Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боғчаҳо хусусӣ шуданд. Танҳо 10%-и хурдсолони Хатлон ба кӯдакистонҳо мераванд


Бозори ғайрирасмии занони коргар дар Хатлон. Акс аз бойгонӣ.
Бозори ғайрирасмии занони коргар дар Хатлон. Акс аз бойгонӣ.

Ҳар сол бо гарм шудани ҳаво ва мавсими ҷамъоварии ҳосил дар заминҳои кишти вилояти Хатлон масъалаи камбуди кӯдакистонҳо дар минтақа доғ мешавад. Бахусус ки бахши зиёди кори саҳроро занон анҷом медиҳанд ва онҳо намедонанд дар ин айём фарзандони хурдсолашонро дар хона монанд, ё бо худ ба саҳро баранд. Мақомот мегӯянд, феълан ҳамагӣ даҳ дарсади хурдсолон дар Хатлон ба кӯдакистонҳо дастрасӣ доранд.

Файзия Саломова, сокини 37-солаи водии Вахш, чаҳор фарзанди ноболиғ дорад ва дар як хоҷагии деҳқонӣ кор мекунад. Бо шурӯи гармӣ ва кор дар киштзорҳо, ташвиши ӯ дучанд мегардад.

"Бояд ҳам кор кунам ва ҳам ба кӯдакон нигоҳубин кунам. Баъзан фарзандонро дар ҳавлӣ гузошта, меравам. Аммо тамоми рӯз ҳушу ёдам ба онҳо банд аст, ки мабодо бо барқ бозӣ накунанд ё ҷоеро насӯзонанд ва ё аз баландие наафтанд. Ҷое зарур аст, ки кӯдаконро гузорем, то нигоҳубин кунанд",-нақл кард ӯ.

Ба монанди Файзия Саломова дар ин минтақа даҳҳо зани дигар айни мушкилро доранд. Онҳо мегӯянд, агар кӯдакистон ҳам мебуд дар давраи пандемияи коронавируси нав шояд мушкилро осон намекард, вале мехоҳанд мақомот аз пайи ҳалли он шаванд ва ё муваққатан дар мавсими кори саҳро ба нигоҳубини кӯдакон ёрӣ расонанд.

Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон дар гузориши соли 2019 гуфтааст, "новобаста аз андешидани тадбирҳо дар ин самт баъзе мушкилиҳо ҷой доранд. Нокифоя будани теъдоди муассисаҳои томактабӣ… аз ҷумлаи чунин мушкилот мебошанд."

Дар идораи маорифи вилояти Хатлон гуфтанд, ки камбуди боғчаҳои кӯдакон натанҳо дар деҳаҳо, балки шаҳру маркази ноҳияҳо низ вуҷуд дорад. Мушкили асосӣ ба қавли мақомот ин будааст, ки баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ бисёре аз биноҳои кӯдакистонҳоро ё хусусӣ кардаанд ва ё ба моликияти идораву корхонаҳои дигар табдил додаанд.

Як масъули идораи маорифи вилоят гуфт, дар 13 шаҳру ноҳияи Хатлон 19 кӯдакистон фурӯхта ё ғайриқонунӣ хусусӣ карда шудааст ва беш аз 10 кӯдакистонро ба ихтиёри идораҳои дигар додаанд. "Дар маҷмуъ, 38 кӯдакистон кор намекунад. Барқароркунии биноҳои боғчаҳо мушкили чандсола аст. Дар ин бора дар солҳои 2012-2016 қароре содир шуда буд, вале иҷро нашуд",- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Соли 2015 идораи маорифи Хатлон аз ҳукуматҳои шаҳру навоҳии вилоят талаб карда буд, ки бинои 44 боғчаи кӯдаконро баргардонанд, вале мушкил ҳанӯз ҳалношуда мондааст.

Мушкили боғчаҳои кӯдакон на танҳо дар вилояти Хатлон, балки минтақаҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Душанбе ҳам доғ аст. Баъзе аз волидон мегӯянд, барои роҳ ёфтан ба кӯдакистонҳои давлатӣ муддатҳо дар навбат меистанд ва баъзан ночор фарзандони худро ба бочғаҳои пулакӣ медиҳанд.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон соли 2019 беш аз 660 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 102 175 кӯдак фаъолият кардаанд.

Қаҳрамони гузориши мо Файзия Саломова мегӯяд, ин мавсимро низ бо илоҷе паси сар мекунад ва умед дорад, то соли дигар фарзандонаш бузургтар мешаванд, вале мехоҳад ин мушкил ба модарони ҷавони дигар ба мерос намонад. Чизе, ки мақомот ҳам мегӯянд, дар фикри ҳал карданаш ҳастанд, вале маълум нест кай.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG