддулоти моҳи сентябри соли 2015 гунаҳкор ва то кунун даҳҳо узв ва фаъолонашро боздошту зиндонӣ кардаанд.
Бархе аз аъзои он дар Аврупо паноҳанда шудаанд. Раҳбарони ҳизб даст доштани худро дар ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 рад кардаанд ва онро баҳонаи аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун рондани "дуюмин ҳизби сиёсии пуртарафдор" номиданд. Ин ҳизб дар соли 2015 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон ифротгаро ва террористӣ эълон ва фаъолияташ дар қаламрави кишвар манъ шуд.